Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2020

Новости за 27.05.2020

Равуои сокинонро дар байни ноҳияҳои Бадахшон маҳдуд карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) равуои сокинон аз ноҳияҳо ба шаҳри Хоруғро маҳдуд кардаанд. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон рӯзи 26-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус гирифта шудааст.

Бархе кишварҳо маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро бардоштанд

Ozodi.org 

Ҳукуматҳои аврупоӣ рӯзи душанбеи 25-уми май бархе аз маҳдудиятҳои ҷоришуда бинобар коронавирусро бардоштанд. Интизор меравад, ки маҳдудиятҳои бештар давоми ин ҳафта бардошта шаванд. Шумораи гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон аз панҷуним миллион нафар гузаштааст ва дар ҳоли ҳозир се кишвар -- Амрико, Бразилия ва Русия бештарин шумораи гирифторони ин бемориро доранд.

"Як гул баҳор нест" ё Чаро мансабдорони мо ба зудӣ “дигар” мешаванд?

Ozodi.org 

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав" Ҷамолиддин Абдуллозода вазири нави тандурустии Тоҷикистонро, ки бархе расонаҳо “вазири рӯзҳои сахт” ҳам унвон додаанд, ҳоло мисли як мансабдори дигаргуна муаррифӣ кардан мехоҳанд. Гоҳо хабар мехонем, ки ба беморони коронавирус шахсан тамоси телефонӣ доштааст, ё гӯё ногаҳон ба касалхона рафтаву бо вазъи онҳо бевосита ошно шуда. Ба расонаҳои, бигзор ҳукуматӣ ҳам, зуд–зуд мусоҳиба медиҳад. Дар асл ин рисолати иҷтимоии ӯст.  Дар мо бошад... Читать дальше...



"Коронавирус кам набуд, балои дигар ба сарамон омад"

Ozodi.org 

Дар вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон бар иловаи хатари коронавирус, балои дигаре ба сари деҳқонон омадааст. Он ҳам малах, душмани қаттоли зироати мардум, ки назар ба солҳои гузашта дар чанд гӯшаи вилоят зиёд шудааст.

"Коронавирус кам набуд, ки балои дигар ба сарамон омад" ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон бар иловаи хатари коронавирус, балои дигаре ба сари деҳқонон омадааст. Он ҳам малах, душмани қаттоли зироати мардум, ки назар ба солҳои гузашта дар чанд гӯшаи вилоят зиёд шудааст.

158 кас гирифтор шуд ва 158 кас шифо ёфт. Омори нави мақомоти тоҷик дар бораи коронавирус

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, омори гирифторӣ ва шифоёбии беморони COVID-19 дар шабонарӯзи гузашта баробар буд. Ба иттилои Вазорат, дар 24 соати гузашта 158 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуда, ҳамин миқдор беморон шифо ёфтаанд. Ба изофаи омори нав, шумори гирифторшудагон ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон акнун ба 3424 нафар расид. Ба иттилои мақомот, 1575 нафар аз беморон шифо ёфта, 47 нафар ҳам ҷон додаанд. Бо ин вазъ шубҳаҳо ба оморҳои расмӣ зиёд аст ва бисёриҳо мегӯянд... Читать дальше...

Дар Русия моҳи апрел бекорӣ то 23 дарсад афзудааст

Ozodi.org 

Моҳи апрел дар Русия сафи бекорон то 4,3 миллион нафар ваё 5,8 дарсад зиёд шуд. Дар қиёс бо моҳи март бекорӣ то 23 дарсад афзуда дар маҷмӯъ 815 ҳазор нафарро фаро гирифт. Дар ин бора дар омори оҷонсии Росстат хабар дода шудааст. Аз миёни 1,3 миллион нафари бекори дар Роструд ба қайдгирифташуда 1,1 миллион нафарашон ба ҳайси бекор маблағ дарёфт карданд.  Дар Русия аз охири март то миёнаҳои май низоми рӯзҳои истироҳат ҷорӣ шуд, вале ба ҳар минтақа иҷоза доданд, ки фурсати бекор кардани карантинро мустақилона танзим кунанд. Читать дальше...

Шукронаи 25-сола -- захмии марзи давлатии Тоҷикистон

Ozodi.org 

Сарраёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон рӯзи 27-уми май бо нашри як изҳорот гуфт, як шаҳрванди Тоҷикистон аз тири шаҳрванди Қирғизистон дар марзи байни ду кишвар захмӣ шудааст. Мақомоти қирғиз дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ин қазия гуфтанд, ҳанӯз дар ин бора маълумоте надоранд ва машғули тафтиши хабар ҳастанд. Абдукарим Алимбоев, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбони Қирғизистон гуфт, баъд аз ин хабар марзбонони ду кишвар мулоқот доранд. Аммо тарафи Тоҷикистон номи тирандоз, Соат Бахтибеков ва ҳам зани тоҷик... Читать дальше...



Раиси собиқи пажӯҳишгоҳи стратегии назди президенти Узбекистон дар ҷосусӣ айбдор шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи ҳарбие дар Узбекистон рӯзи 25 май собиқ раиси Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Узбекистонро  бо иттиҳоми “ҷосусӣ ба манфиати Русия” ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора бо такя ба як ҳуқуқшинос бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод. Рафиқ Сайфулини 61-сола гуноҳашро қисман эътироф кард. Ҳуқуқшиносе, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, Сайфулин гуфтааст, ки бархе маводи таҳлилиро дар ихтиёри Русия қарор медод, вале ин мавод санад ваё маълумоти махфӣ неву таҳлилӣ буд. Читать дальше...

80% табибон дар Русия ба омори расмии марг бар асари коронавирус бовар надоранд

Ozodi.org 

Тахминан 80% табибон дар Русия ба омори расмии марг бар асари коронавирус дар ин кишвар бовар надоранд. Пурсиши RNC Pharma ва "Доктор на работе", ки дар маҷаллаи  "Медицинский вестник" нашр шуд, ба ин натиҷа омадааст, ки 61 дарсади духтурон гуфтаанд, ба натиҷаҳои омори расмӣ дар бораи марг шубҳа доранд. 17 дарсад гуфтанд, ки дасткорӣ шудани омори расмиро исбот карда метавонанд. 8 дарсад гуфтанд, ки феълан зарурат барои таҳрифи маълумот  нест, вале бо афзоиши бештари ҳодисаҳои олудагӣ дасткории омор ҳам шурӯъ хоҳад шуд. Читать дальше...

Коммерсант: Русия сахттар шудани созиши ОПЕК+-ро пешниҳод мекунад

Ozodi.org 

Дар мулоқоти моҳи июни созмони ОПЕК+ Русия мумкин аст, ҳифзи сатҳи кунунии истихроҷи нафтро то моҳи сентябри соли ҷорӣ пешниҳод кунад. Дар ин бора нашрияи “Коммерсант”-и Русия бо такя ба манобеи худ хабар додааст. Бино ба созиши моҳи апрелӣ, аз моҳи май то июли соли равон кишварҳои узви ОПЕК+ бояд истихроҷи нафтро то 9,7 миллион бушка дар шабонарӯз кам кунанд. Баъдтар пешниҳод шуд, ки ҳаҷми истихроҷи нафт то 8 миллион бушка дар рӯз то охири соли 2020 ва то 6 миллион бушка то соли 2021 кам карда шавад. Читать дальше...

Ваколатдори ҳуқуқи инсон бо Отамбоев дар боздоштгоҳ мулоқот кард

Ozodi.org 

Токон Мамитов, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар рафт ва бо президенти пешин Алмосбек Отамбоев мулоқот кард. Аз хадамоти матбуотии ваколатдор иттилоъ доданд, ки Мамитов бо вакили пешин Канибек Осмоналиев, ноиб-сарвазири пешин Дуйшенбек Зилолиев ва шаҳрдори пешин Албек Ибраимов ҳам мулоқот кардааст. Алмосбек Отамбоев аз номуътадилии фишори хунаш шикоят кардааст. Маҳбусон ҳамчунин аз бархе судяҳо ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ваколатдори ҳуқуқи инсон шикоят кардаанд. Читать дальше...

Собиқ раҳбари Чувашия аз болои қарори Путин ба додгоҳ шикоят кард

Ozodi.org 

Собиқ раҳбари минтақаи Чувашия Михаил Игнатев, ки аз болои президент Владимир Путин ба додгоҳ шикоят кард, бо нишонаҳои пневмонияи дутарафа ва осеби амиқи шуш дар беморхона бистарӣ шудааст. Ӯ дар як бемористони шаҳри Санкт-Петербург аст ва ба дастгоҳи хунгузаронии  сунъӣ пайваст аст. Дар ин замина нашрияи “Коммерсант” хабар дода гуфтааст, ки Игнатев дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Вебсайти Mash мегӯяд, ки мақомдори собиқ аз аввали май дар беморхона қарор дорад.  Игнатеви 58-сола аз соли 2010 то январи соли 2020 раҳбари Чувашия буд. Читать дальше...

Нафткаши дуюми эронӣ ба захирагоҳи азимтарини Венесуэла расид

Ozodi.org 

Нафткаши дуюми эронӣ ҳомили газу нафт бо вуҷуди тавсеаи ихтилофҳои Вашингтон ва ду кишвари таҳримшуда, рӯзи 26 май ба соҳилҳои Венесуэлаи дучори бӯҳрон расид.   Киштӣ рӯзи 25 май вориди обҳои Венесуэла шуд. Поинравии башиддати нархи нафт баъди соли 2014 бӯҳрони иқтисодии Венсуэларо амиқтар кард.  Киштии аввалини эронӣ 24 соат пеш аз он вориди обҳои Венесуэла гардид. Киштии  “Fortune”  нафтро ба захирагоҳи Эл Палито бурд ва ин коргоҳ тавони дар як рӯз коркард кардани 140 ҳазор бушка нафтро қодир аст. Читать дальше...

Мусобиқоти футбол дар чаҳор қораи ҷаҳон азнав эҳё шуд

Ozodi.org 

Дар шароити пандемияи коронавирус футболи ҷаҳонӣ тадриҷан ба маҷрои худ бармегардад. Ҳаводорони футбол акнун метавонанд на танҳо бозиҳои қаҳрамонии Беларус, Олмон, Ҷазираҳои Фарер, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркманистонро тамошо кунанд. Мусобиқоти футбол аллакай дар чаҳор қитъа доир шудааст. Мухлисон ҳамакнун интизори бозгашти футбол дар қораи Амрико ҳастанд. Бояд гуфт пас аз қаҳрамонии футболи Туркманистон ва Беларус, ки дар ин кишварҳо бозиҳо бо ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд, пас аз таваққуф бо... Читать дальше...


Музыкальные новости
Фрэнк Синатра

Обвиненный в серии изнасилований Кевин Спейси может сыграть Фрэнка Синатру





Rss.plus
Армения

В Армении прошел крупнейший на постсоветском пространстве «Бессмертный полк». Видео. Фоторяд




Новые корпуса построят в составе жилого квартала на юге Москвы

«Дыхание льда»: цирк Никулина представит новое шоу в Екатеринбурге

Светлая Пасхальная неделя завершилась праздником Фомино Воскресенье в Красногорске

Москвичам рассказали, когда в столицу вернется тепло




Тарҳи қонуни нав дар бораи суруди миллӣ боиси эътирозҳои нав дар Ҳонгконг шуд

Ozodi.org 

Полиси Ҳонгконг рӯзи 27 май ба сӯи эътирозгарон, ки аз тарҳи нави қонуни муҷозоткунандаи “таҳқир”-и суруди миллии Чин норозӣ ва ба маркази шаҳр рехтанд, бо дастгоҳи мурчу қаланфурпошӣ посух дод. То нисфирӯзӣ дастикам 17 эътирозгар, аз ҷумла мактабхонҳои 14 ва 15-сола ҳабс шуданд.  Онҳоро дар нигаҳдошти  асбобҳое, ки “барои мақсадҳои ғайриқонунӣ” ба хотири  доштани кулоҳи бехатар ва дастгоҳи нафаскашӣ ба кор мераванд, гунаҳгор карданд. Тарҳи қонун аз ҳама мактабҳои Ҳонгконг талаб мекунад, ки суруди миллии Чинро азхуд карда... Читать дальше...

Муаллим пули аз муҳоҷират овардаашро наметавонад аз бонк бозпас бигирад . ВИДЕО

Ozodi.org 

Наҷмиддин Ахмедов санадҳо дар даст дари филиали "Агроинвестбонк" дар ноҳияи Восеъро мекӯбад, то пасандозҳои чаҳор соли пеш гузоштаашро баргардонад. Масъулини "Агроинвестбонк" дар Восеъ ҳозир нестанд дар робита ба мушкили ин мард ибрози назар кунанд. Ин сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, дар "Агроинвестбонк" 73 ҳазор сомонӣ пасандоз гузошта буд, то дар мушкилӣ онро истифода кунад. Имрӯз, ки хонаводааш ба пул эҳтиёҷ дорад, наметавонад маблағашро бозпас бигирад. Наҷмиддин Ахмедов омӯзгор аст. Ба гуфтааш... Читать дальше...

Мақомот: Сокини Исфара дар марзи Қирғизистон захмӣ шудааст

Ozodi.org 

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро ба оташкушоӣ ба сӯи сокини Исфара муттаҳам кардаанд. Ин ниҳод гуфтааст, ҳодиса пеш аз зуҳи 27-уми май рух дод. Мақомоти Қирғизистон аз шарҳи ҳодиса худдорӣ карданд. Идораи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 27-уми май бо нашри як изҳорот гуфт, Соат Бахтибеков, бошандаи ҷамоати Оқсойи Қирғизистон ба сӯи Шукрона Шаропова, як сокини 25-солаи Чоркуҳ тир кушода, “ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст.” Дар изҳороти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад... Читать дальше...

Твиттер Доналд Трампро ба "дурӯғпароканӣ" муттаҳам кард

Ozodi.org 

Шабакаи иҷтимоии Твиттер бори аввал, ду навиштаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро “собитношуда” номид ва гуфт, ки ӯ иддаоҳои дурӯғ паҳн мекунад. Дар байнияи Твиттер дар рӯзи 26-уми май омадааст, ки Доналд Трамп бардурӯғ иддао кардааст, ки раъйдиҳӣ аз тариқи почта сабаби “интихоботи тақаллубӣ” мешавад. Зери навиштаҳои Доналд Трамп дар Твиттер пайванди кабуде гузоштаанд, ки ба хонанда мефармояд, ки доир ба раъйдиҳӣ аз тариқи почта, маълумоти воқеӣ ба даст биёрад. Ин пайванд корбаронро ба вебсайтҳои Си Эн Эн... Читать дальше...

Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи таърихи хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон гуфт

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки барои хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон таърихи мушаххас таъин накардааст. Дар ҳоле, ки мегӯянд, тӯлонитарин ҷанги Амрико метавонад дар остонаи интихоботи президентии  моҳи ноябр хотима ёбад, Трамп дар  изҳориназарҳояш рӯзи 26 май гуфт: “Мо дар он ҷо инак 19 сол ҳастем, бале,  ба назарам ин кофист… Мо агар бихоҳем ҳамеша метавонем баргардем”. Трамп, ки дар як нишасти хабарии Кохи Сафед сӯҳбат мекард, гуфт, “ман санаи мушаххасе надорам. Ҳар  вақте зарур буд”. ИМА ва... Читать дальше...

СОVID-19 дар як тарафи дунё кам, дар дигар тарафаш зиёд шудааст

Ozodi.org 

Бозкушоии тадриҷӣ дар Амрикову Аврупо ва ҷойҳои дигар ва коҳиши маргу мир аз бемории COVID-19 дар баъзе манотиқ умедвориҳоро бештар кардааст, ки марҳилаи бадтарини пандемия пушти сар шудааст. Айни замон Амрикои Лотинӣ ҳоло ба маркази сирояти босуръати беморӣ ва афзоиши талафоту теъдоди беморон табдил ёфтааст. Рӯзи 26-уми май теъдоди фавтидагон дар Амрико ба 100 000 нафар наздик шуд. Дар ин кишвар тамоми 50 иёлат маҳдудият дар фаъолияҳои иқтисодӣ ва гаштугузорро камтар карданд. Дар умум дар саросари... Читать дальше...



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певец

Певец SHAMAN встретился с мальчиком из Рязани, который мыл машины ради билета на его концерт




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Псковичи стали призерами соревнований по вольтижировке в Москве


Уимблдон

Финалистка юниорского Уимблдона-2023 получила временное отстранение за допинг



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Подмосковную «Медицинскую школу» отметили на национальном уровне



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России