Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2020

Новости за 09.12.2020

Таблнавози тоҷик аз додгоҳ хост, фармони раиси Филармонияи давлатиро беэътибор кунад

Ozodi.org 

Чанде аз кормандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки аз кор ронда шуданд, аз додгоҳ ҳимоят хостанд. Онҳо мегӯянд, бесабаб аз ҷойи кор маҳрум шудаанд, вале ба гуфтаи корфармо онҳо шоистаи вазифаҳояшон нестанд, чун аз санҷиши ихтисосӣ нагузаштанд.

Кӯдакони тоҷик дар замони пандемия чӣ ҳол доранд?

Ozodi.org 

Меҳрангези 11 сола, сокини ноҳияи Восеъ, панҷ моҳ пеш бо модару чаҳор бародару хоҳараш дар карантин буд. Онҳо дар ҳоле табобат мегирифтанд, ки маъмурони иҷрои қарори додгоҳи ин ноҳия аъзои хонаводаи онҳоро аз манзилашон берун карданд.



Ваъдаи "Барқи тоҷик"

Ozodi.org 

Ширкати "Барқи тоҷик" имрӯз эълон кард, ки сар аз 10-уми декабр дар кишвар маҳдудияти барқрасонӣ бекор карда мешавад.

Муборизаи Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш бо ришвахорӣ самар додааст? ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасодро кишваҳои Осиёи Марказӣ мисли ҳамеша бо рейтинги баде “ҷашн мегиранд”.  Нуҳуми декабр ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод (International Day Against Corruption) таҷлил мешавад, ки Маҷмаи умумии Созмони Милал эълон кардааст.

Яке: "Дар Тоҷикистон коррупсия нест" Дигарӣ: "Дар ҳар қадам ҳаст"

Ozodi.org 

Дар Рӯзи байналмилалии мубориза бо фасод, хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе пурсид, кӣ чӣ гуна метавон, фасоду ришвахориро дар Тоҷикистон аз байн бурд. Посухҳои онҳоро бубинед ва худатон ҳам бигӯед, ки оё ришвахориро метавон нобуд кард.



Ахбори Озодӣ

Ozodi.org 

"Барқи тоҷик" ваъда дод, ки сар аз фардо нерӯи барқ ба ҳама таъмин хоҳад шуд, вале мактабҳои кӯҳнаи ноҳияи Восеъ ҳамоно ба ҳезуму тапак ниёз доранд, духтари мактабхон эътироф кард, ки фирефтаи фиреби марди оиладори 38-сола шуда, бо аз хона фирор кардааст, шароити буду боши занони азиятдида дар Суғд ва матолиби дигар.

Ширкати амнияти интернетии FireEye мавриди ҳамлаи кишвари хориҷӣ, эҳтимолан Русия қарор гирифт

Ozodi.org 

FireEye, як ширкати маъруфи амрикоӣ, ки дар амнияти интернетӣ ихтисос дорад, гуфт, ки чанде пеш мавриди ҳамлаи рахнагарони “эҳтимолан хориҷӣ” қарор гирифтааст. Дар як блоги раҳбари кулли FireEye Кевин Мандиа аз 8 декабр омадааст, ки рахнагарон системаи амниятии ин ширкатро шикаста, василаҳои санҷиши амнияти муштариҳоро дуздидааст. Ӯ гуфт, ки рахнагарон “пеш аз ҳама иттилои марбут ба фармоишгарони давлатиро ҷустуҷӯ мекард”. Ӯ нагуфт, ки ин ҳамла мушаххасан кай сурат гирифтааст. Ширкат гуфт, ки ин... Читать дальше...

HRW: Чин бар асоси феҳристи мусалмонҳои Шинҷон даст ба ҳабсҳои худсарона мезанад

Ozodi.org 

Созмони дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch гуфт, ки феҳристи беш аз 2 ҳазор уйғуртабори боздоштшуда дар вилояти Шинҷони Чинро таҳлил карда ба чунин хулоса омадааст, ки мақомот  як тарҳи калони ҷамъоварии маълумот дар бораи турктаборҳои мусалмони маҳаллиро дар даст доранд. Бар асоси ин феҳрист, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, тасмими “худсарона” боздошт кардани мусалмонтаборҳо гирифта мешавад. Гузориши созмони Human Rights Watch аз 8-уми декабр  мегӯяд, ки феҳристи мазкур ба вилояти Оқсу рабт дошта... Читать дальше...

CPJ озод кардани журналисти 72-солаи эрониро, ки ба 3 соли зиндон маҳкум шуд, тақозо кард

Ozodi.org 

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) баъди шурӯи мӯҳлати сесолаи зиндони як журналисти 72-сола, ки соли гузашта эътирозҳоро пӯшиш додааст, аз ҳукумати Эрон хост, ки кормандони зиндонии матбуотро озод кунад. Шариф Мансур, ҳамоҳангсози бахши Ховари Миёна ва Африқои Шимолии созмони Кумитаи дифоъ аз журналистон дар изҳороте рӯзи 8 декабр гуфт, ки “зиндонӣ кардани журналисти кӯҳансол дар авҷи пандемия баёнгари он аст, ки то чӣ андоза низоми додгустарии Эрон нисбати матбуот бархӯрди сахту сангин дорад”. Кайвон Самимӣ... Читать дальше...

Охирин сокини ҷазирае дар наздикиҳои Магадан даргузашт

Ozodi.org 

Охирин сокини ҷазираи Недорозумение, ки солҳои 1930-юм азимтарин маркази интиқоли маҳбусон ба зиндонҳои  низоми Гулаги Иосиф Сталин ба шумор мерафт, даргузашт. Сергей Яртсев, ки дар шаҳри Магадани воқеъ дар наздикиҳои ҷазираи Недорозумение ба ҳайси моҳидор кор мекунад, рӯзи 9 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯву ҳамкоронаш ҷасади Галина Кришченкоро, ки ду рӯз пеш даргузашт, бо қаиеқе ба Магадан интиқол доданд. Ӯ гуфт, ки мақомот ин навбат ҳам дар интиқоли ҷасади сокини ҷазираи беодам посухи рад доданд ва гуфтанд... Читать дальше...

Сӯҳбатҳои чор сол пеши атрофи Қаробоғ миёни Саркисяну Лукашенко дар Ереван баҳс барпо кард

Ozodi.org 

Дафтари собиқ президенти Арманистон нахост сабти аудиоии сӯҳбатҳои чор соли пеши Серж Саркисянро бо Александр Лукашенко, раҳбари Беларус дар бораи созише бо Озарбойҷон дар нисбати ҳафт ноҳияи минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ шарҳ бидиҳад. Дар изҳороте, ки 8 декабр нашр шуд, дафтари Саркисян гуфт, сӯҳбате, ки 16 октябри соли 2016 дар ҳошияи ҷаласаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Ереван ба таври пӯшида сурат гирифт, таҳти суол аст. Дар изҳорот омадааст, ки маълум нест ин сабти садоӣ чӣ гуна 7 декабр дар интернет нашр шуд. Читать дальше...

Мадлен Олбрайт гуфт, фасод дар минтақаи Балкани Ғарбӣ реша давондааст   

Ozodi.org 

Собиқ котиби давлатии ИМА Мадлен Олбрайт дар як кумитаи Конгресс рӯзи 8 декабр гуфт, ки коррупсия ҳоли Балкани Ғарбиро хароб кардааст ва аз мақомот дар Вашингтон тақозо кард, ки ба ин минтақаи стратегии таҳти нуфузи Русияву Чин қарорёфта таваҷҷӯҳи бештар равона кунанд.  Олбрайт, ки дар маъмурияти  президент Билл Клинтон аз соли 1997 то 2001 кор кардааст, инчунин гуфт, ки ИМА бояд бо Аврупо аз наздик кор кунад, то ки мушкилоти деринаи сиёсиву иқтисодии ин минтақа ҳалли худро пайдо кунанд. Олбрайт гуфт... Читать дальше...

IFFHS дастаи мунтахаби рамзии соли 2020-ро эълон кард

Ozodi.org 

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) дастаи мунтахаби рамзии соли 2020-ро эълон кард. Аз 11 бозигари дар феҳристи IFFHS зикршуда ҳафт нафарашон аз бошгоҳҳои “Бавария”-и Мюнхени Олмон ва “Ливерпул”-и Англия мебошанд. Дарвозабон: Мануэл Нойер (Бавария, Мюнхен). Ҳимоятгарон: Трент Александр-Арнолд (Ливерпул), Вирҷил Ван Дейк (Ливерпул), Серхио Рамос (Реал, Мадрид), Алфонсо Дэвис (Бавария, Мюнхен). Нимҳимоятгарон: Тяго Алкантара (Бавария / Ливерпул), Кевин Де Брюйне (Манчестер Сити), Ҷошуа Киммих (Бавария). Читать дальше...


Музыкальные новости
Юрий Лоза

"Они убрали Листьева". Лоза назвал виновников убийства Владислава Листьева





Rss.plus
Бато Багдаев

Театр кукол «Ульгэр» выступил в райцентре Бурятии в День Пушкина - Россия, Культура, Дети




Вступают в силу: май

В мире: Зачем России дружба между Китаем и Индией

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова

Задержанного в Москве пьяным и без одежды американца отпустили




Тими Трамп аз қарори додгоҳи олии ИМА дилсард нашуда, муборизаро идома медиҳад

Ozodi.org 

Тими ҳуқуқшиносони президент Доналд Трамп бо вуҷуди қарори Додгоҳи олии ИМА дар бораи бетағйир мондани натиҷаҳои интихобот дар аёлати Пенсилвания гуфт, ки муборизаашро барои бозбинии натиҷаҳои интихоботи 3 ноябр  идома хоҳад дод. Дар аёлати Пенсилвания, бар хилофи интизориҳо, номзади демократҳо Ҷо Байден пирӯз шуд. Қарори Додгоҳи олии рӯзи 8 декабр барои Трамп ва тими ҳуқуқшиносонаш як зарбаи сахте шуд, чун то он замон як бастаи калони шикоятҳоро бо талаби бекор шудани натиҷаҳои интихобот ба додгоҳҳои кишвар ирсол кард. Читать дальше...

AI аз номи СММ ба Эрон дар робита бо кушторҳои ҷамъии соли 1988 истиқбол кард

Ozodi.org 

Созмони Афви байнулмилал - Amnesty International – аз номаи мутахассисони СММ ба унвонии ҳукумати Эрон истиқбол кард, ки ба ҷавобгарӣ кашидани омилони кушторҳои ҷамъии дигарандешон дар соли 1988 дар зиндонҳои ин кишварро тақозо кардаанд.  Мутахассисони ҳуқуқи башар дар номаи худ аз рӯзи 9 декабр ҳушдор доданд, ки қонуншиканиҳои гузаштаву ҳозира метавонанд ҳамчун “ҷиноят алайҳи башарият” арзёбӣ шаванд. Amnesty International ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ муддатҳои дароз аст, ки барои ба ҷавобгарӣ... Читать дальше...

Додгоҳи Олии Эрон ҳукми хабарнигорро бетағйир гузошт

Ozodi.org 

Додгоҳи Олии Эрон ҳукми қатли Руҳулло Зам, хабарнигори мухолифи давлат ва фаъоли сиёсиеро бетағйир гузошт, ки фаъолиятҳои ӯ аз тариқи Интернет соли 2017 дар Эрон тазоҳуроти оммавӣ барангехт. Ғуломҳусайн Исмоилӣ, сухангӯи Додгоҳи Олӣ рӯзи 8-уми декабр дар ин бора хабар дод, вале нагуфт, ки ҳукм кай содир шудааст. Руҳулло Замро Додгоҳи инқилобии Эрон моҳи июн ба қатл маҳкум кард. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, ҳукмро “ноҳақ” номидааст. Додгоҳ Руҳулло Замро дар хиёнат ба ватан ва талош барои сарнагунии низом гунаҳкор медонад. Читать дальше...

Дар ИМА базудӣ воксинаи зидди COVID-19 ба қайд гирифта мешавад  

Ozodi.org 

Дар ИМА шумори олудашудаҳо ба коронавирус рӯзи 8-уми декабр аз 15 миллион нафар гузашт ва кишвар барои бақайдгирии таъҷилии воксинаи зидди COVID-19 наздик мешавад.  Дар ҳоле, ки мақомоти беҳдоштӣ мегӯянд, давраи мушкил ҳанӯз дар пеш аст, идораи бақайдгирии маводи дорувор аломат дод, ки базудӣ дар бораи бақайдгирии воксинаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech тасмим гирифта мешавад. Мақомоти беҳдоштӣ умедворанд, ки дар ҷаласаи 10 декабр чунин тасмим гирифта мешавад. Рӯзи 8 декабр Бритониё аввалин давлат дар Ғарб шуд... Читать дальше...

Узбекистон 98 зану кӯдакро аз Сурия баргардонд

Ozodi.org 

Дар доираи амалиёти "Меҳр-3", Узбекистон 25 зан ва 73 кӯдакро аз Сурия баргардонд. Дар ин бора рӯзи 8-уми декабр расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар доданд. "Ҳамаи ин одамон дар муассисаҳои тиббӣ ҷой ва бо ғизои гарму либоси гарм таъмин мешаванд. Мутахассисон ба онҳо кӯмаки тиббиву равонӣ мерасонанд", - хабар доданд расонаҳо. Узбекистон бори аввал 30 майи соли 2019 156 зану кӯдакро аз Сурия ба Тошканд оварда буд. Миёни онҳо 48 зан ва 106 кӯдак буданд. Моҳи октябри соли 2019 низ 39 писар ва 25 духтаре... Читать дальше...

Навиди бомдодӣ аз 9 декабри соли 2020

Ozodi.org 

"Барқи тоҷик" аз мардум маъзарат хост ва гуфт, ки аз 10 декабр ба ҳама барқ дода мешавад. Сафари шаҳрвандони Тоҷикистон барои Ҳаҷҷи умра то моҳи январи соли 2021 ба таъхир гузошта шудааст. Эрон хабарҳои бад шудани вазъи сиҳатии Хоманаиро рад кард.



Москва

В Армении прошел крупнейший на постсоветском пространстве «Бессмертный полк». Видео. Фоторяд


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Песня

Вывод Песни, Альбома, Клипа в ТОП Музыкальных Чартов!




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге


Новак Джокович

Новак Джокович с позором вылетел с турнира в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В Армении прошел крупнейший на постсоветском пространстве «Бессмертный полк». Видео. Фоторяд



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России