Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2020

Новости за 31.12.2020

Қирғизистон барои мубориза бо COVID-19 то ҳоло $400 млн дарёфт кардааст

Ozodi.org 

Қирғизистон барои мубориза бо ҳамагирӣ ё пандемияи COVID-19 то ба ҳол аз созмонҳои байналмилалии молӣ 346,8 млн доллар гирифтааст. Қарор аст, бо ин мақсад 427,6 млн доллари дигар дарёфт кунад. Дар асноди ҳукумати Қирғизистон омадааст, ки ин кишвар то 24 декабри соли равон аз Сандуқи байналмилалии пул 241,9 млн доллар, аз Бонки осиёии руд 52,3 млн доллар, аз Бонки ҷаҳонӣ 9,8 млн доллар, аз Иттиҳоди Аврупо 27,2 млн доллар ва аз Бонки олмонии рушд 15,4 млн доллари амрикоӣ гирифтааст. Ҳаҷми умумии маблағҳое... Читать дальше...

Чин ба пажуҳишҳои сарчашмаи COVID-19 муҳри "махфӣ" зад

Ozodi.org 

Ҳукумати Чин ба таҳқиқот дар бораи манбаи хуруҷи коронавирус ё COVID-19 муҳри махфӣ зад. Дар ин бора Associated Press хабар додааст. Ба навиштаи расона, мақомоти Чин барои донишмандон грантҳои бузург ҷудо мекунанд, то манбаи хуруҷи коронавирусро пайдо кунанд. Вале ҳеч иттилое дар ин бора бидуни иҷозати комиссияи махсус ба раҳбарии президент Сӣ Ҷинпин расонаӣ намешавад. Ҳукумати Чин ҳамзамон фарзияи сохта шудани вируси мазкур дар хориҷ аз ин кишварро таблиғ дорад. Ба минтақае, ки дар он ғор, макони... Читать дальше...

Дар вилоятҳои Туркманистон кандани банкоматҳо идома дорад

Ozodi.org 

Дар шаҳру ноҳияҳои Туркманистон кандани банкоматҳо идома дорад. Дар маркази баъзе аз ноҳияҳои ин кишвар тақрибан бонкомат намондааст. Аз ҷумла, дар вилояти Лебапи Туркманистон шумори банкоматҳо тақрибан ним баробар кам шудааст. Банкоматҳои мавҷуда низ нақдина надоранд ё навбатпоиҳои тулонӣ дар наздашон мушоҳида мешавад. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ноҳияи Фороби Туркманистон аз 19 банкомат 6 то боқӣ мондааст. Шумори банкоматҳои ноҳияи Дарганата ҳам, ки 27 то буданд, ба 8 расидааст. Читать дальше...



СОVID-19 дар Тоҷикистон аз байн рафт? Вазорат гуфт, дар 24 соат сирояте сабт накардааст

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар 24 соати гузашта дар кишвар ягон мавриди сирояти бемории СОVID-19 сабт нашудааст. Эълоне, ки шубҳа дар бораи он зиёд аст. Вазорат рӯзи 31-уми декабр дар як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт: “Дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. “ Ба гуфтаи вазорат дар дар маҷмӯъ то рӯзи 31 декабр дар кишвар 13296 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда ва 12851 нафар ё 96,6% шифо ёфтаанд. Читать дальше...

Дар натиҷаи фурӯрезии як шахта дар ғарби Қазоқистон 4 кас ҷон бохт

Ozodi.org 

Дар натиҷаи фурӯрезии як шахта дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон чаҳор кас ҷон бохта, як нафар захмӣ шудааст. Тавре аз ҳукумати Оқтеппа хабар доданд, бино ба фарзияи пешакӣ, 30 декабр, соатҳои 21:00 дар шахтаи "Весенняя Аралчинская" ҳангоми гузаронидани "корҳои инфиҷорӣ" нақб фурӯрехтааст. Шахта ба Ширкати мисли Оқтеппа таалуқ дошта, дар 30-километрии деҳаи Коктау аст. Мақомоти Оқтеппа дар бораи вазъи саломатии нафари захмӣ иттилои бештаре надодаанд. "Сабабҳои рух додани ҳодиса таҳқиқ мешавад", - гуфта шудааст дар иттилоияи ҳукумати Оқтеппа.

Пандемия роҳи Гуласалро ба Душанбеву Узбекистон баст

Ozodi.org 

Гуласал Пулодова, сарояндаи даҳҳо сурудҳои халқиву эстрадӣ аз шимоли Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2020 ба сабаби пандемияи коронавирус натавонист, барномаи ҳунарияшро дар Душанбе барпо ва дар маҳфилҳои бурунмарзӣ иштирок кунад.

Муштариён бо як ширкати Душанбе барои сафар ба Бритониё даъво доранд

Ozodi.org 

Гуруҳе аз муштариёни ширкати саёҳии “Авеста тур” мегӯянд, ин ширкат натавонист, сафари онҳоро ба Бритониё созмон диҳад ва пули пардохтаро барнамегардонад. Раиси ширкат Манучеҳр Нурматов, 31-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамагирии COVID-19 монеи сафари муштариён шуд, вагарна “Авеста тур” кори ғайриқонунӣ накардааст.   Фаррухрӯз Холов, сокини шаҳри Панҷакент моҳи июли соли 2019 хостори сафари Бритониё шуд. Вай мегӯяд, барои ин ба раҳбари  “Авеста тур” 9 ҳазор сомонӣ додааст. Ба ӯ гуфтаанд, то... Читать дальше...

Соли 2020 бо ҷаҳон чӣ кор кард? ВИДЕО

Ozodi.org 

Коронавирус дар соли гузашта, дар ҷаҳон бесарусомониҳои зиёде овард. Дар баробари пандемия, ҳаводиси зиёди дигаре ҳам буд, ки дар ин сол дунёро тағйир дод. Сар аз қатли як шахси бонуфузи Эрон то эътирозҳои оммавӣ дар Белорус ва ҷанги байни Арманистону Озарбойҷону интихоботи баҳсбарангези Амрико. Пурсарусадотарин ҳодиса дар оғози соли 2020, куштори Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон буд. Ӯ рӯзи 3-юми январ дар ҳамлаи ҳавоии Амрико, дар Бағдод кушта шуд. Мақомоти Амрикоӣ... Читать дальше...



Вазири тоҷик гуфт, ки аввал киҳо ваксина ба зидди СOVID-19 мегиранд

Ozodi.org 

Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки барои кумак дар ваксинзании аҳолӣ ба зидди бемории СОVID-19 ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва дигар муассисаҳои байналмилалӣ муроҷиат кардаанд. Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 31-уми декабр дар мусоҳибае бо хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, ки “Оид ба ин масъала дастурамал қабул карда шуд. Тибқи дастурамал, пеш аз ҳама, бояд дастрасӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ, ки хатари баланди сироятро доранд, пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ... Читать дальше...

Чин марзҳояшро бо Қирғизистон муваққатан мебандад

Ozodi.org 

Чин аз 1 январи соли 2021 гузаргоҳҳои марзии "Торугарт" ва "Иркештам"-ро бо Қирғизистон мебандад. Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар додааст, ки ин гузаргоҳҳо дар робита ба ҷашнгирии соли нави мелодӣ баста мешаванд ва ин як чораи муваққатист. Ин ниҳод гуфтааст, ки гузаргоҳи "Иркештам" 2 январ ва гузаргоҳи "Торугарт" 4 январи соли оянда дубора боз карда мешаванд. Ба воситаи ин гузаргоҳҳои марзӣ аз Чин ба Қирғизистон танҳо мол интиқол дода мешавад.

Рӯзноманигорони RFE/RL сарпарасти худро ба “истиқлолрабоӣ” айбдор карданд  

Ozodi.org 

Шӯрои таҳририяи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL), ки ба 23 бахши гуногунзабони ин ниҳод раҳбарӣ мекунад, бо ирсоли як номаи эътирозӣ раҳбари оҷонси назоратии худро ба “рабудани истиқлоли созмони хабарие” айбдор кард, ки нигаҳбонӣ ва сарпарастиияш ба ӯ супорида шудааст. Ин нома ҳамчунин раҳбари Созмони расонаҳои ҷаҳонии ИМА ё USAGM Майкл Пакро, ки аз сӯи президент Доналд Трамп пешниҳод ва дар моҳи июн аз сӯи Сенати зери назорати ҷумҳурихоҳон таъйид шуда буд, ба талоши ҳадди аксар барои... Читать дальше...

Дар Покистон 14 касро барои оташ задани маъбади ҳиндуҳо дастгир карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки 14 нафарро барои оташ задани як маъбади садсолаи ҳиндуҳо дастгир кардаанд. Пулиси ноҳияи Карак дар вилояти қабиланишини Хайбар Пахтунхоҳ гуфт, ки амалиёт барои боздошти дигар касоне, ки дар ҳамла ба маъбад нақш доштанд, идома дорад. Пулиси ноҳияи Карак гуфт, муллоҳои маҳаллӣ бештар аз 1000 нафарро ташвиқ кардаанд, ки ибодатгоҳи ҳиндуҳоро оташ зананд, чунки чанде пеш ҷомеаи ҳиндуҳо хонаеро дар назди ин маъбад харида ва таъмири он оғоз кардаанд. Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд... Читать дальше...

Паноҳҷӯёни Липа як шаби сардро дар берун сипарӣ карданд

Ozodi.org 

Садҳо паноҳҷӯ ва муҳоҷир маҷбур шуданд, як шаби дигарро дар Босния ва Ҳерзеговина дар сардӣ сипарӣ кунанд, чун мақомоти як ноҳия монеи овардани онҳо ба ин ноҳия шуданд. Қарор буд, 900 муҳоҷирро аз урдугоҳи оташгирифтаи Липа дар марзи Хорватия ба як урдугоҳи муваққатӣ ба шаҳри Конйитс биёранд, вале онҳоро аз автобусҳо поин оварданд. Мақомоти шаҳр ва сокинони маҳалли урдугоҳи мувақаттӣ мухолифи овардани муҳоҷирон ҳастанд ва эътироз кардаанд. Бисёриҳо маҷбур шуданд, дар ҳавои боз ва дар урдугоҳи сухтаи Липа шаби сардро сипарӣ кунанд. Читать дальше...

Ҷаҳон дар соли 2020. Аз қатли Сулаймонӣ то ҷанги Қаробоғи куҳӣ

Ozodi.org 

Коронавирус дар як соли ахир, дар ҷаҳон бесарусомониҳои зиёде овард. Вале дар баробари пандемия, ҳаводиси зиёди дигаре ҳам буд, ки дар ин сол дунёро тағйир дод. Шурӯъ аз куштори шахсияти маъруфи Эрон то ҷанги байни Арманистону Озарбойҷону интихоботи Амрико.

Ҷаҳон бо соли "вируси вайронгар" падруд мегӯяд

Ozodi.org 

Ҷаҳон нимашаби имрӯз бо соли тира ва “олуда ба коронавируси нав”-и падруд мегӯяд ва бо умеди онки ваксинзанӣ ба зидди беморӣ ба пандемияи саросарӣ дар соли оянда хотима диҳад. Дар охири соли 2019 Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ доир ба вируси ношиносе маълумот гирифт, ки дар Вуҳани Чин пайдо шуд ва бемории шабеҳи илтиҳоби шуш бармеангехт. Баъдан таркиби вирусро маълум карда, COVID-19 ном гузоштанд. Тедрос Адҳаном Гебрейесус, мудири созмон дар паёми солинавиаш гуфт: “Аз он лаҳза пандемияи COVID-19 ҷони мардуми зиёдеро гирифт... Читать дальше...

Дар Узбекистон таҷлили Соли нав бо иштироки беш аз 30 кас иҷозат дода шуд

Ozodi.org 

Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар Узбекистон иҷозат додааст, ки сокинони ин кишвар рӯзҳои 31 декабр ва 1 январ шабнишиниҳои солинавиеро бо иштироки беш аз 30 нафар баргузор кунанд. Ба огаҳии Вазорати тандурустии Узбекистон, сокинон иҷозати баргузор кардани шабнишиниро дар сурате дарёфт хоҳанд кард, ки ҳамаи иштирокдорон дар мавриди мубтало набудан ба коронавирус маълумотнома дошта бошанд ё аз санҷиши фаврии вирус гузаранд. Толорҳои шабнишиниву арӯсӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, ки дар онҳо ҷашнҳои солинавӣ баргузор мешавад... Читать дальше...

Созишномаи Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё ҳукми иҷро мегирад

Ozodi.org 

Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё, ки аз иттиҳод хориҷ шуд, имрӯз ҳукми иҷро мегирад. Ҳарду палатаи порлумони Бритониё созишномаро рӯзи 30-уми декабр тасвиб карданд ва Малика Элизаветаи 2 имзои ниҳоиро дар он гузошт. Созишнома, ки баъди 9 моҳи музокирот дар поёни сол омода шуд, Бритониёро аз бозор ва ҳавзаи ягонаи гумрукии Иттиҳоди Аврупо берун мекунад. Борис Ҷонсон нахуствазири Бритониё баъди тасвиби созишнома дар порлумон гуфт, ки “Акнун сарнавишти ин кишвари бузург дар дасти худи мост”. Читать дальше...

Дар Тоҷикистон бори аввал модаре панҷгоник таваллуд кард

Ozodi.org 

Як сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиён Хатлон бори аввал дар Тоҷикистон панҷгоник ба дунё овард. Табибон мегӯянд, сиҳатии навзодон хуб аст ва зери назари онҳо қарор доранд. Дилноза Мамадова, ки ки интизори фарзанди сеюмаш буд, якбора панҷгоник – 2 писару 3 духтар бо вазни аз якуним то ду килограм ба дунё овардааст. Ин панҷгоникҳо рӯзи 30-юми декбар дар Зоишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе таваллуд шуда, вазъашон хуб арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи табибон модари навзодон ду моҳи ахир зери назорати табибони... Читать дальше...

Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё бори дувум мавқуф гузошта шуд

Ozodi.org 

Шӯрои олимпии Осиё эълом кард Бозиҳои шашуми соҳилии Осиё, ки мебоист аз 2-юм то 10-уми апрели соли 2021 дар шаҳри Саняи музофоти Ҳайнани Чин баргузор мешуд, мавқуф гузошта шуд. Ибтидо баргузории Бозиҳо аз 28-уми ноябр то 6-уми декабри имсол пешбинӣ шуда буд. Қарори Шӯрои олимпии Осиё дар мувофиқа бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои соҳилии Осиё бо мақсади таъмини амнияти варзишгарон, ашхоси расмӣ ва тамошобинон ба далели пандемияи COVID-19 қабул шудааст. "OCA минбаъд низ вазъиятро... Читать дальше...

Дар Қазоқистон ба таъхир гузоштани интихоботи порлумониро талаб доранд

Ozodi.org 

Фаъолони ҳаракатҳои "Ел мен жер" ва "Халық билігі" дирӯз дар шаҳри Нурсултон бо ирсоли як муроҷиатнома ба унвонии Маъмурияти президент, Шӯрои конститутсионӣ ва Маҷлиси порлумони Қазоқистон талаб карданд, ки интихоботи порлумонии ин кишвар ба таъхир гузошта шавад. Дар муроҷиатнома талаб шудааст, ки нахуст қонунҳои Қазоқистон дар бораи интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамъомадҳои осоишта бо меъёрҳои демократӣ мутобиқ гардонида шуда, сипас интихобот баргузор шавад. "Мо талаб дорем, ки ҳуқуқи инсон ба интихоб кардан ё интихоб шудан риоя гардад... Читать дальше...

Русия садҳо муҳоҷири узбекро аз фурудгоҳаш пасгардонд 

Ozodi.org 

Дар фурудгоҳи шаҳри Москва тақрибан ба 500 муҳоҷири корӣ аз Узбекистон иҷозат намедиҳанд, ки вориди Русия шаванд. Муҳоҷирон 3-4 рӯз мешавад, дар минтақаи транзитии фурудгоҳ қарор доранд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, марзбонони рус танҳо ба узбекистониҳое иҷозати вуруд додаанд, ки шаҳрвандии Русия ё ҳаққи будубоши муваққат дар он кишварро доранд. Муҳоҷирони дармонда бо масъулони сафорати Узбекистон тамос гирифтаанд, вале то ҳол мушкили онҳо ҳал нашудааст. Раҳбари намояндагии Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон дар Русия Саиднуъмон Мансуров гуфт... Читать дальше...

Даъват ба сарфаҷӯии барқ дар Тоҷикистон. Баҳона – камии об ва дуздии барқ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Беш аз як ҳафта аст, ки дастёрони раисҷумҳуру вазирону раисони кумитаҳои давлатии Тоҷикистон ба ноҳияҳо рафта, мардумро ба сарфакории барқ даъват мекунанд. Сокинон дар ҷавоб мегӯянд, онҳо низ чандон майли зиёд истифода кардани нирӯи барқро надоранд, чун харҷаш зиёд ва пардохтанаш мушкил мешавад.



Москва

Генералов много, а Норат Тер-Григорьянц один!


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: За последние годы в Москве модернизировали более 100 библиотек



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

Афиша театра кукол Бурятии "Ульгэр": Россия, Культура, Театр, Дети - Спектакль "Курочка ряба"




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о популяризации спорта

Only Bet – бесплатные прогнозы на спорт

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть


WTA

Повернення Калініної до топ-50 та втрачені позиції Світоліної. Оновлені тенісні рейтинги WTA та ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Новости 24 часа

Компании Группы "Интеррос" взяли ряд наград премии FINAWARD



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России