Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2020

Новости за 23.12.2020

Абдусалом Одиназодаро дар Австралия боздошт ва ба "тарғиби терроризм" айбдор кардаанд

Ozodi.org 

Бино ба хабари расонаҳои Австралия, маъмурони пулис Абдусалом Одиназода, донишманди 52-солаи тоҷикро рӯзи 22-юми декабр дар хонааш дастгир ва ба "тарғибу ташвиқи терроризм" муттаҳам кардаанд.



Шаш шарики "Тесак" дар кушторҳои қавмӣ гунаҳгор шуданд

Ozodi.org 

Шаш шарики эҳтимолии як миллатгарои ашаддии рус Максим Мартсинкевич, ки моҳи сентябр дар шароити мармуз дар боздоштгоҳ даргузашт, барои куштор бо ангезаҳои бадбинии қавмии зодагони Осиёи Марказӣ гунаҳгор дониста шуданд. Сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия Светлана Петренко рӯзи 23 декабр гуфт, ки ин шаш нафар - Андрей Кайл, Александр Лисенков, Максим Хотулев, Павел Хрулёв-Мишкин, Алексей Гудилин ва Семён Токмаков дар шаҳрҳои Маскав, Сочи ва Тюмен дар тафтишоти муштараки ВКД ва ФСБ дар куштор гунаҳгор дониста шуданд. Читать дальше...

Дар ҳамлае раҳбари гурӯҳи нозирони интихоботии Афғонистон кушта шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 23 декабр дар Кобул афроди ношиноси ҳамлагар раҳбари гурӯҳи нозирони мустақили интихоботи Афғонистонро  куштанд. Фирдавс Фаромарз, сухангӯи полиси Кобул дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Юсуф Рашид ва ронандааш субҳи имрӯз дар ноҳияи 7-уми Кобул мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Ӯ гуфт, ки дар ин ҳодиса Рашид кушта ва ронандааш захмӣ шуд. Рашид раҳбари Форуми интихоботи озоду одилонаи Афғонистон буд, ки дар Кобул дафтар дошт. Ӯ як фаъоли маъруфи маданӣ буд. То ҳол ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Читать дальше...

Русия дар иқдоми ҷавобӣ ду дипломати сафорати Колумбияро ихроҷ кард

Ozodi.org 

Ҳукумати Русия гуфт, ки дар посух ба ихроҷи ду дипломати рус аз Колумбия, ки ба қавли матуботи маҳаллӣ дар ҷосусӣ гумонбар шуданд, ду корманди сафорати ин кишвари Амрикои Ҷанубиро аз кишвараш хориҷ кард. Дар изҳороти рӯзи 23 декабри вазорати хориҷаи Русия гуфта мешавад, ки рӯзе аз ин пеш сафири Колумбия даъват шуда, ба ӯ дар робита бо ихроҷи “бесабаби” ду дипломат аз сафорати Маскав дар Богота эътироз баён шуд. Инчунин ба сафир дар бораи “шахсони номатлуб” эълон шудани ду дипломати колумбиягӣ хабар дода шуд. Читать дальше...



 Рябков гуфт, ки муносибатҳои ИМА ва Русия “бадтар” мешавад

Ozodi.org 

Муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков маъмурияти президенти мунтахаб Ҷо Байденро дар “русиябадбинӣ” айбдор кард ва гуфт, ки интизор дорад равобит бо ИМА “аз бад бадтар мешавад”. Дар мусоҳибааш бо оҷонсии Интерфакс рӯзи 23 декабр, як моҳ пеш аз маросими савгандёдкунии президенти мунтахаби ИМА Ҷо Байден  Рябков гуфт, “аз одамоне, ки аксари онҳо  карераашонро дар русиябадбинӣ сохтаву кишвари маро сиёҳ кардаанд, интизори хубӣ шудан аҷиб хоҳад буд”. Равобити Маскаву Вашингтон солҳои охир  дар робита бо ғасби Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014... Читать дальше...

Баъди истеъфои ҳукумат дар Молдова интихоботи зудраси парлумонӣ эълон шуд

Ozodi.org 

Ион Кику, нахуствазири Молдова ва ҳукуматаш ба хотири мусоидат дар даъвати зудраси интихоботи парлумонӣ ба истеъфо рафт. Изҳороти Кику баъди он садо дод, ки 23 декабр бо президент Игор Додон ва раиси маҷлис Зинаида Гречаний ҷаласае барпо кард. Кику гуфт: “(Интихобот) ҳадафи муҳимест, ки  барои ба зиндагии оддӣ овардани кишвар зарур мебошад”. Кику моҳи гузашта раиси ҳукумате интихоб шуд, ки аксар  вазиронаш мақомдорони рӯ ба Маскави тарафдори президенти рафтаистода Игор Додон мебошанд. Қарор аст рӯзи... Читать дальше...

Омори расмии гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 13 ҳазор гузашт

Ozodi.org 

Шумори расмии гирифторони бемории коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми декабр ба 13 ҳазору 34 кас расид. Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар шабонарӯзи охир 36 мавриди навро ошкор карданд.

Баъди солҳо "танаффус" гази Узбекистон ба Суғд расид, аммо мардум дар навбати аввал нестанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз чанд соли "танаффус", рӯзи 23-юми декабр, гази табии Узбекистон ба вилояти Суғд расид. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев содироти гази ин кишварро ба хориҷа маҳдуд кард.

Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Эрон дар бозии дӯстона дар Душанбе

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона аз ҳамсолонашон аз Эрон бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд. Бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Эрон 23-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бе ҳузури тамошогарон баргузор шуд.

30 миллион доллари ҳукумати Русия барои мактабҳояш дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Русия барои бунёд ва муҷҷаҳаз кардани  мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон  30 миллион доллар ҷудо кардааст. Интизор меравад, бахши аввали ин маблағ, иборат аз 3 миллион доллар то охири сол ва 27 миллион доллари боқимонда, соли оянда ихтисос дода шавад. Қарор дар ин заминаро нахуствазир   Михаил Мишустин ба имзо расондааст. Маблағгузорӣ макотиби воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлобу Хуҷанд ва Бохтару Турсунзодаро фаро хоҳа  гирифт. Ин маблағ бар асоси созишномаи байниҳукуматие ҷудо мешавад  ки миёни ду кишвар моҳи апрели  соли 2019  ба имзо расида буд. Читать дальше...

Боздошти се ноболиғ барои ғорати дорухонаҳо дар Суғд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Хуҷанд кормандони милитсия  бо гумони ғорати дорухонаҳо 3 ноболиғро дастгир карданд. Мутаҳҳамон, ки ду нафарашон 17 ва яки дигар  15-сола мебошанд,  аз ин пештар ҳам доғӣ судӣ доштаанд. Мақомоти интизомӣ як силсила дуздӣ дар дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки дар аввали  ҳамин моҳ ба амал омадааст, кори дасти дастгиршудаҳо медонанд. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, гумонбарон  қулфи дару тирезаро шикаста дасти кам  пули нақди 7 дорухонаро азхуд карданд. Читать дальше...

Давлаталӣ Саид аз сарфакории об гуфт

Ozodi.org 

Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он дар ҷамоати Ҳайдар Усмони Бобоҷон Ғафуров  муовини сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ширкат дошта, аз мавзӯи норасоии об дар кишвар  сӯҳбат кард. Ӯ, аз ҷумла гуфт,  “таърих чунин камбудии об дар Тоҷикистон ва кишварҳои  Осиёи Марказиро ёд надорад”.  Муовини сарвазир ёдрас намуд, ба хотири он ки зимистони имсол мушкилоти дастрасӣ ба нерӯи барқ пеш наояд, бояд он сарфакорона истифода шавад. Ифтитоҳи зеристгоҳи... Читать дальше...

Фаронса ҳаракати шаҳрвандонаш ба Бритониёро иҷоза дод

Ozodi.org 

Субҳи имрӯз Фаронса рафтуомади ҳавоӣ, замини ва баҳрӣ бо Бритониёро боз намуд.   Мутахассисони Иттиҳоди Аврупо, баъд аз омӯзиши шакли нав ва зудпаҳншавандаи COVID-19, ба Фаронса машварат доданд,  ки марзро боз кунад. Акнун шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё ва афроде, ки ҳаққи истиқомати доимӣ дар Бритониё  ва Фаронсаро  доранд, метавонанд рафтуомад кунанд. Ҳангоми  убури марз аз онҳо ҳуҷҷате талаб карда мешавад, ки бемории коронавирус надоштанашонро тасдиқ намояд.  20-уми декабр ногаҳон Фаронса равуо бо Бритониёро қатъ кард. Читать дальше...


Музыкальные новости
Булат Окуджава

Урганта и Смехова исключили из концерта памяти Окуджавы: Вдова барда извинилась - в том числе, за проведение события





Rss.plus
Культура

Россия и Культура, Дети: в Пушкинский день театр кукол «Ульгэр» выступил в Мухоршибирском районе Бурятии




Находящийся на ремонте теплоход «Ломоносов» загорелся в Архангельске

Традиционный турнир по кудо в Нижнем Новгороде собрал более 200 спортсменов из разных регионов

Пушков: назначение Белоусова главой Минобороны сильно обеспокоило противников РФ

Владелец «Макфы» подал иск на 100 млн рублей к ток-шоу «Малахов»




Ваъдаи Русия барои коҳиши арзиши интиқоли меваву сабзаҷот аз Тоҷикистон

Ozodi.org 

Русия аз соли оянда барои интиқоли сабзавот ва меваҷот аз Тоҷикистон тариқи Роҳи Оҳан нархро паст мекунад. Ширкати Роҳи оҳани Русия эълон кард, ки тахфифи 50 фоийза аз 1-уми январи соли 2021 ҷорӣ шуда, то 31-уми декбар идома хоҳад кард. Тибқи омори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз кишвар беш аз 120 ҳазор тонна меваву сабзавот, ба монанди ангуру пиёз ва хушкмева ба маблағи зиёда аз 17 миллион доллар ба хориҷа содирот шудааст. Ин нишондиҳанда нисбати як соли пеш 5,5 миллион доллар бештар будааст. Читать дальше...

Иморот бархе маҳдудиятҳои сафар ба ин кишварро сабуктар мекунад

Ozodi.org 

Аз 24 декабр ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Араб баъзе маҳдудиятҳо барои  сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла барои тоҷиконро, ки оғози пандемия ҷорӣ карда буд,  сабуктар мекунад.  Телевизиони "Ал-Арабия" дирӯз гузориш дод, ки кишварҳои руйхати "Сабз" баъди вуруд ба Имороти Муттаҳидаи Араб  на 14, балки даҳ рӯз карантин хоҳанд кард. Тоҷикистон, Узбекистон ва Арбистони Саудӣ дар ин руйхат ҷой дода шудаанд.  Дар имороти мухталифи ин кишвар  баъзе маҳдудиятҳои хос ҳифз шудаанд ва мусофирон бояд пеш аз сафар дар бораи онҳо огаҳӣ пайдо кунанд. Читать дальше...

Ҳушдор аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои Тоҷикистон

Ozodi.org 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар чанд рӯзи оянда аз эҳтимоли фаромадани тарма ҳушдор додааст. Кумита бо такя ба маълумоти маркази обуҳавошиносӣ мегӯяд,  ҳаво  дар водиҳои Тоҷикистон то 26-уми декабр  то 10 дараҷа гарм мешавад. Бинобар ин, эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳи мошингарди  қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳи Душанбе-Чаноқ вуҷуд дорад. Аз ронандагон дархост шудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар  дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтиёт кор бигиранд. Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда... Читать дальше...

Дар Исроил интихобот нав баргузор мешавад

Ozodi.org 

Дар Исроил қарор аст баъди эҷоди шикоф дар  ҳукумати нахуствазир Бенямин Нетаняҳу дар ду соли охир интихоботи чорум баргузор шавад. Парлумони Исроил – Кнессет азбаски натавонист то соати 12-и шаби 22-юми декабр   сари масъалаи буҷа ба мувофиқа расад, рӯзи 23 декабр  пароканда шуд. Овоздиҳӣ моҳи март баргузор мешавад. Нетаняҳу аз рӯи парвандаи фасод дар додгоҳ посух медиҳад ва ӯву рақибаш Бенни Гантс ҳамдигарро дар суқути ҳукумат айбдор карданд. Моҳи маи имсол баъди интихоботи бенатиҷаи моҳи апрели... Читать дальше...

Бонки Миллӣ: "Муҳоҷирони тоҷик 9% камтар пул фиристоданд". Иддае розӣ нестанд

Ozodi.org 

Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, ба далели густариши бемории коронавирус ва баста будани марзҳо имсол интиқоли пули муҳоҷирон 9 дарсад кам шудааст. Баъзе аз иқтисоддонҳо тахмин мезананд, ки рақами воқеӣ метавонад аз ин бештар бошад.



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Урганта исключили из программы концерта памяти Булата Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)


Новак Джокович

Открытый чемпионат Италии: Новак Джокович получил сильный удар после выхода в третий раунд после Корантена Муте | Теннисные новости



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Google

OpenAI готовит конкурента поисковику Google, но на базе ИИ



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России