Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2020

Новости за 22.12.2020

"Муҳри махфӣ". Дар Додгоҳи Ҳисор ҳукм ва афви ҷавони муттаҳам ба таҷовузро шарҳ надоданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳукми Додгоҳи шаҳри Ҳисор, ки як ҷавони гумонбар ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғро мавриди афв қарор дод, дар саҳифаҳои интернетӣ баҳси зиёде ба по кард. Баъзе аз шаҳрнависон чунин рафтори додрасро танқид карда, "беаҳамиятӣ нисбат ба озору азияти ноболиғон" номиданд.

Таҳқиқоти РАО/РО: Наздикони Назарбоев дар 6 кишвар бо маблағи $785 миллион моликият доранд

Ozodi.org 

Як таҳқиқоти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) маълум кард, ки хешовандони собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар давоми 20 соли гузашта тахминан 785 миллион долларро барои хариди моликият дар шаш кишвари мухталиф сарф кардаанд. Таҳқиқоте, ки рӯзи 22 декабр нашр шуд, мегӯяд, ин тамоми моликияти фарзанду набераҳо, домоду дигар элитаҳои қазоқии наздик ба Назарбоев нест, вале аввалин бор аст, ки бо далелу санадҳо арзиши моликияти онҳо ҳисоб шудаанд. Ин мавзӯъ давоми солиёни дароз мавриди таваҷҷӯҳи матбуот қарор дошт. Читать дальше...



Сенати ИМА қонун дар бораи тадбир нисбати Беларусро қабул кард

Ozodi.org 

Сенати Амрико қонун  ”Дар бораи демократия, ҳуқуқи инсон ва истиқлолияти Беларус”-ро қабул кард. Ин қонун ба президент салоҳиятҳои иловагӣ ва ҳақ медиҳад, ки зидди мақомдорони Беларус, аз ҷумла, дар робита бо интихоботи президентии соли 2020, ки онро ИМА тақаллубшуда меҳисобад ва ҳам хушунат алайҳи эътирозгарон таҳрим ҷорӣ кунад. Қаблан ин тарҳи қонунро Маҷлиси намояндагон ҳам ба тасвиб расонид. Қарор аст ин қонунро президент Доналд Трамп имзо кунад. Дар қонун гуфта шудааст, ки таҳримҳо инчунин на танҳо нисбати шаҳрвандони Беларус... Читать дальше...

Шикояти нав алайҳи Йозеф Блаттер, собиқ президенти FIFA

Ozodi.org 

Федератсияи байналмилалии футбол ё FIFA алайҳи собиқ президенти ин созмон Йозеф Блаттери 84-сола як шикояти наве кардааст, ки ба моликияти осорхонаи Тсюрих рабт мегирад. Дар изҳороти рӯзи 22-юми декабр омадааст, ки  баъди ошкор шудани “мавридҳои зиёди муомилаҳои ҷиноӣ бо мақомоту ширкатҳои мухталиф тасмим шуд, ки ба як додситонии шаҳр шикояти расмӣ бурда шавад”.   FIFA гуфт, ки дар шикояти онҳо гуфта мешавад, ки Блаттер ва нафарони дигар дар осорхонае, ки соли 2016 боз шуд, мудохилаи мустақим доштанд. Читать дальше...



2020: "Хуб буд, чун комёбӣ доштем", "бад буд, наздиконро гум кардем". ВИДЕО

Ozodi.org 

Баъзе аз роҳгузарон дар Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 2020 барои онҳо чӣ гуна сол буд. Баъзе аз онҳо аз пандемияи коронавирус ва марги наздиконашон ёд оварданд, иддае дигар аз сабукӣ ва комёбӣ дар корашон.

Русия ба таҳримҳои аврупоӣ  посух дод

Ozodi.org 

Русия гуфт, ки феҳристи мақомдорони Иттиҳоди Аврупоро, ки аз ҳақи вуруд ба ин кишвар маҳруманд, тавсеа дод. Маскав гуфт, ки ин иқдом дар посух ба қарори ба қавлаш «ғайри қобили қабул»-и манъи сафари мақомдорони рус ба Аврупо дар паи заҳролудшавии Алексей Навалний, раҳбари мухолифони Русия гирифта шуд. Вазорати хориҷа дар Маскав  дар изҳороте гуфт, ки дар миёни таҳримшудаҳо аз 22-юми декабр он мақомоте мебошанд, ки «барои ташвиқи таҳрим ва ташаббусҳои зиддирусӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо» нақш доранд. Читать дальше...

CPJ: Имсол 30 рӯзноманигорро куштанд, 274 нафари дигар – дар зиндон

Ozodi.org 

Кумитаи дифоъ аз журналистон (The Committee to Protect Journalists) мегӯяд, имсол дар саросари ҷаҳон 30 журналист (21 нафар барқасдона) кушта шуданд. Ин рақам дар муқоиса ба омори соли 2019 ду баробар зиёдтар аст. Гузориш 22-юми декабр нашр шуд.

600 садамаи автомобилии тоҷикон дар Русия

Ozodi.org 

Мақомоти Русия мегӯянд, соли 2020 шаҳрвандони Тоҷикистон дар 599 ҳодисаи садамаи роҳ даст доштанд. Бино ба навиштаи Маркази бехатарӣ дар роҳҳои Русия, ки назди ВКД амал мекунад, дар маҷмӯъ дар 9 моҳи соли 2020 3,5 ҳазор ҳодисаи садама дар роҳ бо ширкати шаҳрвандони хориҷӣ рух додааст. Оҷонсии ТАСС, ки ин хабарро нашр кардааст, мегӯяд, аз назари шумор дар ҷои аввал шаҳрвандони Узбекистон мебошанд. Бо ширкати узбекистониҳо дар роҳҳои Русия то моҳи сентябр 797 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар 58 ҳолат бо марги инсонҳо анҷомидааст. Читать дальше...

Шаҳрвандони 8 кишвар аз ҳаққи вуруд ба Узбекистон маҳрум шуданд

Ozodi.org 

Тошканд ба шаҳрвандони 8 кишваре, ки бо афзоиши якбораи олудашавиҳо ба COVID-19 рӯбарӯ ҳастанд, ҳақи вуруд ба Узбекистонро манъ кард. Дар ин бора радиои Озодлик хабар медиҳад. Ба навиштаи ин манбаъ, як комиссиюни вижа дар умури муқобила бо коронавирус рӯзи 22 декабр қарор кард, ки шаҳрвандони Австралия, Австрия, Дания, Олмон, Итолиё, Ҳолланд, Африқони Ҷанубӣ ва Бритониёи Кабир ҳақ надоранд то 10 январ вориди хоки Узбекистони иборат аз 32 миллион ҷамъият шаванд. Шаҳрвандони Узбекистон, ки аз ин кишварҳо ба ватан бармегарданд... Читать дальше...

Дар Қирғизистон издивоҷи духтари 16-сола баҳсбарангез шуд

Ozodi.org 

Муовини сарвазири Қирғизистон Элвира Суроболдиева дастур дод, ки издивоҷи баҳсбарангези духтари 16-сола бо марди 31-сола дар ноҳияи Ҷетӣ-Оғузи вилояти Иссиқкӯли он кишвар таҳқиқ карда шавад. Дар бораи ин издивоҷ пештар ҳомии ҳуқуқ Комил Рӯзиев хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, духтар дар синфи 9-ум мехонад ва дар мактаб низ аз ин қазия огаҳ ҳастанд. Дар Раёсати пулиси вилояти Иссиқкӯл қазияро бо ҳадафи таҳқиқ ҳамчун издивоҷи марди калонсол бо ноболиғ ба қайд гирифтаанд. Суроболдиева ба Комиссияи давлатӣ дар умури динӣ низ тавсия додааст... Читать дальше...

ИМА барои кӯмак ба шаҳрвандонаш $900 млрд ҷудо мекунад

Ozodi.org 

Маҷлиси намояндагон ва Сенати ИМА рӯзи душанбе лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонданд, ки ҷудо кардани наздик ба 900 миллиард долларро барои пуштибонии шаҳрвандон ва ширкатҳои осебдида аз коронавирус пешбинӣ мекунад. Бар асоси қонуни нав, ба ҳар як амрикоии хурду бузург 600-долларӣ ҷудо хоҳад шуд. Вале ҳаҷми кумакпулӣ барои онҳое, ки дар сол беш аз 75 ҳазор доллар даромад доранд, кам карда мешавад. Кумакпулӣ барои бекорон низ то ба 300 доллар боло бурда шуда, муҳлати пардохти он то баҳори соли оянда тамдид карда мешавад. Читать дальше...

Registan TV: Туркия Абдукарим Мирзоевро ихроҷ нахоҳад кард

Ozodi.org 

Рӯзноманигор ва коргардони узбек Абдукарим Мирзоев, ки дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шуда буд, ба ватан истирдод намешавад. Дар ин бора канали онлайнии худи Мирзоев - Registan TV бо истинод ба Хадамоти муҳоҷирати Туркия иттилоъ дод. Хабарнигори сомонаи Gazeta.uz 19 декабр иттилоъ дод, ки блогер, рӯзноманигор, коргардон ва донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Туркия Абдукарим Мирзоеви 38-сола дар Истамбул дастгир шуд. Вакили дифои рӯзноманигор гуфтааст, касе ба пулис хабар додааст, ки Мирзоев бо шахсони шубҳанок телефонӣ суҳбат мекунад. Читать дальше...

Сарояндаи узбек бо гумони таҷовузи як ноболиғ ҳабс шуд

Ozodi.org 

Сарояндаи машҳури узбек Ж. У., ки дар дастдарозӣ ба номуси ноболиғ Ш.М. айбдор мешавад, 21 декабр бо қарори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Ба огаҳии додситонии шаҳри Самарқанд, зидди сароянда 9 октябри соли равон бо банди "Таҷовуз ба номус бо истифода аз заъфи ҷабрдида" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ш.М. ҳамроҳи вакили дифои худ М. Рустамова ба додситонии Самарқанд муроҷиат карда, норозигии худро ба рафти тафтишот баён кардаанд. Шикояти ҷониби ҷабрдидаро додситони вилояти Самарқанд Р. Читать дальше...

Эмкуниҳо дар ИМА ва Аврупо ва нигарониҳо аз вируси омехташуда дар Бритониё

Ozodi.org 

Рӯзи 22 декабр дар ИМА нахустин намунаҳои воксинаи Moderna ба кормандони тиб дода мешавад. Эмкунии воксинаи навро баъди як ҳафта пеш шурӯъ шудани эмкунии воксинаи навъи Pfizer-BioNTech оғоз карданд. Шурӯи эмкунӣ агар аз сӯе оҳи сабуке аз таҳдидҳои афзояндаи коронавируси нав бошад, аз тарафи дигар, ҳамоно аз назари  дастрас шуданаш ба ҳамагон дар моҳҳои наздик зери суол аст. Дар Амрико ба ҳисоби миёна дар як ҳафтаи гузашта ҳамарӯза 210 ҳазор нафари нав ба коронавирус олуда шуда, ҳоло 115 ҳазор нафар дар беморхонаҳо боқӣ мемонанд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Фрэнк Синатра

Обвиненный в серии изнасилований Кевин Спейси может сыграть Фрэнка Синатру





Rss.plus
Россия

Аналитики оценили изменение высоты новостроек в городах России за 5 лет




78.ru: мужчина пострадал во время стрельбы у станции метро в Петербурге

Жителям Коломны откроют новые грани творчества Айвазовского

В Москве таксист выстрелил в генерал-майора, сделавшего ему замечание за опоздание

Адвокаты Юревича не хотят отдавать "Макфу" быстро




Гузориши Бонки Осиёии Рушдро дар ин ҷо бинед (бо забони англисӣ)

Ozodi.org 

Бонки Осиёии Рушд дар пажӯҳише ошкор кард, ки пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд боиси 19% кам шудани гардиши мол шудааст. Ин дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, пулакӣ будани роҳ имкон додааст, сифати роҳ дар сатҳи хуб нигаҳдорӣ шуда, пайванди шимол ва маркази кишварро дар чаҳор фасли сол таъмин намояд.

Мизони нашъамандӣ дар Тоҷикистон поин омадааст?

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар кишвар мизони нашъамандӣ пойин рафтааст. Дар ин бора  Ҳабибулло Воҳидзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари  Тоҷикистон дар як ҷаласа  хабар додаанд. Ба гуфтаи ӯ, то 1 октябри соли ҷорӣ 5 ҳазору 130 нафар нашъаманд сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 245 нафар камтар будааст. Имкони санҷидани дурустии ин иттилоъ тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад. Ба қавли манбаъ, аксарияти маводи мухаддир, ки ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид мегардад... Читать дальше...

Боздошти ронандае дар Суғд баъди "худнамоӣ" бо "Жигули"

Ozodi.org 

Дар вилояти Суғд баъди таҳқиқи як навори видеоӣ сокини 23-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт карданд. Бино ба маълумоти  Раёсати вазорати корҳои дохилӣ, Мубин Мамадҷонов “ҳангоми рондани мошин худнамоӣ кардааст”. Ба қавли манбаъ дастгиршуда бо “Жигули”-и худ дар бевақтии шаб дар рӯ ба рӯи Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафуров намоишкорона воситаи нақлиётро дар ҷои ист бо суръати баланд давр занонидааст.  Навори ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гардиш даромад. Видеои мошинронии... Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ беш аз ду соат дар бораи чӣ гуфтанд?

Ozodi.org 

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, гуфт, ҳайати кишвараш дар даври дуввуми гуфтугӯҳо бо Толибон ба ҳифзи дастовардҳои кишвар дар 19 соли ахир пойфишорӣ мекунад.

Вазири меҳнат Ширин Амонзода бо мардикорзанон мулоқот кард

Ozodi.org 

Вазири нави меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон бо занони корҷӯ дар мардикорбозори шаҳри Бохтар мулоқот намудааст. Вазир Ширин Амонзода аз ин мулоқоташ рӯзи 21 декабр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дода, ҳамчунин чанд аксеро ҳам нашр кардааст. Бештари шореҳон дар шабакаи иҷтимоӣ барои чунин амал Ширин Амонзодаро намунаи ибрат барои дигар мансабдорони тоҷик номидаанд. Ӯ ба занон пешниҳод намудааст, ки барои  соҳибкасб ва бо кори доимӣ таъмин шудан, дар як ҳафта се маротиба аз курсҳои қаннодӣ, бофандагӣ... Читать дальше...



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Оззи Осборн

Оззи Осборн назвал Тони Айомми лучшим гитаристом, с которым он когда-либо играл




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса


Даниил Медведев

Даниил Медведев одолел 121-ю ракетку мира Меджедовича и вышел в 1/8 финала Рима



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России