Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2021

Новости за 01.04.2021

Даъвати баҳорӣ. "Хидматпулӣ" маълум нест, "шикор" давом дорад, "ихтиёриён бештаранд"

Ozodi.org 

Рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон бар асоси қонуни нав "Дар бораи хидмати ҳарбӣ" оғоз шуд, вале мақомот ҳанӯз нархи ба артиш нарафтанро эълон накардаанд. Дар Вазорати мудофиа гуфтанд, ба зудӣ ба ин масъала нуқта мегузоранд.



"Ё шаҳрвандии Қирғизистон, ё аз Тоҷикистон." Шикоят аз Бишкек, посух аз Лахшу Мурғоб

Ozodi.org 

Гуруҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон иддао кардаанд, ки дар хонаи наздикон дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) дармондаанд ва мақомоти тоҷик аз онҳо тақозои дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистонро мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, касеро барои гирифтани шаҳрвандӣ маҷбур накардаанд.

Ҳаҷвнигорони тоҷик мегӯянд, хандаҳо дар зери ниқоб монд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳаҷвнигорони тоҷик рӯзи 1-уми апрел дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар маҳфили ханда баргузор карданд. Онҳо гуфтанд, ба далели паҳншавии коронавирус як сол боз ҳаводорони худро аз наздик надида буданд.

Шаҳбоз Саидаброров дар мусобиқаи ҷудо дар Анталия ноком шуд

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam", ки 1-уми апрел дар Туркия оғоз ёфт, кори варзишгари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров барор нагирифт. Шаҳбоз бар асоси қуръакашӣ дар вазни то 60 кило ба рақобат аз даври дувум пардохт. Рақиби ӯ аз Туркия Солиҳ Йилдиз, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ва қаҳрамони Аврупо-2019 миёни навҷавонон, буд. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар муддати 2 дақиқаю 51 сония се огоҳӣ - “шидо” гирифт ва рақибаш бо баҳогузории “иппон” ғолиб дониста шуд. Ҳамин тариқ... Читать дальше...

Сокинони Кӯлоб аз сохтмонҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ нигаронанд

Ozodi.org 

Гӯрӯҳе аз сокинони маҳаллаи Сайфиддин Сангови Кӯлоб шикоят доранд, ки мақомот бо ваъдаи бунёди майдончаҳои бозӣ дарахтони сарсабзе ки мардум шинонда буданд бурида, ба сохтани мағозаҳо пардохтаанд.

Курсии Иззат Амон дар маркази кумак ба муҳоҷирон холист

Ozodi.org 

Ғайб задани Иззат Амон,ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав ва боздошташ дар Душанбе, фаъолияти минбаъдаи Маркази тоҷиконро дар пойтахти Русия дар ҳолати номуайянӣ қарор дод. Ҳамкоронаш мегӯянд,марказе ки то як ҳафтаи пеш барои муҳоҷирон хонаи умед буд,ҳоло ба мисли курсии раҳбараш холист.



Тоҷикистону Эрон зиндониёни худро мубодила карданд

Ozodi.org 

Тоҷикистону Эрон як нафарӣ аз шаҳрвандонашонро, ки дар зиндонҳои якдигар адои ҷазо мекарданд, мубодила ё иваз карданд. Ҳамчунин як зиндонии эронӣ, ки аз сӯи президенти Тоҷикистон афв шуд, ба кишвараш бозгаштааст. ИРНА -- хабаргузории давлатии Эрон рӯзи панҷшанбе аз қавли масъули бахши ҳуқуқи башар ва робитаҳои байналмилалии Додситонии кулли он кишвар дар ин бора хабар дод. Ба иттлои манбаъ, ин мубодилаи зиндониён дар пайи сафари Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии он кишвар ва гуфтугӯи... Читать дальше...

Фиристодаи СММ аз эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ дар Мянмар ҳушдор дод

Ozodi.org 

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Мянмар ба Шӯрои Амният гуфт, ин кишвар бо эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯст. Вай афзуд, дар ҳоле ки артиш саркӯби норозиёнро сахттар мекунад, "хунрезӣ ногузир аст".

Рақибони варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар Анталия маълум шуданд

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо " ", ки имруз, 1-уми апрел, дар Анталияи Туркия оғоз мешавад, Тоҷикистонро се варзишгар -- Шаҳбоз Саидаброров, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов намояндагӣ мекунанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи "Antalya Grand Slam 2021" иштироки 440 варзишгар (269 мард ва 171 зан) аз 93 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст. Тоҷикистонро дар сабқати мардон Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни... Читать дальше...

Навалний дар эътироз ба дарёфт накардани кӯмаки тиббӣ гуруснанишинӣ эълон кард

Ozodi.org 

Алексей Навалний, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Русия рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми март дар эътироз ба маҳрум карданаш аз хадамоти тиббӣ, гуруснанишӣ эълон кард. Ӯ ҳафтаи гузашта эълон карда буд, ки аз дарди сахт дар камар ва пойҳояш ранҷ мебарад. Ба гуфтаи Алексей Навалний, кормандони зиндон давоми шаб ҳар соат ӯро аз хоб бедор мекунанд ва раҳбарияти зиндон то ҳанӯз ба дархостҳо барои дарёфти кӯмакҳои тиббӣ посух надодааст. Ин раҳбари мухолифони ҳукумати Русия дар як нома ба раиси зиндон, ки рӯзи... Читать дальше...

Русия бо эъломи хатари ҷанг, ба марзҳои Украина неру фиристод

Ozodi.org 

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, ки Кремл аз "афзоиши шиддат" дар Донбасс нигарон аст. "Ҷониби Украина мумкин аст, бо роҳандозии иғво ҷанге шуруъ кунад. Албатта, мо намехоҳем, ки чунин шавад", - гуфт Песков. Руслан Хомчак, фармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Украина хабар дода буд, ки Русия ба марзҳои Украина чаҳор ҳазор неруи иловагии низомӣ ва техникаи низомӣ интиқол додааст. Рӯзи 26 март дар вилояти Донестк дар натиҷаи оташкушоии ҷудоихоҳони рӯ ба Русия чаҳор низомии Украина кушта шуд. Читать дальше...

Қирғизистон тасмим дорад, бо кӯмаки муҳоҷирон аз Русия воксин харидорӣ кунад

Ozodi.org 

Вазири ҳифзи тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев гуфт, барои харидории воксини русии зидди коронавирус "Спутник V" бо тоҷирони қирғизистонии муқими Русия гуфтугӯ дорад. Ба гуфтаи вазир, ба ҷуз ин, Қирғизистон интизор дорад, ки дар моҳҳои наздик 500 ҳазор вояи воксини "Спутник V" вориди кишвар мешавад. Дар бораи дастрасии ин миқдор вояи воксин президентҳои ду кишвар созиш ҳосил карда буданд. "Мо айни замон дар навбат истодаем. Русия тасмим дорад, дар охири моҳи апрел, ё моҳҳои май-июн воксини ваъдагиро фиристад. Читать дальше...

Расонаҳо: роҳи ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон 1 апрел боз мешавад

Ozodi.org 

Расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар доданд, ки роҳи ҷазирақаламрави ин кишвар рӯзи 1 апрел боз мешавад. Ба иттилои расонаҳо, дар мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон бо Узбекистон, ки рӯзҳои 24-25 март дар шаҳри Тошканд сурат гирифт, тасмим шуд, ки бархе аз монеаҳои марзӣ бардошта шаванд. Ба ин тартиб, роҳи самти ноҳияи Сӯх тавассути Риштон рӯзи 1 апрел боз хоҳад шуд. "То ин дам агар барои ворид шудан ба ин ноҳия мебоист 80 км роҳро тай кард, акнун ҳамагӣ 19 км масирро тай кардаву ба Сӯх хоҳем расид"... Читать дальше...

Мақомот манзили блогери латукӯбшударо дар Тошканд бозҷӯӣ карданд

Ozodi.org 

Мақомоти қудратии Узбекистон рӯзи 30-юми март манзили блогери латту кӯбшуда Миразиз Бозоровро бозҷӯӣ карданд. Мақомот бидуни тартиб додани санад, ҳуҷҷатҳо ва компютери Бозоровро бо худ бурдаанд. Ҳамчунин манзили модари Бозоров бозҷӯӣ шудааст. Кормандони вазорати корҳои дохилӣ дастгоҳи аккосиву наворбардорӣ ва телефонҳои куҳнаи Бозоров, инчунин компютери модари ӯро бурдаанд. Аммо ин бор санад тартиб додаанд. Аз рӯи ҳодисаи латукӯби Бозоров бо моддаи "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз шудааст. Читать дальше...

"Шиканҷаву таҳдид бисёр, озодӣ камтар аст." Амрико бори дигар Тоҷикистонро танқид кард

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳида мақомоти Тоҷикистонро барои рабудани мухолифин дар хориҷа, шиканҷаи боздоштшудаҳо, таҳдид ба фаъолону рӯзноманигорон ва маҳдудияти озодии баёну ақида танқид кардааст.



Москва

В Бурятии театр готовит премьеру о войне СССР и Монголии с Японией: Россия, Культура, Победа


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Shaman

Shaman встретился с подростком, который заработал на его концерт мытьем машин




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Строительные леса обрушились у здания спортшколы на Новочеремушкинской улице

Семьи из Подмосковья поборются за выход в финал конкурса «Это у нас семейное»

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков


Ига Свёнтек

Свёнтек высказалась об акции протеста экоактивистов, выбежавших на корты Рима



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Михаил Кутушов

Не чувствую руку: Доктор Кутушов рассказал к чему приводит частое онемение конечностей



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России