Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2021

Новости за 02.04.2021

Даҳҳо муҳоҷир дар тазоҳуроти назди сафорати Тоҷикистон боздошт шуданд

Ozodi.org 

Пулиси Маскав даҳҳо муҳоҷири тоҷикро, ки бо талаби озодии Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар назди сафорати Тоҷикистон бо нишони эътироз ҷамъ омада буданд, боздошт кардааст. Наздики 200 тан аз муҳоҷирон рӯзи 2‑уми апрел назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омаданд ва дар наворҳое, ки аз ин маҳал дастраси Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, онҳо талаби раҳоии Иззат Амон аз боздошт дар Душанберо доранд. Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик рӯзи 25‑уми март дар Маскав нопадид шуд. Чанд рӯз баъд мақомоти Тоҷикистон гуфтанд... Читать дальше...

Мақомоти Қазоқистон: дар моҳҳои апрел-июн эҳтимол то 250 ҳазор кас мубталои коронавирус шавад

Ozodi.org 

Алексей Тсой, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон се пешомади вазъи беҳдоштии кишварашро номбар кард. Тсой гуфт, аз рӯи "сенарияи бадтарин" дар моҳҳои апрел-июн дар он кишвар то 370 ҳазор кас ба коронавирус мубтало ва 190 ҳазор кас бистарӣ хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи вазир, аз рӯи "сенарияи воқеӣ" дар се моҳи оянда дар Қазоқистон мумкин аст, то 250 ҳазор кас мубталои коронавирус ва 127 ҳазор кас аз ин шумор дар беморхона бистарӣ шавад. Аз рӯи "сенарияи хушбинона" дар моҳҳои апрел-июн мумкин аст... Читать дальше...

Умед Бобохонов: Бастани сомонаи “Азия-Плюс” ба касе фоидае наовардааст

Ozodi.org 

Хабаргузории “Азия Плюс” имрӯз, 2‑уми апрел 25‑солагии таъсисашро таҷлил кард. Солҳои ахир нашрия ва радиои “Азия Плюс” ба яке аз пешсафони фазои иттилоотии Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Дастрасӣ ба сомонаи ин хабаргузорӣ аз ду сол қабл масдуд шуда, ҳоло масъулони ин хабаргузорӣ маҳсули корашонро ба муштариён бештар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мерасонанд. Агар дар гузашта сомонаи “Азия Плюс” то 40 ҳазор хонанда дошта бошад, ҳоло ҳудуди ним миллион мухотаб ҳамарӯза маводи ин расонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутолиа мекунанд. Читать дальше...



Дар Туркманистон маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19-ро бекор мекунанд

Ozodi.org 

Дар Туркманистон маҳдудиятҳое бекор мешаванд, ки мақомоти он кишвар дар пайи вабои сартосарии коронавирус ҷорӣ карда буданд. Баъди як соли қатъи гардиши дохилии қатораву автобусҳо равуои ин навъи нақлиёт дубора иҷозат дода мешавад ва меҳмонхонаҳо дубора дарҳояшонро боз мекунанд. Ҳукумати он кишвар ҳамон тавр, ки мавҷудияти COVID-19-ро дар Туркманистон эътироф накард, ҷорӣ кардани маҳдудиятҳову бекор кардани онҳоро низ шарҳ надод. Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи расонаҳо, сатҳи баланди гирифторӣ ба... Читать дальше...

"Дар Тошканд бекорхӯҷаҳо боқӣ намемонанд". Шаҳрдорӣ ба ҷавонон ҷои кор ваъда дод

Ozodi.org 

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, шаҳрдори Тошканди Узбекистон ваъда дод, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ бекориро миёни ҷавонон барҳам хоҳад зад. Вай дар мулоқоти рӯзи 31 март гуфт, тасмим дорад, бо кӯмаки бахши хусусӣ ба ин ҳадаф бирасад. "Дар Тошканд 87 ҳазор ширкат мавҷуд аст. Ин ширкатҳои устувор ҳастанд, мо ба ҳар кадоми онҳо 1-нафарӣ мефиристем, ба ин тартиб, 87 ҳазор кас соҳиби ҷойи кор мешавад", - гуфт Ортиқхоҷаев. Ба гуфтаи раиси шаҳр, дар Тошканд 23 ҳазор ҷавон бе ҷои кор ҳастанд. "Дар ибтидои сол теъдодашон ба 27 ҳазор мерасид... Читать дальше...

Тарс ё дурӯғ? Кумитаи андоз дороии мансабдорони тоҷикро ошкор намекунад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мансабдорони тоҷик ё хизматчиёни давлатӣ дар бораи дороиҳои худ ба Кумитаи андоз ҳисобот додаанд. Аз ҷумла, мақомдорон маълумот пешниҳод карданд, ки дар соли гузашта чӣ қадар даромад доштанд ва молу мулкашон чӣ миқдор кам ё зиёд шудааст. Вале ин маълумот расман пахш карда намешаванд ва ҷомеа дар бораи дороиҳои мансабдорон намедонанд. "Посухи ин суол 50 ба 50 аст" Ёдгор Файзов се соли ахир раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст. Мегӯяд, мисли ҳама мансабдорони дигар дар бораи дороиҳояш ба Кумитаи андоз эъломия пешниҳод кардааст. Читать дальше...

Садамаи қатора дар Тайван даҳҳо кушта ба ҷо гузошт

Ozodi.org 

Дар шарқи Тайван қатори мусофирбари Taroko Express аз масираш берун рафта, ба садама дучор шуд. Қатор бештар аз 350 мусофир дошт. Дар ин садама 36 кас кушта ва 72 каси дигар маҷруҳ шудааст. Расонаҳо менависанд, шумори дақиқи кушташудаҳову маҷруҳон муайян нест. Бархе аз расонаҳо аз марги 72 кас хабар медиҳанд. Ба иттилои пешакӣ, садама ҳангоме рух додааст, ки қатор вориди нақб шудааст. Рӯи роҳи қатор мошини борбаре аз баландии 20 метр афтида ва боиси садамаи қатора шудааст. Хабаргузории Reuters менависад... Читать дальше...

Мақомоти Узбекистон рӯзноманигори хориҷиро дар нашри иттилои бардурӯғ айбдор карданд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 1 апрел изҳоротеро нашр кард, ки дар он рӯзноманигори лаҳистонӣ Агнешка Пикулитска дар нашри иттилои муғризона дар бораи блогерри латукӯбшуда Миразиз Бозоров айбдор шудааст. "Ба шумо хабарнигори телевизиони "Ал-Ҷазира" Агнешка Пикулитскаро муаррифӣ мекунем, ки аз вазорати корҳои хориҷии мо моҳи феврали имсол парвонаи кор гирифта, дар Узбекистон фаъолият мекунад. Ин рӯзноманигор ба ҳаводисе, ки бо блогер Миразиз Бозоров рух дод, муғризона рафтор карда, дар... Читать дальше...



Пулиси Қирғизистон марги як корманди вазорати хориҷиро таҳқиқ мекунад

Ozodi.org 

Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон марги Бахтиёр Шокиров, корманди вазорати корҳои хориҷии он кишварро таҳқиқ мекунад. "Озмоиш таъйин шудааст, ки баъди мушаххас шудани он иттилои бештар ироа хоҳад шуд", - гуфт Улан Ҷумаков, сухангӯи пулиси шаҳри Бишкек. Расонаҳои он кишвар рӯзи 1 апрел дар бораи марги Бахтиёр Шокиров иттилоъ доданд. Ба иттилои пешакӣ, вай шаби 1 апрел ба Маркази миллии ҳифзи модару кӯдак рафта, сузандору гирифтааст. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи воксинзании Шокиров зидди COVID-19 хабар дода мешавад. Читать дальше...

То ҳол посухи қотеъ дар бораи сарчашмаи COVID-19 вуҷуд надорад

Ozodi.org 

Гурӯҳи коршиносон натиҷаи тадқиқоти худро дар мавриди сарчашмаи СOVID-19 дар Чин нашр кард. Тадқиқотро пажӯҳишгарони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳамроҳ бо олимони чинӣ гузарониданд. Ҳадаф ин буд, ки ба суоли аз куҷо пайдо шудани коронавирус ва чи гуна хуруҷ кардани он посух дода шавад.

Баъди шуруи даргирӣ дар Донбасс, ИМА неруҳояшро ба ҳолати омодабош даровард

Ozodi.org 

Дар пайи дубора авҷгирии тирпарронӣ дар марзи Украина бо Русия, ИМА неруҳои мустақар дар Аврупоро ба ҳолати ҷангӣ даровардааст. Дар ин бора нашрияи Politico бо такя ба манобеи расмии ИМА хабар медиҳад. Ба иттилои нашрия, рӯзи 1 март ҳавопаймоҳои тирандози НАТО, дар посух ба чанд парвози тирандозҳо ва бомбафканҳои Русия дар наздики марзҳои эътилоф, 10 маротиба парвоз кардаанд. Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин дар суҳбати телефонӣ бо вазири мудофиаи Украина Андрей Тарану гуфтааст, ки дар сурати "авҷгирии хушунати Русия" дар Донбасс... Читать дальше...

Эъломияи мансабдорони тоҷик дастраси умум нахоҳад шуд

Ozodi.org 

Мақомдорони тоҷик маълумот пешниҳод карданд, ки дар соли гузашта чӣ қадар даромад доштанд ва молу мулкашон чӣ миқдор кам ё зиёд шудааст. Вале ин маълумот расман пахш намешавад ва ҷомеа намедонад, ки мансабдорон дар куҷо ва чӣ қадар моликият доранд.

Омбудсмен ба дархости хешони аъзои зиндонии ҳизби наҳзат "не" гуфт

Ozodi.org 

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ё Омбудсмен дар посухи номае ба пайвандони зиндониёни узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гуфтааст, дарёфти кӯмак аз афроде, ки бо иттиҳоми “терроризм” ҷустуҷӯ мешаванд, хилофи қонун аст. 17-уми марти имсол чор нафар аз наздикони зиндониён дар номае аз Омбудсмен хостанд, шарҳ диҳад, ки бо кадом асос онҳоро аз гирифтани кӯмак аз пайвандонеашон, ки дар хориҷ ҳастанд, маҳрум кардаанд. Аксар пайвандони фаъолони зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ... Читать дальше...

Владимир Познер маҷбур шуд бо меҳмонҳояш Гурҷистонро тарк кунад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Журналист ва барандаи ТВ-и Русия Владимир Познер маҷбур шуд, ки баъди эътирозҳо аз сафараш ба Тифлис Гурҷистонро тарк карда ба Маскав баргардад. Познер, ки 1-уми апрел 87-сола шуд, мехост дар як тарабхонаи канори пойтахти Гурҷистон шаҳри Тифлис ҳамроҳ бо 40 меҳмонаш, ки ҳамроҳи ӯ савори ҳавопаймои шахсӣ рафта буданд, зодрӯзашро таҷлил кунад. Дар фурудгоҳи Тифлис Познер ба журналистон гуфт, “ман барои таҷлили зодрӯз омадам, на барои баррасии масоили сиёсӣ”. Мухолифони Гурҷистон ҳанӯз то замони фуруд... Читать дальше...

Иҷозатномаи фаъолияти се донишгоҳи Қазоқистон бекор шуд

Ozodi.org 

Вазорати маориф ва илми Қазоқистон дар бораи бекор кардани иҷозатномаи фаъолияти се муассисаи олии таҳсилотии ин кишвар хабар дод. Ин муассисаҳо Донишгоҳи техникиву гуманитарии Актау, Донишгоҳи "Остона" ва Донишгоҳи Осиёи Марказии Қазоқистон ҳастанд. Сабаби бекор шудани парвонаи кори онҳо нагузаштан аз марҳилаи баъди сабти ном шудан будааст. Муассисаҳои мазкур иҷозат надодаанд, ки коршиносони Маркази мустақили сабти номи донишгоҳҳо дар Қазоқистон фаъолияти онҳоро санҷанд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд... Читать дальше...

Парлумони Арманистон низоми интихоботро тағйир дод

Ozodi.org 

Парлумони Арманистон ба қонуни интихоботи кишвар тағйирот ворид кард, вале ба гуфтаи мухолифон, ин тағйирот ба нахуствазир Никол Пашинян имкон медиҳад, ки ба осонӣ дар интихоботи моҳи июн пирӯз шавад. Дар парлумони Арманистон ҳизби “Иқдоми ман”-и Никол Пашинян аксариятро ташкил медиҳад ва бар асоси тағйироти анҷомшуда, ба узвияти парлумон акнун аз ҳисоби рӯйхатҳои ҳизбӣ шомил хоҳанд шуд. То ҳол қонуни интихобот ҳақ медод, ки ба парлумон ҳам намояндагони ҳизбҳо, номзадҳои инфиродӣ, намояндагони гурӯҳу созмонҳои мухталиф шомил шаванд. Читать дальше...

Билети Душанбе-Маскав дар билетфурӯшии Агентии алоқаи ҳавоӣ ба роҳ монда шудааст

Ozodi.org 

Ширкати "Сомон-эйр" эълон кард, ки субҳи 2-уми апрел фурӯши билетҳо ба самти Душанбе-Маскавро дар билетфурӯшии Агентии алоқаи ҳавоӣ оғоз кардааст. Интизор меравад, ки ҳавопаймои ин ширкат рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда аввалин парвози худро ба ин самт анҷом бидиҳад. Нархи  билети парвоз ба Маскав аз Душанбе 349 доллар ва бозгашт 143 доллар таъйин шудааст. Ширкати ҳавоии Utair мегӯяд, парвози ҳавопаймои онҳо аз Душанбе ба Маскав соати 2-и шаби 3-юми апрел ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи 249 билет ба ин павроз ба фурӯш рафтаанд. Читать дальше...


Музыкальные новости
Антонио Вивальди

30 мая «Времена года» Антонио Вивальди прозвучат в Эрмитаже





Rss.plus
Динамо

"Динамо" обыграло "Балтику", дважды забив в компенсированное время




Педагогический фестиваль прошел в Наро-Фоминске

За организацию незаконной миграции в Подмосковье задержаны 15 человек

Цены на нефть растут на данных о снижении запасов сырой нефти в США

В столице показали возможности «цифрового двойника» электродепо «Бирюлевское»




Ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистон аз Алмаато барои надоштани маълумотномаи COVID-19

Ozodi.org 

Расонаи қазоқии “Кабар-24” менависад, як зодаи Тоҷикистонро, ки аз Душанбе ба Қазоқистон парвоз кардааст, барои надоштани ташхиси тибии зидди COVID-19  аз фурудгоҳи Алмаато ихроҷ кардаанд. Маълум нест, ин шаҳрванди Тоҷикистон чӣ гуна бидуни  санади  ташхиси манфии коронавирус  ба ҳавопаймо роҳ ёфтааст, зеро доштани ин гуна маълумотномаи тиббӣ яке аз талаботи асосӣ барои сафари шаҳрвандон  ба давлатҳои дигар аст.  Баъди танаффуси яксола  дар аввали моҳи марти имсол байни  Душанбеву Аламаато  парвози  доимӣ   барқарор шуд. Читать дальше...

Бархе минтақаҳои Тоҷикистон гуфтанд, нақшаи даъват ба артишро иҷро кардаанд

Ozodi.org 

Дар рӯзи нахустини шурӯи мавсими баҳории даъват ба артиш баъзе минтақаҳои Тоҷикистон аз иҷрои нақша хабар дод. Аз ҷумла, тибқи  ҳисобот   ноҳия Рашт, Дарвозу Шуғнон, шаҳри Хоруғ ва     деҳоти Воруху  Чоркуҳи  Исфара нақшаи пешбинишударо “барзиёд” иҷро намуданд. Ба гуфтаи мақомот, “ҳамаи ин наваскарон бо хоҳиши худ”  ба комиссаритҳои ҳарбӣ ҳозир шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола бо оғози  мавсими давъат   шикоятҳо дар бораи тариқи  сарбозшикор  ё облава бурдани  ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ  расонаӣ мегардад. Читать дальше...

ФСБ гуфт, аз як амалиёти террористӣ ҷилавгирӣ кард

Ozodi.org 

ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия мегӯяд, дар  қаламрави Твер аз “талоши ҳамлаи террористӣ” ва “инфиҷори яке аз иншооти муҳими энергетикӣ” ҷилавгирӣ шудааст. Ба қавли  ин хадамот, ҷиняткор узви  гурӯҳи ба ном Давлати Исломӣ  ва зодаи  Осиёи Марказӣ буда, шиносномаи Русияро доштааст.  Ба қавли ин ниҳои амниятӣ, ҳамлагари эҳтимолӣ ба ҳангоми  муқовимат  ба боздошташ нобуд карда шудааст.  Тасдиқи дурустии ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад. Мақомоти русӣ гуфтанд, дар маконе, ки ӯ безарар карда шуд... Читать дальше...

Созишномаи бозсозии роҳи Қизилқалъа-Бохтар имзо шуд

Ozodi.org 

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии «Дай Ниппон Констракшн» дар мавриди  бозсозии қитъаи роҳи Қизилқалъа-Бохтар созишномае ба имзо расонданд. Дар хабарномаи вазорат  омадааст,  аз ҳисоби маблағи грантии ҳукумати Ҷопон, ки беш аз 30 миллион долларо ташкил медиҳад, зиёда аз 9 километр  қитъаи роҳ таъмир мешавад. Интизор меравад, бозсозии роҳи мазкур дар аввали  соли 2023  анҷом ёбад. Қарордоди грантии ин лоиҳа  байни ҳукумати Тоҷикистон   ва Оҷонсии байналмилалии ҳамкории Ҷопон ҳанӯз   моҳи сенятбри соли 2017 имзо шуда буд. Читать дальше...

Омӯзгоре дар Рӯшон барои нақзи қонуни танзим муҷозот шуд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон як омӯзгори мактаби миёнаро   барои вайрон кардани  қонуни баҳсбарангези танзими расму оинҳо ҷарима кардаанд.  Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод, ки  омӯзгори мактабе дар ноҳияи Рӯшон    зодрӯзашро дар ҳалқаи 45 меҳмон, ки аксарият ҳамкоронаш будаанд,  дар ошхона ҷашн гирифтааст. Ҳамчунин ба ин маърака овозхонро даъват кардаанд, ки, ба қавли додситонӣ, низ нақзи қонун маҳсуб меёбад. Дар натиҷа, бо қарори додгоҳ  омӯзгор ва сароянда  ҷарима шуданд. Ҳамчунин  додситонии ноҳияи Рӯшон... Читать дальше...

Шӯрои амнияти СММ хушунатҳои Мянмарро маҳкум кард

Ozodi.org 

Дар як изҳороти дастаҷамъӣ аъзои Шӯрои амнияти СММ истифодаи хушунат алайҳи эътирозгарон ва марги садҳо фарди мулкӣ дар Мянмарро ба шиддат маҳкум карданд, дар ҳоле, ки Чин талош намуд аҳамияти мавзӯъро камтар нишон диҳад. Дар изҳороте, ки рӯзи 1-уми апрел нашр шуд, омадааст: “Аъзои Шӯрои амният аз вазъи босуръат тағйирёбанда нигаронии амиқ баён мекунад ва истифодаи хушунат алайҳи эътирозгарони сулҳомез ва  марги садҳо мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдаконро маҳкум мекунад”. Кишварҳои ғарбӣ хостори иловаи ибораи “иқдоми бештар” буданд... Читать дальше...



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о роли несырьевого экспорта в российской экономике


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Кажется, мы начинаем забывать Урганта: ведущего не пустили на 100-летие Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы


Анна Калинская

Калинская проиграла Свитолиной и не смогла выйти в 1/8 финала турнира в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России