Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2021

Новости за 05.04.2021



Ҷанҷол дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо ташаббуси кӣ сар зад?

Ozodi.org 

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, навори ҳамлаи як ҷавони тоҷикро ба корманди ин намояндагӣ дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт ва масъулон гуфтанд, Шамил Мустақимзода ба як муҳофиз бо корд ҳамла кардааст. Баръакси ин, Мустақимзода дар наворе дар Ютуб иддао мекунад, ки ӯро барои ришаш “заданд”.



Артиши Афғонистон ноҳияи калидӣ дар ҷанубро аз дасти Толибон озод кард

Ozodi.org 

Нирӯҳои амниятии Афғонистон ноҳияи калидиеро дар вилояти Қандаҳор аз дасти Толибон озод карданд. Ба иттилои рӯзи 5-уми апрели вазорати дифои Афғонистон, дар ин амалиёт даҳҳо ҷангиён куштаву захмӣ шуданд.  Мақомоти маҳаллӣ инчунин тасдиқ карданд, ки рӯзи 4-уми апрел ноҳияи Арғандоб аз дасти Толибон озод карда шуд. Вазорат дар як изҳороте мегӯяд, ки дар ин амалиёт 37 ҷангӣ куштаву 28 танашон маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои нирӯҳои амниятӣ, “90 мотосикл” ва “шумори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангиён” ба ғанимат мондааст. Читать дальше...

Зани саргардон барои фарзандонаш сарпаноҳ меҷӯяд

Ozodi.org 

Се сол ба ин тараф мактаб интернатҳои Тоҷикистон кӯдакони зиндаятимро қабул намекунанд. Дар ин байн як модари серфарзанд аз ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ки дар танҳоӣ ва бидуни кӯмаки давлат аз ӯҳдаи тарбия фарзандонаш намебарояд.Сарвинози Руҳуллоҳ ва Шаҳлои Абдуллоҳ дар ин бора гузориш медиҳанд.

Ҳизби нахуствазири Булғористон пирӯз мешавад, вале барои ташкили кабина мубориза идома дорад

Ozodi.org 

Ҳизби марказгарои ГЕРБ-и Бойко Борисов, нахуствазири Булғористон зоҳиран  ғолиби интихоботи 4-уми апрели парлумонӣ мешавад, вале барои ташкили ҳукумат мубориза идома хоҳад ёфт. Ҳисобу китоби 60 дарсади овозҳо субҳи 5-уми апрел баёнгари он аст, ки бо 25,3 дарсади овозҳои ҳисобшуда ГЕРБ пештози интихобот аст. Ба иттилои комиссиюни интихоботҳои Булғористон, ҳизби “Чунин мардуме вуҷуд дорад” 18,5 дарсад ва сотсиалистҳо 15 дарсади овозҳоро бурдаанд.  Натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар рӯзҳои наздик маълум мешавад. Читать дальше...

Президенти Шӯрои Аврупо: ҷангиёни хориҷӣ бояд хоки Либияро тарк кунанд

Ozodi.org 

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар пайравӣ аз Шӯрои амнияти СММ аз ҳамаи нирӯҳои хориҷӣ хост, ки хоки Либияро тарк кунанд. Мишел дар нишасти хабарии шаҳри Триполи рӯзи 4-уми апрел гуфт, ки як “пешшарти” бозгашти субот ба Либия ин тарки кишвар кардани ҳама нирӯҳои хориҷӣ мебошад. Шӯрои амнияти СММ моҳи гузашта аз ҳама ҷонибҳои низоъ дар Либия хост, ки интиқоли нарми қудратро ба дасти ҳукумати гузор таъмин кунанд ва аз кишварҳои дигар хост, ки “бетаъхир” ҷангиёнашонро аз хоки Либия берун кашанд. Читать дальше...

Дар Покистон як додраси додгоҳи терроризм бо аъзои оилааш кушта шуд

Ozodi.org 

Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки дар як ҳамла дар водии Свот як додраси додгоҳи терроризм ва се узви оилаи ӯ кушта шуданд. Полис гуфт, вақте додрас Офтоб Афридӣ, ҳамсараш, келин ва набераи дусолаи онҳо рӯзи 4-уми апрел аз маросими тӯе бармегаштанд, мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтанд. Дар ин ҳодиса муҳофиз ва ронандаи Афридӣ шадидан маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамлагарон баъди ин сӯиқасд ба макони ношинос фирор намуданд. Полис гуфт, ки рӯзи 5-уми апрел аз рӯи ин қазия чор гумонбар боздошт шуданд. Як мақоми полис гуфт... Читать дальше...

Тоҷикистон дар интизори ваксинаҳо аз Чину Русия. Беш аз 13,5 ҳазор тан ваксинаи "Астразенека"-ро гирифтаанд

Ozodi.org 

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол аз истифодаи ваксинаи "Астразенека" дар кишвар касе бо аворизи бад рӯбарӯ нашудааст. Мутахассисони бахши тандурустӣ мегӯянд, ки дар шароити набудани имкони интихоби шакли эмгирӣ, ночоранд аз ин ваксина истифода кунанд. Дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми март эмгузаронӣ ба зидди коронавирус оғоз шуд. Барои ин кор кишвар 192 ҳазор воя ваксинаи "Астразенека"-ро дарёфт карда, дар назар аст ваксинаҳои русӣ ва чиниро дастрас кунад. Эмомалӣ Мирзоев... Читать дальше...

"Фараж": Баъди марги се заҳролудшуда дар Кӯшониён сардухтурро барканор карданд

Ozodi.org 

Вебсайти "Фараж" менависад, баъди ҳодисаи аз ғизо заҳролуд шудани 11 нафар дар ноҳияи Кӯшониён ва даргузаштани се нафари онҳо,  сардухтури беморхонаи ҷамоати деҳоти Заргар аз мақомаш барканор шуд. Вебсайт, ки ин хабарро аз ҳафтаи гузашта пайгирӣ мекунад, рӯзи 5-уми апрел навишт, ки мақомоти маҳаллӣ Идибек Боймуродзодаро барои "беэътиноӣ" ба қазияи якбора заҳролуд шудани 11 нафар, ки бо марги як зану ду  кӯдак аз оилаи Солиевҳо анҷомид, аз мақомаш барканор карданд.   Дар хабар омадааст, ки шаби... Читать дальше...

Тоҷикҳову украиниҳо дар талоши дарёфти шаҳрвандии Русия аввал шуданд

Ozodi.org 

Cоли гузашта тоҷикҳо ва украиниҳо беш аз ҳама шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд. Дар ин бора вебсайти RT бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ додаастТо. Мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи аҳолии Донишгоҳи давлатии Маскав мегӯяд, зодагони Тоҷикистон ва Украина  бо шумули Қазоқистон ва Арманистон, дар гирифтани шиносномаи русӣ аз ин пештар ҳам пешсаф буданд. Тибқи  маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар ду моҳи соли ҷорӣ наздики 100 ҳазор зодагони кишварҳои хориҷӣ  шаҳрвандии Русияро соҳиб шуданд. Читать дальше...

"Банкоматро шикасту... 80 сомонӣ ёфт"

Ozodi.org 

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон банокомати пулгузарониро шикаста аз дохилаш 80 сомонӣ  дуздидаанд. Маълум нест, ки ин кори дасти кист, вале ҳисоб шудааст, ки нархи банкомати шикасташуда  6 ҳазору 80 сомонӣ будааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, вобаста ба ин ҷинноят ҳамчун гумонбар як сокини 21-солаи ноҳияи Қубодиён дастгир гардид. Шарикони дигараш ҷустуҷӯ мешаванд. Аз ин пештар дар шаҳри Хуҷанд ҳамин гуна барои дуздӣ аз банокматҳои пулгузаронӣ 3 кас  боздошт шуда буданд. Ин афрод, ки ду нафарашон бародарон будаанд... Читать дальше...


Музыкальные новости
Bon Jovi

Гітарист Річі Самбора шкодує, що не пішов із Bon Jovi раніше





Rss.plus
Кубок

Серебряный Кубок завоевали на всероссийских соревнованиях юные футболисты Бердска




Врач объяснила, как сохранить зрение при работе за компьютером

11-классник из Ленинского округа победил на Всероссийской олимпиаде по географии

Лукашенко произвел изменения в командовании ВВС и ПВО. Подробности.

Коллектив танца из Люберец стал лауреатом творческого конкурса в Казани




Кишоварзони Суғду Рашт аз таъсири сармоҳои баҳорӣ ба ҳосил нигаронанд

Ozodi.org 

Ҳавои номусоид  ба соҳаи боғдории  Тоҷикистон зарари  худро расондааст. Ба гуфтаи мақомоти вилояти Суғд, сард шудани ҳаво ва барфборӣ дар баҳори имсол  боиси сармо задани  наздики 27 ҳазор гектар боғи зардолу дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят шуд. Боғпарварӣ як бахши асосии кишоварзӣ дар Суғд ба шумор меравад ва ҳазорҳо  боғи дарахт, аз ҷумла зардолуву ангур дорад. Ҳар сол аз ин минтақаи шимолии кишвар беш аз даҳҳо  ҳазор тонна меваи хушк ба Русия содир мешавад, ки қисми асосии он зардолуи хушк  мебошад. Читать дальше...

"Авесто": Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш меёбад

Ozodi.org 

Хабаргузории “Авесто” менависад, Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ воридоти нақлиётро 7,5 % ва содиротро 1,7 %  бештар кардааст. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маблағи умумии мошинҳои воридотӣ беш аз 48 миллион долларро ташкил медиҳад. Тоҷирони  мошин ин равандро ба бештар шудани талабот дар бозори дохилӣ рабт медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз оғози имсол нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон  боло меравад. Ба Тоҷикистон асосан  худравҳои дасти дуввум оварда мешаванд, ки нарахашон  нисбати мошинҳои нав арзонтар аст. Читать дальше...

Патенти кори муҳоҷирон дар Русия электронӣ мешавад

Ozodi.org 

Дар Маскав патентҳои кориро электронӣ мекунанд. Лоиҳаи ин фармон, ки аз   ҷониби мутахассисони  Вазорати корҳои дохилии Русия таҳия шудааст, дар портали расмии итиллоти ҳуқуқӣ нашр гардид.  Интизор меравад, ки шакли электронии  патенти кор барои муҳоҷирон дар соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад. Муаллифони ин портал мегӯянд, акнун пардохти пули патент барои  муҳоҷирон осон мешавад.  Муҳоҷирон бе патент ҳаққи кор дар Русияро надоранд ва дар сурати надоштани ин санади иҷозадиҳандаи кор, ҷаримабандӣ ва ихроҷ аз хоки Русия таҳдид мекунад. Читать дальше...

Мақомоти Узбекистон дар соли 2020 аз 4 ҳамла пешгирӣ кардаанд

Ozodi.org 

Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон (ХАД) хабар дод, ки дар соли 2020 аз чаҳор ҳамла пешгирӣ кардааст. Ба итттилои ин ниҳод, ду ҳамла мебоист дар Узбекистон ва ду ҳамлаи дигар дар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) сурат гирад. ХАД Узбекистон ҳамчунин гуфтааст, дар соли гузашта аз фаъолияти 67 гуруҳҳои тундгарову террористӣ пешгирӣ шудааст. Ба ҷуз ин, 98 шаҳрванди Узбекистон, ки ба фаъолиятҳои тундгароиву террористӣ айбдор мешуданд, аз хориҷ баргардонида ва ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд. Читать дальше...

Боздошти 10 адмирали бознишаста дар Туркия барои талоши сарнагун кардани давлат 

Ozodi.org 

Матбуоти давлатии Туркия рӯзи 5-уми апрел хабар дод, ки дар ин кишвар 10 адмирали бознишастаро, ки дар номаи боз ба аҳамияти таъмини амнияти Туркия бар асоси Эъломияи Монтрё таъкид кардаанд, боздошт шуданд. Ин санад соли 1936 имзо шуда, ба хотири пешгирӣ аз низомишавии Баҳри Сиёҳ эҷод шудааст. Ба иттилои хабаргузории Анадолу, чор гумонбари дигар бояд дар давоми се рӯзи оянда ба полис ҳозир шаванд. Номае, ки зери он 104 собиқ низомиёни нирӯҳои баҳрии Туркия имзо кардаанд, мавриди маҳкумияти мақомоти Туркия шуд. Читать дальше...

Дар Косово Вйоса Усмонии 38-сола президент шуд 

Ozodi.org 

Парлумони Косово Вйоса Усмонии 38-сола, як бонуи сиёсатмадорро, ки аз ҳизби ҳокими “Ветевендосйе” (ҳуввиятшиносӣ) намояндагӣ мекунад, президенти ин кишвар интихоб кард. Барои Усмонӣ аз миёни 82 вакил 71 нафар овоз доданд. Усмонӣ, ки бо ислоҳотхоҳиаш маъруф аст, яке аз сиёсатмадорони шинохташуда дар ин кишвар мебошад. Худи ӯ баъди овоздиҳии 4-уми апрел дар баробари парлумон гуфт: “Имрӯз Косово бори дигар як занро ба мақоми президентӣ интихоб кард”. Ӯ афзуд: “Ҳамаи духтароне, ки шояд ҳамин ҳоло моро тамошо мекунанд... Читать дальше...



Москва

Фестивальный праздник «Музыка моего города» в Улан-Удэ включил в программу спектакль Театра кукол «Ульгэр»: Россия и Культура, Праздник и Дети


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Столичный мэр реорганизовал управы в ТиНАО



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Суд Петербурга взыскал 5,3 млн рублей за вздувшийся паркет в квартире Волочковой




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Семьи из Подмосковья поборются за выход в финал конкурса «Это у нас семейное»

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

В Подмосковье сотрудники ОМОН «Русич» Росгвардии приняли участие в церемонии открытия соревнований по дзюдо среди детей и подростков


Уимблдон

Медведев рассказал, как ударился головой перед матчем с Уиллисом на Уимблдоне в 2016 году



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России