Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2021

Новости за 09.04.2021

Ҳамсари дуюми Рамзан Қодиров кист? ВИДЕО

Ozodi.org 

Нашрияи интернетии “Проект” дар як таҳқиқот ба хулосае омадааст, ки Рамазон Қодиров, президенти Чеченистон бо иштирокчии як озмуни зебоӣ издивоҷ кардааст. Муаллифони гузориш ба ин назаранд, ки Фотима Хазуеваи 30-сола яке аз ҳамсарони раҳбари Чеченистон аст. Наворро ин ҷо тамошо кунед. Фотима Хазуева кай бо Қодиров шинос шуд? Қодиров ӯро бори аввал дар соли 2006 дар озмуни зебоӣ дар шаҳри Грозний дида буд. Фотима дар озмун мақоми дуввумро касб кард ва тибқи маълумоти таҳқиқгарони нашрияи "Проект"... Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, 500 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия бармегардонанд

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, нақшаи бозгардонии 500 шаҳрванди кишвар аз паноҳгоҳҳои Сурияро доранд. Дар ду паноҳгоҳи Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсарон ва кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти неруҳои курд асир афтодаанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки 89 кӯдакро аз Ироқ баргардонидаанд ва талоши баргардонидани занону кӯдакони боқимонда аз Сурияро доранд. Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9-уми апрел бо сокинони Исфара суҳбат мекард... Читать дальше...

Муколамаи “созанда” дар атрофи барномаи ҳастаии Эрон дар Вена анҷом ёфт 

Ozodi.org 

Ширкатдорони музокираи рӯзи 9-уми апрел дар Вена гуфтугӯҳои чоррӯзаи таҷдиди созишномаи ҳастаии соли 2015 бо Эронро ба анҷом расониданд, ки ҳадафаш маҳдуд кардани фаъолиятҳои атомии Эрон мебошад. Назари аксар ширкатдорон ин аст, ки гуфтугӯҳо “созанда” буд ва “бархе нишонаҳои мусбат” ҳам дошт.  Баъди он ки Доналд Трамп, президенти пешини ИМА се сол пеш аз созиш хориҷ шуду ба Эрон таҳримҳои сангин ҷорӣ кард, президент Ҷо Байден гуфт, ки як барномаи афзалиятноки ӯ бозгашт ба Барномаи амал барои... Читать дальше...



Словакия барои санҷиши дурустии сифати Sputnik V Венгрияро ба ҳамкорӣ даъват кард

Ozodi.org 

Тибқи гузоришҳо, Словакия аз кишвари дигари аврупоӣ Венгрия кӯмак хоста гуфтааст, ки бастаҳои воксинаҳои русии навъи Sputnik V, ки дар ҳаҷми 200 ҳазор воя ё доза ба Словакия ворид шудааст, аз назари дурустии сифаташон санҷида шавад. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки баъди моҳи март ба Братислава ворид шудани бастаҳои Sputnik V, як пажӯҳишгоҳи тиббии маводи дорувор дар дурустии сифати онҳо шубҳа кардааст. Игор Матович, вазири молияи Словакия рӯзи 9 апрел  баъди мулоқот бо вазири хориҷаи Венгрия дар Будапешт... Читать дальше...

Додгоҳи Кӯлоб ба як зани гунг амр дод, ки манзили баҳсиро тарк кунад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳи Кӯлоб ба як зани маъюб амр кардааст, то хонае, ки дар он даҳ сол боз ҳамроҳӣ фарзандони ноболиғаш зиндагӣ мекунад, тарк кунад. Мушкили Зулқадамоҳ пас аз марги шавҳар Зулқадамоҳ Абдураҳмоноваи 49‑ сола соли 2010 бо Мурод Кавгаков, марде, ки аз ӯ 30-сол бузургтар буд, издивоҷ кард. Шавҳари ин зан соли 2019 фавтид ва ин зан аз ӯ ду фарзанди ноболиғ дорад. Наворро ин ҷо тамошо кунед. Пас аз марги шавҳар духтарандараш ба додгоҳ муроҷиат кард, ки ҳамсари падарашро аз ин хона берун кунанд. Читать дальше...

Ҳамсари Малика Елизавета дар 99-солагӣ даргузашт

Ozodi.org 

Шоҳзодаи Бритониё Филип, ҳамсари Малика Елизавета дар синни 99-солагӣ даргузашт. Дар изҳороте қасри Букингем рӯзи 9 апрел гуфта шуд, ки ҳамсари Малика Елизавета субҳи имрӯз дар қасри Виндзор даргузашт.  Дар изҳороти қаср гуфта шудааст, ки “Малика бо андӯҳи амиқ марги ҳамсари дӯстдоштааш, аълоҳазрат, герсоги Эдинбург Шоҳзода Филипро хабар дод”. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар бораи маросимҳои вобаста ба дафни ҳамсари Малика баъдан хабар хоҳанд дод. Дар бораи сабабҳои марги шоҳзода иттило дода нашудааст... Читать дальше...



Бори ёздаҳум дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад

Ozodi.org 

17-уми апрел дар Душанбе Ниммарафони XI байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт доир мегардад. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ дар баробари варзишгарони тоҷик давандаҳои ҳирфаӣ аз кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард. Ниммарафони байналмилалӣ, ки бо тасмими раиси шаҳри Душанбе сар аз соли 2010 барпо мегардад, баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ дошта доир мешавад. Читать дальше...

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "бисёриҳо як Манижаро дида натавонистанд"

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия, ки қарор аст, дар озмуни "Евровидение” ширкат кунад, тавсиф кард. Ӯ рӯзи 9-уми апрел зимни мулоқот бо сокинони Ворух гуфт, "Манижа ҳамаро саргардон кардааст ва бисёриҳо як духтари тоҷикро дида натавонистанд." Зоҳиран, манзури Эмомалӣ Раҳмон бархӯрди бархе аз чеҳраҳои шинохтаи Русия аст, ки иштироки Манижа аз номи кишвар дар озмуни "Евровидение”-ро қабул надоранд. Эмомалӣ Раҳмон аз мавқеи ин овозхон истиқбол кард ва гуфт... Читать дальше...

Дар Словакия сифати Sputnik V саволи зиёд эҷод кард

Ozodi.org 

Баъди он ки ниҳоди танзимкунандаи дорувор дар Иттиҳоди Аврупо гуфт, воксинаи навъи  Sputnik V, ки онро дар Словакия қабул кардаанд, аз оне, ки қаблан санҷида шуд, фарқ мекунад, пуштибонҳои воксинаи русӣ аз ин кишвар талаб карданд, ки ҳазорҳо воя воксинаро баргардонад. Баҳси атрофи сифати воксинаи Sputnik V миёни Братислава ва Маскав рӯзи 8-уми апрел доғтар шуд. Словакияву Венгрия – ду давлати аврупоӣ қабл аз иҷозати Оҷонсии дорувори Аврупо (ЕМА) тасмим гирифтанд, ки воксинаи русии Sputnik V-ро харидорӣ кунанд. Читать дальше...

Дар Гурҷистон мурофиаи раҳбари ҳизби оппозитсионӣ шурӯъ шуд

Ozodi.org 

Раҳбари зиндонии як гурӯҳи аслии мухолифони Гурҷистон бар асоси иттиҳоме, ки бӯҳрони сиёсии баъдиинтихоботии ин кишварро амиқтар кардааст, дар додгоҳ ҳозир шуд. Мурофиаи додгоҳии Ника Мелиа, раҳбари Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ рӯзи 8-уми апрел дар Тифлис бо сабабҳои пандемияи коронавирус дар пушти дарҳои баста шурӯъ шуд. Мелиа дар ташкили “хушунатҳои оммавӣ” дар ҷараёни намоиши эътирозии зиддидавлатӣ  соли 2019 гунаҳгор мешавад ва дар сурати гунаҳгор эълон шуданаш ба ӯ то 9 соли зиндон таҳдид мекунад. Читать дальше...

Байден чораҳои назорат аз силоҳро шадидтар мекунад

Ozodi.org 

Президент Ҷо Байден гуфт, ба хотири пешгирӣ аз хушунат бо истифода аз силоҳ дар ИМА тадбирҳои нав ҷорӣ мешаванд. Байдени демократ, ки аз солҳо пеш ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба силоҳ даъват кардааст, рӯзи 8-уми апрел дар канори муовини президент Камола Ҳаррис ва додситони кулл Мерик Гарланд гуфт, “мо имрӯз на танҳо барои чораҷӯӣ алайҳи бӯҳрони силоҳ, балки дар асл бӯҳрони сиҳҳатии ҷамъиятӣ ҷамъ шудаем”. Ҳангоме, ки ӯ дар як боғи Кохи Сафед сӯҳбат мекард, дар миёни ширкатдорони ин ҷамъомад наздикони қурбониёни хушунатҳое... Читать дальше...

Туркия шарҳҳои нахуствазири Итолиё дар бораи Эрдуғонро маҳкум кард

Ozodi.org 

Туркия шарҳҳои нахуствазири Итолиёро “нафратовар” хонд, ки дар як суханрониаш рӯзи 8-уми апрел президент Раҷаб Тайиб Эрдуғонро бо диктатор муқоиса карда шеваи истиқболи як раҳбари калони Иттиҳоди Аврупо дар Анкараро “нодуруст” хондааст.  Президенти Комиссиюни Аврупо Урсула Вон дер Лейен ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел рӯзи 6-уми апрел  барои ширкат дар музокироти Туркияву Иттиҳоди Аврупо дар Анкара буданд. Меҳмонҳоро ба як утоқи калоне даъват карданд, ки дар он бояд музокирот бо Эрдуғон ҷараён мегирифт... Читать дальше...

Мақоми аршади амрикоӣ аз Украина хост, ки масъалаи олигарҳо, аз ҷумла Дмитрий Фирташро ҳал кунад

Ozodi.org 

Як мақоми баландпояи Департаменти давлатии ИМА гуфт, вақти он расидааст, ки Украина ба хотири мубориза бо фасод ва ҳалли мушкили сохторҳои заъифшуда даст ба иқдом занад, ва, аз ҷумла, нисбати олигархи бонуфуз Дмитрий Фирташ, ки ба хотири моликияташ дар соҳаи газ ба як олигархи бонуфуз табдил шудааст, чора андешад. Изҳориназарҳои Ҷорҷ Кент, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА дар ҳоле садо медиҳад, ки президенти ИМА Ҷо Байден пешрафт дар ислоҳоти Украинаро масъалаи бартариятнок дар равобити дуҷониба номидааст. Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон: Масъалаи иваз кардани Ворух вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта наметавонад 

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар давоми 19- соли музокирот (бо Қирғизистон) масъалаи иваз кардани Ворух бо дигар қитъа вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта наметавонад. Сафари президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9‑уми апрел ба Исфара дар пасманзари изҳороти ҷанҷолбарангези як мақоми баландояи қирғиз дар бораи Ворух, сурат мегирад. Раҳмон гуфт, “ҳалли масъалаҳои марзӣ мӯҳлат мехоҳад ва бо эҳсосот ҳал намешавад”. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, музокироти барои муайян кардани марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 2002 оғоз шуда... Читать дальше...

Раиси амалкунандаи САҲА ба Узбекистон сафар мекунад

Ozodi.org 

Анн Кристин Линде, вазири корҳои хориҷии Шветсия ва раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) рӯзҳои 14-15 апрел ба Узбекистон меояд. Дар ин бора Шерзод Асадов, сухангӯи президенти Узбекистон рӯзи 9 апрел хабар дод. "Ин ки САҲА 25 сол аст, дар Узбекистон намояндагӣ дорад, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки кишвари мо бо ин созмон ҳамкории рушдкунанда дорад. Мо ба густариши ҳамкориҳои минбаъда содиқ мемонем", - гуфт Шерзод Асадов. Асадов ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки сафари Анн... Читать дальше...


Музыкальные новости
Анастасия Волочкова

Вид Волочковой без фотошопа потряс публику — макияж не спасает





Rss.plus
Россия

Армяне России поддерживают движение «Тавуш во имя Родины»




Врачи извлекли 200 камней из женщины: их обнаружили случайно

“Вести” побывали в гостях у 96-летнего ветерана ВОВ Салимяугара Валиуллина из Уфы

Свыше 350 студентов подготовят к работе вожатыми в Подмосковье

РБК: Кинотеатры вернулись к пиратским показам после ультиматума прокатчиков




Эрон киштии се моҳ ҳабсшудаи Кореяи Ҷанубиро раҳо кард

Ozodi.org 

Эрон як киштии нафткаши Кореяи Ҷанубиро, ки давоми се моҳ бо далели масдуд шудани миллиардҳо доллар маблағҳояш дар паи  таҳримҳои ИМА ҳабс шуда буд, озод намуд. Дар як изҳороташ рӯзи 9-уми апрел вазорати хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки киштии “Ҳанкук Чеми” ва фармондеҳаш озод шуда, тими киштиронҳо соҳилҳои Бандар Аббосро тарк карданд. Эрон ин киштиро рӯзи 4-уми январ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳабс карда буд. Замоне, ки он ҳабс шуд, эрониҳо гуфтанд, киштӣ қонунҳои муҳитзистиро вайрон карда  нафт ба обҳо роҳ додааст. Читать дальше...

Аврупо: лахташавии хун баъди AstraZeneca аз миёни 100 ҳазор дар 1 нафар мушоҳида мешавад

Ozodi.org 

Дар шабонарӯзи гузашта дар бархе кишварҳои сайёра шумори рекордии  марг бар  асари СOVID-19 ва олудашавиҳо ба шаклҳои нави ин вирус ба қайд гирифта шуд. Нигарониҳои бархе кишварҳо аз он ки шояд баъди гирифтани воксинаи AstraZeneca дар ҷисми инсон  лахташавии хун мушоҳида мешавад, ҷараёни тақсими воксинаҳоро берабт кардааст. Як рӯз баъди он ки ниҳоди масъули дорувор дар Иттиҳоди Аврупо гуфт, мушкили "лахташавии хун дар ҳолатҳои хеле кам метавонад як оқибати воксинаи AstraZeneca шавад”, дар 27 кишвари... Читать дальше...

Гузориши истихборотии ИМА: Русия ду даҳсолаи дигар  ҳамоно як “нирӯи харобкор” мемонад

Ozodi.org 

Як гузориши истихборотии ИМА, ки рӯзи 8-уми апрел нашр шуд, мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб дар давоми ду даҳсолаи баъдӣ Русия “як нирӯи харобкор” мемонад, вале дар пешорӯи чандин набосомониҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нуфузаш коҳиш хоҳад ёфт. Гузориши Шӯрои истихбороти миллии ИМА, ки дар чор сол як бор таҳияву нашр мешавад,  таҳаввулоту тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва инчунин, сенарияи эҳтимолии фазои амниятии атрофи ИМА барои 20 соли ояндаро пешбинӣ мекунад. Таҳлилгарони калони амрикоӣ дар тасвири Русия гуфтаанд... Читать дальше...

Президенти RFERL талошҳои Русия барои бастани "Радио Свобода"-ро маҳкум кард

Ozodi.org 

Ҷейми Флай, президенти Радиои Озодӣ/ Радиои Аврупо Озод (RFERL), талошҳои афзояндаи Русия барои берун кардани Радиои Озодӣ ва канали телевизионии "Current Time" аз он кишварро маҳкум кард. Дар изҳороти оқои Флай, ки рӯзи 8-уми апрел нашр шуд, гуфт мешавад, "Радиои Озодӣ ба он хотир аз сӯи мақомоти Русия ҳадаф қарор гирифтааст, ки Кремл дар пайи маҳдуд кардани иттилоъ ба мардум аст ва мо ахбору маълумоти воқеиро дар ихтиёри онҳо қарор медиҳем. Мо ба муқовимат дар баробари ин ҳамлаҳо бо тавоноии... Читать дальше...

Замони оғози бозиҳои Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи "F" дар Душанбе муайян шуд

Ozodi.org 

Конфедератсияи футболи Осиё замони оғози бозиҳои мусобиқаи марказонидашудаи Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи "F"-ро, ки рӯзҳои 14-20-уми май дар Душанбе баргузор мешавад, тасдиқ кард. Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи “F” ноиби қаҳрамони Тоҷикистон - дастаи "Хуҷанд" -и шаҳри Хуҷанд, бошгоҳҳои «Насаф”-и Қаршӣ, ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Узбекистон, “Олтин Асир”-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон ва “Олой”-и Ӯш, барандаи Ҷоми Қирғизистон, иштирок хоҳанд кард. Ҳамаи бозиҳо... Читать дальше...



Москва

Дмитрий Бикбаев готовит премьеру театрального проекта, основанного на личных переживаниях


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин сообщил о планах благоустройства на северо-востоке Москвы



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Концерт

Концерт в честь 90-летия Евгения Крылатова пройдёт в Кремлёвском дворце




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»


Даниил Медведев

Даниил Медведев одолел 121-ю ракетку мира Меджедовича и вышел в 1/8 финала Рима



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России