Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2021

Новости за 16.12.2021

Мақомоти қирғиз кочоқи сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро рад карданд

Ozodi.org 

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабари қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистонро рад кард. Ба огаҳии Хадамот, видиое, ки дар бораи қочоқи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон 14 - уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ҳақиқат надорад ва хабарҳо дар ин бора низ беасос ҳастанд. Манбаъ афзудааст, мошинҳои ҳомили маводи сӯхт, ки дар навор омадаанд, ба ширкати "Қирғизнафтгаз" тааллуқ дошта, аз вилояти Бодканд ба Ҷалолобод ҳаракат мекарданд. Баъди муноқишаи марзӣ дар моҳи апрели... Читать дальше...

Интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон камтар шудааст

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик дар семоҳаи сеюми соли 2021 интиқоли пул ба ватанро камтар карданд. Бонки Марказии Русия бо нашри омор мегӯяд, ки зодагони Тоҷикистон дар ин муддат 534 миллион доллар фиристодаанд, ки 1,8 дар сад нисбат ба соли пеш камтар будааст. Тоҷикон аз нигоҳи фиристодани маблағ ба ватаншон дар сегонаи аввал ҷойгир шудаанд.  Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад ва онҳо аз ин кишвар ба хонаводаҳояшон маблағ мефиристанд.



Нигаронии фаъолони шаҳрвандӣ аз таҳқиқи ҳаводиси ахири Бадахшон

Ozodi.org 

Ҷомеаи шаҳрвандии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ки бо мақомоти тафтишотии Додситонии кулл руйдодҳои ахир дар ин вилоятро таҳқиқ дорад, бо нигаронӣ мегӯяд, шабакаҳои телевизионии ҳукуматӣ ҳаводиси ахир дар Роштқалъа ва Хоруғро якҷониба инъикос мекунанд.

Бозгашт аз асорати ДОИШ

Ozodi.org 

Тобистони соли 2014 гуруҳи ба ном Давлати исломӣ ба минтақаи эзидиён дар шимоли Ироқ ҳамла бурда, ҳазорон мардумро қатли ом карданд ва 6 ҳазор зану кӯдакро рабуданд. Бо гузашти 7 сол аз ин фоҷиа, нисфе аз он рабудашудагон бедараканд.

Гузоришгари вижаи СММ ба Тоҷикистон машварат дод

Ozodi.org 

Пас аз шикоятҳои паноҳҷуёни афғон намояндагони Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ба ҳалли фаврии мушкили онҳо расидагӣ ва қабули паноҳандагонро аз сар гирифта шавад.

Маросими видоъ бо Мадина Мамадҷонова

Ozodi.org 

Мадина Мамадҷонова, сокини 32 солаи шаҳри Душанбе, ки латукӯби бераҳмонааш сару садои зиёде дар ҷомеа, барангехт имрӯз ба хок супорида шуд. Ҷасади ӯро пас аз тақрибан чаҳор моҳи беҳушӣ дар беморхона дирӯз ба дасти хонаводааш додаанд.



Бӯҳрон миёни Русия ва Украина аз мавзуи баҳси раҳбарони Иттиҳоди Аврупо аст

Ozodi.org 

Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо рӯзи 16-уми декабр барои арзёбии масъалаҳои марбут ба Беларус, КОВИД-19, энергетика ва ташаннуҷ дар марзи Украинаву Русия дар шаҳри Брюссел ҷамъ мешаванд. Нигаронӣ зиёд аст, ки таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар марз имкон дорад, ба таҷовуз ба хоки Украина табдил ёбад. Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо аз Русия хостаанд, ки нерӯҳояшро аз марз дур намуда, низои ҳафтсола дар шарқи Украинаро аз роҳи муколамаи дипломатӣ ҳаллу фасл кунад. Дар ҳоли ҳамла ба Украина Иттиҳоди Аврупо таҳдид кардааст... Читать дальше...

Фаъолони Бадахшон шарҳи якҷонибаи "марги Гулбиддин"-ро нодуруст медонанд

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ки барои таҳқиқи руйдодҳои ахир бо мақомот ҳамкорӣ мекунанд, мегӯянд, расонаҳои ҳукуматӣ ҳаводиси ахирро якҷониба инъикос мекунанд.

Додраси тоҷик барои "паст задани шаъну эътибор" барканор шуд

Ozodi.org 

Эмомалии Раҳмон, президенти Тоҷикистон 15-уми декабр бо судури як фармон Шарифзода Азизҷон Шариф, раиси додгоҳи шаҳри Гулистони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро аз вазифааш барканор кард. Бино ба хабари дафтари матбуоти раисҷумҳур Шарифзода, бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мақомаш озод карда шудааст. Назари додрас дастрас нест ва маълум нест, ки ӯ чӣ амали хилофи қонун содир кардааст. Дар гузашта баъзе аз додрасҳоро бо айни иттиҳом ва асосан барои ришвагирӣ аз кор озод карда буданд. Читать дальше...

Мадина Мамадҷонова дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурда шуд

Ozodi.org 

Мадина Мамадҷонова, як ҷавонзани тоҷик, ки ҳудуди 4 моҳ қабл мавриди латукуби бераҳмона қарор гирифта буд ва шоми дирӯз дар беморхона фавтид, дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурда шуд.

AI хостори пайгирии ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистон шуд

Ozodi.org 

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) мегӯяд, ки дар моҳҳои ахири раҳбарии ҳукумати пешин ва қабл аз ҳокимияти Толибон, ҷиноятҳои ҷангии бисёре дар Афғонистон сурат гирифтааст ва бояд аз сӯи додгоҳҳи байналмилалӣ пайгирӣ шавад. Дар ин гузориш, ки рузи 16-уми декабр нашр шуд, омадааст, ки қабл аз ба қудрат расидани Толибон, нерӯҳои амрикоӣ, Толибон ва нерӯҳои ҳукумати пешин ба ғайринизомиён осеб расондаанд. Созмони Афви Байналмилал Додгоҳи байналмилии ҷиноӣ хостааст, ки амалкарди нерӯҳои... Читать дальше...

СММ аз тариқи бандари Тирмиз ба Афғонистон кӯмакҳои башарӣ фиристод

Ozodi.org 

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи 15-уми декабр аз тариқи бандари Тирмизи Узбекистон ба Афғонистон кӯмакҳои башарӣ фиристодааст. Ин бандар, ки аз хоки Афғонистон ҳамагӣ ду километр дуртар аст, ахиран ба захирагоҳи асосии кӯмакҳои башарӣ ба Афғонистон табдил шудааст. Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, ки бандари Тирмиз дар расонидани кӯмак ба Афғонистон нақши калидӣ дорад. Рӯзи чаҳоршанбе чиҳил тонна кӯмакҳои башарӣ аз тариқи ин бандар ба Афғонистон интиқол ёфтааст.

Қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал моҳи январ доир мегардад

Ozodi.org 

Қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз рӯи натиҷаҳои он рақибони тими миллии Тоҷикистон маълум хоҳанд шуд, рӯзи 6-уми январ дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби миллии футзали кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 15-уми апрел баргузор мешавад, бозӣ мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии... Читать дальше...

Ҳудуди 400 муҳоҷири кориро ба муҳлати 40 сол аз вуруд ба Русия маҳрум карданд

Ozodi.org 

Дар Маскав наздики 400 муҳоҷирро барои занозаниҳои гуруҳӣ ва дигар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карданд. Дар ин бора Татяна Дмитриева, як масъули мақомоти муҳоҷирати он кишвар иттилоъ дод. "Нисбати ин муҳоҷирон қарори манъи вуруд содир шуд ва онҳо аз ҳаққи вуруд ба Русия барои 40 сол маҳрум шуданд",-гуфт Дмитриева. Ба гуфтаи вай, дар Маскав 1 млн 33 ҳазор муҳоҷир ҳузур дорад, ки 82 дарсади онҳо соҳиби кор ҳастанд. Асосан инҳо муҳоҷирон аз Узбекистон (31%), Тоҷикистон (26%) ва Қирғизистон (25,4%) ҳастанд. Читать дальше...

Узбекистон барои кушодани роҳи зоирон бо Арабистони Саудӣ гуфтугӯ кард

Ozodi.org 

Дар фурсатҳои наздик сокинони Узбекистон имкон пайдо мекунанд, ки дубора ба сафари ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ раванд. Рӯзи 14-уми декабр Идораи маънавии мусалмонҳои Узбекистон хабар дод, ки як ҳайати ин кишвар рӯзҳои 1-9 декабр барои ҳалли масъалаи сафари ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ рафтааст. Идораи маънавии мусалмонҳои Узбекистон ҷузъиёти он сафарро шарҳ надодааст. Дар хабари расмӣ танҳо зикр шудааст, ки дар фурсатҳои наздик сокинони Узбекистон дубора имкон пайдо мекунанд, ки ба ҳаҷҷи умра раванд. Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о развитии завода «Москвич»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Концерт

Концерт в честь 90-летия Евгения Крылатова




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса


ATP

Хачанов вышел в третий круг турнира ATP в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Удмуртия не вошла в число регионов, утвердивших планы адаптации к изменениям климата



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России