Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2021

Новости за 18.12.2021

"Толибон" гуфтанд, хадамоти паспортдиҳӣ барқарор шуд

Ozodi.org 

Мақомоти “Толибон” гуфтанд, ки кори хадамоти паспортдиҳӣ ба шаҳрвандони Афғонистонро аз сар мегиранд ва ин қарорро бархе ҳамчун умеди дастёбӣ ба санади расмӣ арзёбӣ мекунанд, ки барои сафар ваё тарки кишвар кардан зарур мебошад. Як мақоми раёсати вазорати дохилии “Толибон” рӯзи 18 декабр дар нишасти матбуотие дар Кобул хабар дод, ки аз фардо дар ин кишвар кори шиносномадиҳӣ шурӯъ мешавад. Баъди сари қудрат омадани “Толибон” дар таърихи 15-уми август даҳҳо ҳазор сокини Афғонистон дар фикри тарки ин кишвар шуданд... Читать дальше...

Масҷиде дар Ҳисорро бубинед, замоне ҷойи ниёиши зардуштиён буд

Ozodi.org 

Масҷиди Сангин дар наздикии қалъаи Ҳисор ба гуфтаи донишмандон дар гузашта оташкадаи зардуштӣ будааст ва шакли меъмории ин далели ин гуфта аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба ин ибодатгоҳе рафтанд, ки замоне зардуштиён ва замоне мусулмонон дар он ниёиш мекарданд.



Ҳавопаймоҳои низомӣ дар роҳ аз Кобул ба Маскав дар  Ҳисор сӯзишворӣ  пур мекунанд

Ozodi.org 

Вазорати дифои Русия гуфт, ки рӯзи 18-уми декабр се ҳавопаймои навбатии низомиаш, ки ба Кобул кӯмакҳои башарӣ интиқол дода буданд, бо тахминан 200 мусофир ба самти Маскав парвоз карданд.

Дар Покистон узви як ҳизби дунявӣ ва номзади интихоботӣ кушта шуд

Ozodi.org 

Дар Покистон дар минтақаи шимолуғарбии Хайбар Пахтунхва як номзад ба интихоботи маҳаллӣ кушта шуд. Полис гуфт, ки Умар Хитоб Шеронӣ шаби 17 ба 18-уми декабр аз ҷониби ду марди мотосиклсавор дар ноҳияи Дараи Исмоилхон кушта шуд. Шеронӣ узви як ҳизби дунявии “Ҳизби миллии авом”  ва барои курсии раиси  ноҳияи Дараи Исмоилхон дар интихоботи 19 декабр номзад буд. Як узви ҳизби авом ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади Шеронӣ субҳи 18 декабр дар назди манзилаш ошкор шуд. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё... Читать дальше...

Мақомоти Олмон: RT-и Русия барои пахши ғайриқонунии барномаҳо муҷозот мешавад

Ozodi.org 

Мақомоти садову симои Олмон гуфтанд, ки барои пахши барномаҳои бидуни иҷозаи телевизиони RT, ки аз ҷониби давлати Русия назорат мешавад, парванда боз кардаанд. RT DE, ки аз шабакаҳои олмонизабони телевизиони RT мебошад, рӯзи 16-уми декабр ногаҳон ба пахши барномаҳояш  тавассути маҳвора шурӯъ кард. Рӯзи 17-уми декабр танзимгари матбуоти Олмон – МАВВ гуфт, ки барномаҳои телевизиони русӣ ба забони олмонӣ бар пояи як  иҷозатнома ё лисензияи шубҳаноки Сербия ба роҳ монда шудааст.  Олмон ба расонаҳои хориҷӣ лисензия ё иҷозатномаи пахш намедиҳад. Читать дальше...

Русия мехоҳад бо ИМА бахшҳои мавриди нуфуз дар Аврупоро баррасӣ кунад

Ozodi.org 

Русия рӯйхати хостаҳоеро нашр кард, ки бар асоси он  мехоҳад бо Иёлоти Муттаҳида дар заминаи ба куллӣ тағйир додани  сохтори вазъи амниятии пас аз ҷанги сард дар Аврупо музокира барпо кунад. Пешниҳодҳое, ки рӯзи 17 декабр аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Русия ба миён гузошта шуд, хатми тавсеаи   НАТО ба самти шарқ ва маҳдуд шудани  фаъолияти низомии ин паймон дар Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла дар Украина ва Гурҷистонро тақозо мекунад.  Ин пешниҳодҳо пешрафтҳои назаррарси то ҳол бадастомадаи НАТО дар... Читать дальше...

Таҳқиқоти нав дар заминаи "Омикрон"

Ozodi.org 

Навъи “Омикрон”-и коронавирус дар саросари ҷаҳон то рафт бештар паҳн мешавад. Дар ИМА мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки шумори олудашудаҳо ба ин навъи вирус дар беморхонаҳои ин кишвар бештар мешаванд. Дар Олмону Фаронса мақомот рӯзи 17-уми декабр гуфтанд, ки “Омикрон” базудӣ сабаби хуруҷи мавҷи панҷуми пандемия мешавад ва низоми беҳдоштии ин кишварҳо, ки бо навъи “Делта” дастбагиребон мебошанд, базудӣ таҳти фишори “Омикрон” мемонанд. Ҳамоно бисёр ҷузъиёти ин навъи коронавирус то охир шинохта нашудааст... Читать дальше...



Марги ҳамсар футболбози амрикоиро ба фикри таҳқиқи саратони шуш овард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Анҷумани саратоншиносии Амрико мегӯяд, саратони шуш яке аз кушандатарин бемориҳост, вале барои таҳқиқи он назар ба  дигар навъҳои саратон, мисли  саратони сина ва ғадуди простата камтар пул ҷудо мешавад.

Достони ишқ ё чаро футболбози маъруф аз таҳқиқи саратони шуш сӯҳбат мекунад?

Ozodi.org 

Анҷумани Саратоншиносии Амрико мегӯяд, саратони шуш яке аз кушандатарин бемориҳост, вале барои таҳқиқи он назар ба таҳқиқи бемориҳои саратони сина ва ғадуди простата камтар пул ҷудо мешавад.

Мутахассисони Узбекистон фурудгоҳи Мазори Шарифро таъмир мекунанд

Ozodi.org 

Узбекистон гурӯҳи мутахассисонашро ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон фиристод, то дар барқарор кардани фурудгоҳи ин шаҳри ҳаммарзи Узбекистон ва ҳам азсаргирии парвозҳо  мусоидат кунанд. Исматулло Эргашев, фиристодаи вижаи президенти Узбекистон дар Афғонистон рӯзи 17-уми декабр гуфт, ки кори таъмири фурудгоҳ дар аввалҳои соли оянда ба итмом мерасанд. Ёрии Тошканд баёнгари омодагии Узбекистон ба ҳамкорӣ бо маъмурияти Толибон аст, ки августи соли ҷорӣ баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои ғарбии таҳти... Читать дальше...

“Ҳар сӯҳбат аз Тоҷмаҳалу Амитабх Бачан...” Дар Ҳинд китоби “Ташаккур, Тоҷикистон” чоп шуд

Ozodi.org 

Собиқ раиси як маркази фарҳанги Ҳинд дар Тоҷикистон ба нишони сипос аз мардум ва фарҳанги тоҷикистониён китоберо нашр кардааст, ки онро “Ташаккур, Тоҷикистон” ном гузоштааст. Ниранҷана Ванали профессор ва муовини раиси Донишгоҳи Бангалори шимолӣ буда, солҳои 2018-19 давоми 15 моҳ дар Тоҷикистон раҳбарии маркази фарҳангии Ҳиндро ба ӯҳда доштааст. Пеш аз маросими муаррифии китобаш ӯ ба вебсайти thehindu.com гуфтааст, ки тавассути ин китоб ба мардум ва фарҳанги тоҷикистониён изҳори сипос кардааст... Читать дальше...

С.Муҳриддин дар муколамаи Ҳинду Осиёи Марказӣ ширкат мекунад

Ozodi.org 

Дар шаҳри Деҳлӣ ҷаласаи сеюми “Муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд” баргузор мешавад, ки дар кори он вазири корҳои хориҷии (ВКХ) Тоҷикистон ҳам ширкат мекунад. Ба навиштаи вебсайти ВКХ, Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 17-уми декабр вориди Деҳлӣ шуд ва қарор аст ин сафари расмии дипломати тоҷик то 20-уми декабр идома кунад. Ба навиштаи хабаргузориҳои ҳиндӣ, ҷаласаи асосии муколамаи минтақавӣ рӯзи 19-уми декабр бо ширкати  вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистону Узбекистон баргузор мешавад. Читать дальше...

Муҳоҷирони корӣ - қаҳрамонҳои муосир. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳамасола 18-уми декабр бо пешниҳоди Маҷмааи умумии СММ рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон гиромӣ дошта мешавад. Соли 1990 дар ин рӯз Паймони байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва аъзои хонаводаи онҳо қабул шудааст.

Озодионлайн: Муроҷиатҳо ба Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи паёми солонааш ба порлумон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳафтаи оянда, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз минбари порлумон хоҳад гуфт, ки соли гузашта ҳукумат чӣ корҳое хубе дар ҳаққи мардум кард ва соли оянда чӣ кор бояд кунад, ки зиндагии сокинон беҳтар шавад, нерӯи барқ бошаду, нархи хӯрокаву бензин боло наравад.



Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о развитии завода «Москвич»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Bon Jovi

Гітарист Річі Самбора шкодує, що не пішов із Bon Jovi раніше




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании


Новак Джокович

Новак Джокович с позором вылетел с турнира в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о грантовых конкурсах Росмолодежи



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России