Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2021

Новости за 23.12.2021

Тоҷикистон ҳудуди 3 млн воя ваксинаи нави зидди КОВИД-19 дарёфт кард

Ozodi.org 

Бонки Осиёии Рушд аз ворид шудани ҳудуди 3 миллион воя ваксинаи нави зидди КОВИД-19 ба Тоҷикистон хабар дод. Бастаи нави ин ваксинаҳо рӯзи 23-юми декабр ба Тоҷикистон расидааст. Аз дафтари матбуоти намояндагии БОР дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 2, 962, 800 воя ваксинаи "Sinovac" дар чаҳорчӯбаи тарҳи грантии Бонки Осиёии Рушд тавассути Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва дар чаҳорчӯбаи барномаи ҷаҳонии COVAX ворид шуд. БОР мегӯяд, ки аз ҷониби ин бонк дар моҳи июни соли ҷорӣ барои расонидани... Читать дальше...



"Нархро мебардорем, барои халқи бечора вазнин мешавад" ВИДЕО

Ozodi.org 

Хабари афзоиши ҳаққи хизматрасониҳои ширкати IRS мутассаддии нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ, ронандаҳои мошинҳои мусофирбарро нигарон кардааст. Ширкат рӯзи 22-уми декабр зимни як баёнияи расмӣ, гуфт, ҳукумат пешниҳоди онҳоро барои боло бурдани нархи хизматрасонӣ қабул кардааст ва он аз 1-уми январи соли 2022 ба иҷро медарояд.  Намояндагони ширкат мегӯянд, чунин тасмим дар мувофиқа ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ сурат гирифта ва барои афзоиши ҳаққи хидматрасонӣ сабаб доранд. Ронандаҳо бар инанд, ки афзоиши қимат мушкили онҳоро бештар мекунад. Читать дальше...



Бозии дуюми кишварҳои ИДМ дар Беларус баргузор мешавад

Ozodi.org 

Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил макон ва замони баргузории бозиҳои дуюм ва сеюми ИДМ-ро муайян кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод дар паи натоиҷи ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро хабар дод. "Бозиҳои II соли 2023 дар Беларус баргузор мешавад. Макони баргузории Бозиҳои III дар соли 2025 Озарбойҷон хоҳад буд", - омадааст дар хабарнома. Дар ҷаласаи шӯро, ҳамчунин масъалаи баргузории мусобиқоти варзишӣ таҳти сарпарастии Иттиҳод – мусобиқоти... Читать дальше...

Макон ва замони баргузории бозиҳои дуюм ва сеюми ИДМ муайян шуд

Ozodi.org 

Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил макон ва замони баргузории бозиҳои дуюм ва сеюми ИДМ-ро муайян кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод дар паи натоиҷи ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро хабар дод. "Бозиҳои II соли 2023 дар Беларус баргузор мешавад. Макони баргузории Бозиҳои III дар соли 2025 Озарбойҷон хоҳад буд", - омадааст дар хабарнома. Дар ҷаласаи шӯро, ҳамчунин масъалаи баргузории мусобиқоти варзишӣ таҳти сарпарастии Иттиҳод – мусобиқоти... Читать дальше...

Байден: "Агар вазъияти саломатиам хуб бошад, дар интихоботи 2024 ҳам номзад мешавам"

Ozodi.org 

Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки тасмим дорад, дар интихоботи президентии соли 2024 ширкат кунад. "Агар сиҳатиам, мисли ҳоло, хуб бошад, пас номзадиамро пешбарӣ мекунам", - гуфт Байден дар посух ба суоли хабарнигори АВС, ки пурсид, оё Байден дар интихоботи соли 2024 ширкат хоҳад кард. Ҷо Байден афзуд, агар Доналд Трамп, президенти пешини ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон номзад шавад, дар он сурат эҳтимоли вориди рақобат шудани Байден ҳам бештар мешавад. Масъалаи ширкати Ҷо Байден дар... Читать дальше...

Дар кони ангишти Кара-Кечеи Қирғизистон тирандозӣ шудааст

Ozodi.org 

Дар кони ангишти Кара-Кечеи Қирғизистон байни ронандагон ва неруҳои махсуси "Алфа" низоъ бархостааст. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки чанд ронанда маҷруҳ шудааст. Ширкати "Қирғиз комур", ки ба истихроҷи ангишт аз "Кара кече" машғул аст, сабабҳои сар задани низоъро шарҳ надод. "Дар навбатпоӣ миёни ронандагон ва неруҳои вижаи "Алфа" нофаҳмӣ сар задааст, аммо низоъ хомӯш шуда, кор идома дорад", - гуфт Жийде Зоотбекова, сухангӯи ширкати "Қирғиз комур". Дар Қирғизистон... Читать дальше...

Дар Маскав нархи патент боло меравад

Ozodi.org 

Дар Маскав, пойтахти Русия низ нархи патент ё иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон аз соли оянда гарон мешавад. Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав зимни баромадаш дар Думаи шаҳрӣ гуфтааст, нархи иҷозатномаи кор ҳудуди 6 ҳазор рубл дар як моҳ муқарар мешавад. Пештар дар Маскав патент 5 ҳазору 300 рубл буд. Ба қавли Собянин, ин маблағи муҳоҷирон аз пардохти шаҳрвандони Русия ба маротиб бештар аст. Ӯ ҳамчунин ба он ишора кардааст, ки аз 1-уми январи соли нав назорат аз болои муҳоҷирон вусъат дода мешавад. Читать дальше...

Сокинон талаб карданд, ки интернетро дубора дар Бадахшон дастрас созанд

Ozodi.org 

Тоҷикони муқими хориҷи кишвар, ба вижа зодагони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ барқарор намудани интернет дар шаҳри Хоруғро тақозо карданд. Онҳо дар муроҷиатномаи худ навиштаанд, ки қатъи интернет пас аз оғози эътироз дар Хоруғ ҳамчун василаи фишор истифода мешавад. "Маҳдуд кардани интернет ҳамаи моро, ки дур аз ватан зиндагӣ мекунем, аз муошират бо низдиконамон маҳрум мекунад. Гузашта аз ин, довталабоне, ки нияти таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷиро доранд... Читать дальше...

Додраси собиқадори тоҷик, ки ба "қаллобӣ" айбдор мешуд, боздошт шудааст

Ozodi.org 

Эраҷ Ширинзода, додраси собиқи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба “қаллобӣ ва сӯйистифода аз мансаб” айбдор шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 17-уми декабр ӯро бозхонд намуд ва ба дунбол порлумони Тоҷикистон ӯро аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум кард. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи Ширинзода аз як моҳи пеш тафтиш мешуд, вале ӯ дар озодӣ буд. Танҳо пас аз ҷаласаи порлумон ва ризояити вакилон ӯро боздошт карданд. “Ӯ аз хонаааш дар Душанбе берун намешуд. Ҳарчанд, бо даъвати тафтишот ҳозир мешуд ва нишондод медод. Читать дальше...

Медали нуқраи варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии каратэи Осиё

Ozodi.org 

Умед Сафаров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба  каратэ, ки рӯзҳои 18-22-юми декабр дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор   шуд, медали нуқра ба даст овард.  Ӯ дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар вазни 84 кило ба финал роҳ ёфт, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ ноком шуд ва барои ҷойи дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт. Мусобиқаи қаҳрамонии каратэи Осиё миёну занон ва мардон сурат гирифт. Ба иттилои сомонаи Кумитаи олимпии Қазоқистон, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Эрон бо касби 39 медал (14 тилло... Читать дальше...

Мирзиёев: Додситони кулро вақте эҳтиром мекунам, ки "раисони калон"-ро таъқиб кунад

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 21-уми декабр дар ҷаласае хитоб ба Додситони кулли ин кишвар гуфт, " агар ба ҷои баргузор кардани ҷаласаҳои оддӣ раисони калонро таъқиб кунед, ман шуморо эҳтиром хоҳам кард". Мирзиёев, ки дар ин ҷаласа масъалаи баҳисобгирии замин ва кадастрро баррасӣ мекард, гуфт, дар ин бахш фасодкориҳои зиёд аст. Ба гуфтаи Мирзиёев, масоҳати заминҳое, ки барои 30 ҳазор деҳқон ва кишоварз ҷудо шудааст, назар ба арқоми расмӣ 67 ҳазор бештар аст. "Пушти ин ҳама фасодкорон, порагирон, ҳокимон ва додситонҳо истодаанд.

Эътирози ронандагони мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Даҳҳо ронандаи мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон 22 декабр талаб карданд, ки маоши онҳо дасти кам то 150 ҳазор танга (тақрибан 340 доллари амрикоӣ) боло бурда шавад. Ҳудуди 70 ронандае, ки субҳи дирӯз дар назди беморхонаи шаҳр ҷамъ шуда буданд, натанҳо аз кам будани маош, балки таъхир дар пардохти иловапулиҳои ба истилоҳ, "коронавирусӣ" низ шикоят карданд. "Вақте ман ба кор даромадам, маоши ман 70 ҳазор танга буд ва ҳоло бо гузашти 7 сол он ҳанӯз ҳам 70 ҳазор аст. Дар ҳоле ки нархи маҳсулот рӯз то рӯз гаронтар мешавад. Читать дальше...

Қирғизистон гуфт, дар марз бо Тоҷикистон тирпаронӣ шудааст

Ozodi.org 

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон, дар наздикии марз бо Тоҷикистон садои тирпаронӣ шунида шудааст. Муаллифи наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, мегӯяд, оташкушоӣ ба самти ронандаи мошини боркаш шаҳрванди Қирғизистон сурат гирифтааст. Ба иддаои муаллифи навор, ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Бодканд, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст ва ронанда ҳангоми оташкушоӣ дар роҳи Арка-Мақсад ҳаракат мекард. Бино ба маълумоти пешакии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ронандаи мошини боркаши "КамАЗ"... Читать дальше...



Москва

Армяне России поддерживают движение «Тавуш во имя Родины»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о развитии завода «Москвич»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Шнуров

Почему мужчины возвращаются к бывшим женам через 10-20 лет: мнение С.Шнурова и Д.Нагиева




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Звезды спорта. Кто они такие и почему их так называют?


Даниил Медведев

Даниил Медведев одолел 121-ю ракетку мира Меджедовича и вышел в 1/8 финала Рима



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Самолет Трампа столкнулся с другим лайнером в аэропорту во Флориде



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России