Пас аз 30 сол... сокинони пешини Қарабоғ ба хонаҳои худ баргарданд? ВИДЕО
Баъди амалиёти низомии Озарбойҷон дар Қарабоғи куҳӣ дар моҳи гузашта, даҳҳо ҳазор сокини арманитабор аз он ҷо куч бастанд.
Баъди амалиёти низомии Озарбойҷон дар Қарабоғи куҳӣ дар моҳи гузашта, даҳҳо ҳазор сокини арманитабор аз он ҷо куч бастанд.
Баъди амалиёти низомии Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ даҳҳо ҳазор сокинони арманитабор аз он ҷо кӯч бастанд. Айни замон, дубора ба зери назорати Озарбойҷон гузаштани ин вилоят бархе аз сокинони пешини онро, ки се даҳсола пеш ин сарзаминро тарк карданд, барои бозгашт умедвор намудааст.
Дар пайи афзоиши эътирозҳо аз марги ғайринизомиён дар Фаластин, Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико рӯзи 29-уми октябр гуфт, Исроил уҳдадор аст, ҷони мардуми бегуноҳ дар навори Ғаззаро ҳифз кунад.
Армита Гарованди 17- соларо, ки зимни бархурд бо пулиси ахлоқи Эрон аз ҳуш рафта буд, дар оромгоҳи Биҳишти Зӯҳрои Теҳрон ба хок супурданд.
Шуморе аз сокинони вилояти Ҳирот мегӯянд, дар заминларзаи шаби шанбе бархе аз хонаҳое, ки бар асари заминларзаҳои қаблӣ қисман тахриб шуда буданд, комилан вайрон шудаанд.
Гурӯҳе аз хатмкардаҳои туркмани Донишгоҳҳои Русия ҳангоми бозгашт ба ватан аз фурӯдгоҳ рост ба хидмати ҳарбӣ бурда шудаанд. Ба гуфтани наздикони ин ҷавонон, ба онҳо ҳатто имкони дидор бо фарзандонашонро надоданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти як марди 68-сола бо гумони “бадахлоқӣ ва анҷоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ” хабар додааст.
Дар Парабозиҳои 4-уми осиёӣ, ки аз 20-ум то 28-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, 3100 варзишгари маълул аз 44 кишвар иштирок кард.
Шумори фавтидаҳо дар садамаи кони ангишти Қазоқистон ба 43 нафар расид. Ҷасади 3 нафари дигар ҳанӯз пайдо нашудааст.
Кумитаи тафтишотӣ дар Маскав барои саркашӣ аз хидмат дар артиш алайҳи зодаҳои Осиёи Марказӣ 22 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ин муҳоҷирон ҳама соҳиби шаҳрвандии Русия будаанд.
Сафири Туркия дар Тоҷикистон бастани мактабҳои туркӣ ва давлатӣ кардани онҳоро дар Тоҷикистон "кори дуруст" номид.
Сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт бастани мактабҳои туркӣ ва давлатӣ кардани онҳо дар Тоҷикистон кори дуруст буд. Ба таъкиди вай созмони “Фето”, ки соли 2016 дар кишвараш кӯшиши табаддулоти давлатӣ карда буд, аз даромади мактабҳои туркӣ дар хориҷӣ кишвар сармоягузорӣ мешуд.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости