Тими миллии Тоҷикистон бозиро бо Саудӣ мусовӣ кард
Тими миллии футболи Тоҷикистон бозии даври чаҳоруми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо дастаи меҳмон - Арабистони Саудӣ - бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.
Тими миллии футболи Тоҷикистон бозии даври чаҳоруми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо дастаи меҳмон - Арабистони Саудӣ - бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.
Додгоҳи шаҳри Маскав як зодаи Тоҷикистонро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Як зодаи Тоҷикистонро ба гумони терроризм дар Словакия дастгир кардаанд. Дар ин бора вазири корҳои дохилии Словакия Матуш Шутай-Эшток рӯзи 25-уми март хабар дод, аммо номи гумонбарро нагуфт.
Бо гузашти чаҳор рӯз хонаводаи Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарон дар ҳамлаи хунин дар канори шаҳри Маскав дар бораи фарзандашон бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбат кард. Бубинед, модараш чӣ мегӯяд.
Саидакрам Раҷабализода, яке аз муттаҳамон ба ҳамла дар Крокус кист ва кай ба Русия рафт. Радиои Озодӣ бо ҳамсари ӯ сӯҳбат кард.
Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 25-уми март гуфт, ҳамлаи террористии хунин дар канори Маскав кори дасти ифротгароёни исломӣ буд.
Нашрияи туркии "Ҳуррият" аз қавли манбаъҳояш дар сохторҳои амниятии Туркия навишт, ки камаш ду гумонбари ҳамла ба “Крокус”-и Маскав чанд ҳафта дар Истанбул буданд, вале эҳтимоли ба ақидаҳои ифротӣ гаравидани онҳо камтар аст.
Саидакрам Раҷабализода (Муродалӣ), яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, ки ҳангоми боздошт як гӯшашро буридаанд, аз шаҳри Ваҳдат будааст.
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар маросими оғози сохтмони неругоҳҳои нав иштирок кард.
Дар шаҳри Қаршии Узбекистон навзодеро зери пиллаҳои беморхона гузоштаанд.
Даҳҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шикоят доранд, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав ба зӯроварӣ, муносибати душманона ва ронда шудан аз кор рӯбарӯ гаштаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, сокинони Русия талош мекунанд, дар ҳар ҳолати мумкин бадбинии худро ба онҳо нишон диҳанд.
Модари Муҳаммадсобир Файзов, дар гузашта сартарош ва ҳоло яке аз гумонбарон ба ҳамлаи маргбор дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, мегӯяд, ба иттиҳоми эълоншуда ба зидди писараш дар Русия бовар надорад.
Муҳокимаи президенти пешини ИМА Доналд Трамп, ки ҳоло номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми президентӣ аст, рӯзи 15 апрел сурат мегирад. Дар таърихи ИМА ин бори аввал аст, ки президенти пешинро ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҳамсари Азим Ройро дар пайгард эълом кардааст.
Азамат Аимбетов, корманди пулисро дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон ба ҳабси пешакӣ гирифтанд.
Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи халқии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми март дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. Ӯ 86 сол дошт.
Мақомоти Тоҷикистон пайвандони гумонбарони ҳамла ба маркази мусиқии "Крокус Сити Ҳолл"-ро дар наздикии Маскав ба бозпурсӣ бурдаанд.
Як нафари дигарро дар пайванд ба ҳамлаи хунин дар толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар канори Маскав дастгир кардаанд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (“Antalya Grand Slam 2024”), ки рӯзҳои 29-31-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Турсунтой Салимов, молики бозори "Мадина"-ро аз ҳабси пешакӣ озод кард.
Дар даҳлези бисёрошёнае дар ноҳияи Қарасуи Самарқанд, навзодони дугоникро пайдо кардаанд.
Кремл мумкин аст, феҳристи русиягиҳоеро тартиб диҳад, ки ба далели дидгоҳҳои сиёсиашон ба Қазоқистон омадаанд, менависад сомонаи Dala Inside.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус" ва боздошти камаш 7 зодаи Тоҷикистон, нигарониҳоро дар миёни муҳоҷирон ва пайвандони онҳо зиёд кардааст.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости