Аҳмадзода: Низоъ дар марз кори "баъзе гуруҳҳои ғаразнок" аст, аммо кадомҳо?
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, муноқишаҳои ахир дар марз бо Қирғизистонро кори "гурӯҳҳои ғаразнок" номид, аммо кӣ будани онҳоро шарҳ надод ва гуфт, "Тоҷикистон ягон ваҷаб заминашро ба касе намедиҳад". Аҳмадзода дар ин бора рӯзи 1-уми август дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд ибрози назар кард.