Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2019

Новости за 23.08.2019

Оғози сабқати наврасон барои Ҷоми Президент: ҷоиза аз 500 то 1000 доллар

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии X Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасони то 17-сола барои Ҷоми Президент баргузор гардид



Макрон гуфт, дар пайи наҷоти созиши ҳастаӣ бо Эрон аст

Ozodi.org 

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо мақсади наҷот додани созиши соли 2015, барои коҳиши барномаи ҳастаии Эрон, ҷаласаеро ба нақша гирифтааст. Маъмурияти Макрон рӯзи 23-юми август дар Париж тасдиқ кард, ки нишаст як рӯз пеш аз оғози саммити серӯзаи G7 дар шаҳри Биарриҷи Фаронса баргузор хоҳад шуд. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, изҳор дошт, ки Теҳрон омодааст пешниҳоди Фаронсаро оид ба наҷоти  созиши ҳастаӣ баррасӣ кунад. Ин муомила ба ивази сабук кардани таҳримҳо аз Теҳрон талаб мекунад, ки барномаи ҳастаиашро боздорад. Читать дальше...

Дастури Путин дар вокуниш ба озмоиши мушакии Амрико

Ozodi.org 

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар супориш додааст, ки дар ҷавоб ба санҷиши мушакии Амрико “чораҳои ҳамаҷониба бинанд”. Дар хабари Кремл омадаст, ин санҷиши мушакӣ пас аз пошхӯрии Паймони  “манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз” гузаронида мешавад, ки хавфи мусобиқаи таслиҳотии навро афзоиш додааст. Аз рӯи матни нишасти Путин бо аъзои Шӯрои Амнияти Русия, ки рӯзи 23-юми август баргузор шуд, президент гуфтааст, озмоиши мушакии Амрико танҳо 16 рӯз пас аз баромадан... Читать дальше...

Бонкҳои Узбекистон дар як рӯз 10 миллион доллар фурӯхтаанд

Ozodi.org 

Бонкҳои тиҷоратии Узбекистон дар рӯзи аввали дарёфти иҷозаи фурӯши доллари Амрико 9,6 миллион доллар фурӯхтанд. Дар ин бора палатаи савдо ва саноати он кишвар иттилоъ дод. Рӯзи 20-уми август Бонки марказии Узбекистон эълон кард, ки бонкҳои тиҷоратӣ тавассути нуқтаҳои мубодилаи асъор ҳақ доранд, асъори хориҷӣ ба фурӯш гузоранд. Бонки марказии Узбекистон ҳамчунин хабар дод, ки қурби сӯми миллӣ озод гузошта мешавад. Пештар аз ин Бонки марказии Узбекистон гуфта буд, динамикаи табодули қурби доллар... Читать дальше...

Беларус мехоҳад, аз Амрико нафт бихарад

Ozodi.org 

Беларус мехоҳад, имкониятҳои харидории нафти амрикоиро баррасӣ кунад ва ба ин тартиб, аз вобастаги нафти Русия раҳо шавад. Таваҷҷуҳи Минск ба нафти амрикоӣ баъди он пайдо шуд, ки Маскав талош дорад, ҳамгироӣ бо Беларусро дар доираи тарҳи Кишвари муттаҳидаи Русияву Беларус тақвият бахшад. Ширкати давлатии нафти Беларус, ки бо ширкати коркарди нафти "Белнефтехим" пайвандӣ дорад, Дэвид Ҷенкареллиро барои кумак кардан дар бардоштани таҳримҳои амрикоӣ аз Беларус киро кардааст. Бар асоси қарордод... Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 23-уми августи соли 2019

Ozodi.org 

Дар додгоҳи Русия муҳокмаи қатли духтари панҷсолаи тоҷик оғоз меёбад, мақомоти тоҷик ҷонибдори "лайк"-ҳои ватандӯстона будаанд, дар Тоҷикистон барои мардони "сабукпо" муҷозот пешбинӣ нашудааст ва матолиби дигар.

Додгоҳи Қазоқистон як занро, ки аз Сурия баргашта буд, зиндонӣ кард

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон 22 август сокини маҳаллӣ Акмарал Алмагамбетоваро, ки аз Сурия ба ватан баргардонида шуда буд, бо ҷурми таблиғи терроризм ва ангехтани бадбинии миллӣ 5 сол зиндонӣ кард. Алмагамбетоваи 32-сола дар доираи як амалиёти мақомоти махсуси Қазоқистон аз Сурия ба ватан баргардонида шуд ва ӯро ба ҷиноятҳое айбдор донистанд, ки соли 2014 анҷом додааст. Ба гуфтаи муфаттишон, ин сокини Оқтеппа моҳи августи соли 2013 тариқи Қирғизистон ба Туркия парвоз карда, аз онҷо ба Сурия рафтааст. Читать дальше...

Дар Узбекистон садҳо ангишткан коршиканӣ карданд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Узбекистон ҳудуди 200 ангишткани ширкати "Шаргункумир" рӯзҳои 14 ва 15 август ба нишони эътироз корпартоӣ карданд. Ба гуфтаи яке аз ангиштканон, шароити номусоиди корӣ ва амалҳои ғайриқонунии раҳбарияти ширкат онҳоро ба корпартоӣ водор кард. "14 август ҳамаи ангиштканон ба кӯча баромада, вохӯрӣ бо раҳбарияти ширкатро талаб карданд. Раҳбари ширкат Анвар Очилдиев ба назди корбарон омад, дар натиҷаи миёни ӯ ва эътирозгарон низоъ сар зад. Сипас кормандони пулис ва раиси ноҳия омаданд. Читать дальше...

Духтарони футболбози тоҷик ба Тошканд мераванд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби духтарони зери 15-солаи Тоҷикистон (U-15) дар қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 13-ум то 16-уми сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат меварзад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилоъи ин манбаъ, дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтаронаи Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон иштирок  мекунанд. Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2019 ҳамагӣ шаш бозӣ доир мегардад. Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Читать дальше...

Аробакаши ҷавон мегӯяд, ки аз сӯи як "тоҷири муштзӯр" латукӯб шуд

Ozodi.org 

Як ҷавони 25-солаи тоҷик, ки дар гузаргоҳи Фотеҳобод ба аробакашӣ машғул буд, мегӯяд, як тоҷири муштзӯр ӯро то беҳуш шудан латукӯб кард ва айни ҳол бо осеби мағзи сар дар шифохона бистарӣ аст. Назари ин тоҷир дар робита ба ин иддаои Боирҷони Ҳафиз маълум нест. Пулис мегӯяд ба таҳқиқ оғоз кардааст.

Оғози баррасии парвандаи қатли духтари панҷсолаи тоҷик дар Русия

Ozodi.org 

Имрӯз, 23-юми август Додгоҳи вилояти Маскав ба баррасии қазияи қатли ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки панҷсолаи тоҷик шурӯъ мекунад. Дар курсии айбдорӣ танҳо Александр Сёмин нишастааст. Сёмин аз рӯи чаҳор иттиҳом, аз ҷумла куштору таҷовузи кӯдак, озори ҷинсии ноболиғ ва амалҳои бадахлоқона, дар додгоҳ посух мегӯяд. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо рӯзи 23-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи гумонбари асосии қатли духтараш соати 14 ба вақти Маскав шуруъ мешавад. Саидов афзуд... Читать дальше...

Шӯрои Амният озмоиши мушаки нави Амрикоро баррасӣ кард

Ozodi.org 

Шӯрои Амнияти СММ бо даъвати Чин ва Русия дар робита ба озмоиши мушаки болдор дар ИМА ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард. Ба назари Чин ва Русия, ин амали Вашингтон ба амнияти байналмилалӣ хатар дорад. Иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии ИМА дар СММ Ҷонатан Коэн дар ҷаласа Русияро ба нақзи шартҳои созишномаи дуҷониба ва сохтани мушаке айбдор кард, ки мамнуъ буд. Коэн аз Москва даъват кард, ки ҳодисаи 8 август дар Северодвинскаро шарҳ диҳад. Ӯ ҳамчунин Чинро ба афзоиши иқтидори мушакӣ айбдор кард. Читать дальше...

Як ҳамсангари Отамбоев дар "гаравгонгирӣ" гумонбар мешавад

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 22 август вакили порлумони он кишвар Ирина Карамушкинаро ба ҳабси хонагӣ гирифт. Карамушкина - ҳамсангари президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев - дар "гаравгонгирӣ" гумонбар мешавад. Дар ин бора додситонии кулли Қирғизистон иттилоъ дод. Карамушкина пештар аз ин гуфта буд, ки ӯро аз шоҳид ба гумонбар табдил додаанд. Вай гуфт, ки ин амал "фурӯрезии комили қонун ва худсарии мақомот" аст. Рӯзҳои 7-8 август дар манзили Алмосбек Отамбоев дар деҳаи... Читать дальше...

Варзишгари узбек ба "ангехтани бадбинии қавмӣ" айбдор мешавад

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон нисбати варзишкор Нурсултон Рӯзибоев бо айби "ангехтани бадбинии нажодӣ, қавмӣ, миллӣ, динӣ ва ё минтақавӣ" парванда боз кард. Вазорат рӯзи 21 август хабар дод, ки Рӯзибоев дар мусобиқаи варзишии шаҳри Кара-Суу Қирғизистон рӯзи 18 август ширкат ва аз рақиби қирғизистониаш шикаст хӯрд. Баъдтар ин варзишкор дар саҳифаи Инстаграм навори таҳқиромезеро нашр кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки Рӯзиебоев айни ҳол дар Узбекистон аст ва тафтишот бар асоси Конвенсияи Минск пеш бурда мешавад. Читать дальше...


Музыкальные новости
Бато Багдаев

Дети из землячества Узбекистана в Улан-Удэ стали зрителями театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура





Rss.plus
Театр

Театр кукол «Ульгэр» выступил в райцентре Бурятии в День Пушкина - Россия, Культура, Дети




«PRO ОБМЕН»: Число мигрантов – покупателей квартир в Москве снизилось в три раза

Династия педагогов из Егорьевска стала лучшей на областном конкурсе

Подмосковный Комлесхоз пресек 79 нарушений пожарной безопасности

Благодаря акции МТС Банка реабилитационная помощь в России станет доступнее




"Озодӣ Онлайн": Фирори муҳоҷирон, хоб дар ҷангал ва Ҳаҷ бо парчами Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мадрасаву мактаб, дуди сиёҳу ҳавои олуда ва хонаи сӯхтаи муҳоҷирону бозори зери об мондаашон аз мавзӯъҳои имрӯз дар барномаи "Озодӣ Онлайн" аст. Дар камтар аз чаҳор дақиқа ин ҳамаро мегӯему нишон диҳем.

Мирзиёев ба муҳоҷирон иҷозат дод, қарзҳояшонро бо рубл баргардонанд

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо имзои як фармон ба муҳоҷирони кишвараш иҷозат дод, ки сар аз соли 2020 сӯмҳои қарз гирифтаи худро аз бонкҳои ватанӣ бо рубли русӣ пардохт кунанд. Дар ин бора Вазорати адлияи узбекистон 22 август хабар дод. Ҳамчунин аз соли 2020 ба муҳоҷирони кории Узбекистон, ки шароити зисти хуб надоранд, дар биноҳои баландошёна 3 462 хона қарз дода мешавад. Аҳолии Узбекистон 33 миллион нафар буда, 19 миллиони онҳо қобилияти корӣ доранд. Аз ин миён 5,6 миллионашон дар Русия кор мекунанд.

Сокинони Туркманбошӣ чанд рӯз аст, об надоранд

Ozodi.org 

Сокинони шаҳри Туркманбошии Туркманистон чандин рӯз мешавад, ки об надоранд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар низоми обу корези шаҳр нуқси техникӣ пеш омадааст. "Чандин рӯз мешавад, низоми обу корези шаҳри Туркманбошӣ хуб кор намекунад. Ин мушкил тақрибан аз замони таъсисёбии шаҳр вуҷуд дошт. Барои намуна, ба сокинони марказ ва минтақаҳои аҳолинишини атрофи шаҳр субҳ, соатҳои 9:30 ҳудуди 15 дақиқа об медоданд. Ҳоло ҳаминро ҳам намедиҳанд",-иттилоъ дод хабарнигор 22 август. Читать дальше...

Дар Узбекистон ниҳоди наве муҳтавои филмҳоро назорат мекунад

Ozodi.org 

Яке аз ҳадафҳои асосии Маркази ҷумҳуриявии иҷораи филмҳои Узбекистон пешгирӣ аз паҳншавии филмҳоест, ки хушунат, фаҳшо, иттилои носаҳеҳ дар бораи Узбекистон нашр мекунанд. Вазорати адлияи Узбекистон хабар дод, бо ин ҳадаф рӯзи 19 август Маркази ҷумҳуриявии иҷораи филмҳо таъсис шудааст. Ҳамакнун дар синамоҳои Узбекистон филмҳое нишон дода мешавад, ки аз сӯи ин марказ тасдиқ шудаанд.

Интиқоди Путин аз озмоиши мушаки нави Амрико

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия дар сафараш ба Финландия аз озмоиши мушаки болдори ИМА интиқод кард. Вай ҳамчунин дар ин сафар эътирозҳои сокинони Москваро барои интихоботи озод камаҳамият баҳо дод ва ҳамчунин гуфт, таркиши силоҳи атомӣ дар размоишгоҳи Северодвини Русия ба ҳамсояҳо хатар эҷод намекунад. Путин дар ин бора дар нишасти хабарии муштарак бо президенти Финландия Саулӣ Ниинистё рӯзи 21 август дар шаҳри Ҳелсинкӣ изҳори назар кард. Мулоқоти Путин бо Саулӣ ба равобити дуҷониба дар бахши тиҷорат... Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Концерт

Концерт в честь 90-летия Евгения Крылатова




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Не успели программисты сдать ГТО. Теперь УМО?

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Третий этап шахматного турнира завершился в Егорьевске


Андрей Рублёв

Рублёв в трёх сетах обыграл Маркоса Гирона и вышел в третий круг «Мастерса» в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России