Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2019

Новости за 08.08.2019

Отамбоев таслим шуд

Ozodi.org 

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, 8 август ва дар рӯзи дувуми амалиёти нерӯҳои амниятиву пулис боздошт шуд. Рӯзи аввали амалиёт ноком буд. Дар ҷараёни он як афсари амниятӣ кушта ва даҳҳо нафар захмӣ гардиданд.

HRW хост, Тоқаев мушкилоти марбут ба ҳуқуқи инсонро ҳал кунад

Ozodi.org 

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch гуфт, ки президенти нави Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бояд мушкили марбут ба ҳуқуқи инсонро ҳал кунад. Дар ин бора созмони мазкур ба президенти Қазоқистон нома фиристодааст. Дар номаи созмон, ки 6-кми август нашр шуд, омадааст, HRW аз мақомоти Қазоқистон мехоҳад, "барои ҳалли мушкилоти ҷамъшуда дар бахши ҳуқуқи инсон чораҷӯӣ кунанд". Созмон ба вижа аз Тоқаев хостааст, маҳдудиятҳои марбут ба эътирозҳои осоишта ва озодии баёну расонаҳоро бекор... Читать дальше...



Отамбоевро чӣ гуна боздошт карданд?

Ozodi.org 

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ видеои музокира бо президенти пешин Алмосбек Отамбоев ва боздошти ӯро ба даст овард. Дар он дидан мумкин аст, ки дар дохили хонаи Отамбоев чӣ гузаштааст. Видео бо забони қирғизист.

Гузоришҳо дар бораи боздошти Отамбоев

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 8 август ва дар рӯзи дувуми амалиёти нирӯҳои амниятиву пулис боздошт шудааст. Рӯзи аввали амалиёт ноком буд ва дар ҷараёни он як афсари амниятӣ кушта ва 52 нафар захмӣ шуданд.

Тобути чаҳор муҳоҷири тоҷик ба Душанбе расид

Ozodi.org 

Рӯзи 8-уми август тобути чаҳор муҳоҷири тоҷик, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Рязани Русия ба ҳалокат расиданд, ба Душанбе оварда шуд. Садамае рӯзи 6-уми август ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он 6 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як духтари 14-сола ҷон бохтанд.

Алмосбек Отамбоев боздошт шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 8 август ва дар рӯзи дувуми амалиёти нирӯҳои амниятиву пулис боздошт шудааст. Рӯзи аввали амалиёт ноком буд ва дар ҷараёни он як афсари амниятӣ кушта ва 52 нафар захмӣ шуданд. Президент Ҷеенбеков ва Отамбоев якдигарро масъули ин вазъ номиданд.

Партовҳои соҳили дарёи Варзоб

Ozodi.org 

Раёсати ободонию кабудизоркунии ноҳияи Варзоб, ки ягона ниҳоди интиқолдиҳандаи партовҳои ноҳия гуфта мешавад, аз набуди техникаи кофӣ нигаронӣ карда. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, чунин камбуд имкон намедиҳад, ки бо ҳамаи бӯстонсароҳои ин минтақаи сайёҳӣ барои кашонидани партовҳояшон, шартнома банданд.



Адвокатҳо таҳқиқи "шиканҷа шудан"-и ҳамкори худро талаб доранд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вакилони мудофеи тоҷик хостори таҳқиқи қазияи як ҳамкори худ шуданд, ки иддао дорад маъмурони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ӯро шиканҷа кардаанд. Ҳодиса моҳи апрели имсол рух додааст. Вале мақомот Абдулазиз Абдураҳмонзодаро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд.

Мулоқоти раҳбарони Украина ва Туркия дар бораи савдои озод

Ozodi.org 

Дар изҳороте дар вебсайти президенти Украина гуфта мешавад, ки Украина ва Туркия қарордоди тиҷорати озодро баррасӣ мекунанд. Аз рӯи ин қарордод савдои дуҷониба метавонад солона аз ду то ба 10 миллиард доллар афзуда шавад.  Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ин суханонро пас аз вохӯриаш бо президенти Украина Владимир Зеленский дар Анқара рӯзи 7-уми август изҳор доштааст. Зеленский гуфт: “Ҳаҷми савдои дуҷониба дар соли 2018 беш аз 4 миллиард доллар буд. Ман  бовар дорам, ки ин ҳадди тавони мо нест." Эрдуғон ёдрас кард... Читать дальше...

Гови болои бом барои Иди қурбон

Ozodi.org 

Чанд сол боз дар остонаи Иди қурбон сокинони шаҳри бандарии Карочӣ дар Покистон шоҳиди аз бом поён фаровардани гову буқаҳо мешаванд. Дар шаҳр барои парвариши чорво имконият нест, аммо як сокин ҷойи муносиберо барои ин кор пайдо кардааст.

Ахбори Озодӣ аз 8-уми августи соли 2019

Ozodi.org 

Як рӯз пас аз амалиёти нокоми боздошти собиқ Президенти Қирғизистон муқовимат идома дорад, вакили мудофиаи тоҷик агентии мубориза бо фасодро бо шиканҷа муттаҳам кардааст, мушкили партобҳои платикӣ дар Варзоб ва матолиби дигар.

Нерӯҳо дубора ба хонаи Алмосбек Отамбоев наздик мешаванд

Ozodi.org 

Рӯзи 8-уми август дубора шумораи зиёди нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ ба хонаи раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар Қой-Тош, канори шаҳри Бишкек наздик шудаанд. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз онҳо маъмурони пулисанд ва дар миёнашон вазири корҳои дохилӣ Кашкар Ҷунушалиев низ мушоҳида шудааст. Гутфа мешавад онҳо аз гази ашковар истифода мекунанд. Вале дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар ин бора ҳеч иттилоъ надодаанд. Манзили зисти Отамбоев ҳанӯз ҳам дар иҳотаи тарафдоронаш мебошад. Читать дальше...

Марям Навоз, духтари Навоз Шариф, боздошт шуд

Ozodi.org 

Бюрои миллии мубориза бо коррупсия дар Покистон рӯзи 8-уми август Марям Навоз, раҳбари мухолифон ва духтари нахуствазири пешини ин кишварро дастгир кард. Марям Навоз муовини раҳбари Ҳизби Лигаи мусалмонҳои Покистон аст. DawnNewsTV ба нақл аз манобеи Бюрои миллии зидди фасод гуфт, Марям Навозро ҳангоми дидор бо падараш Навоз Шариф дар зиндон боздошт кардаанд. Раъно Аббос, як намояндаи Ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот то ҳол далели боздошти Марям Навозро эълон накардаанд. Читать дальше...

Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон тазоҳуроти бемуҳлат эълон кард

Ozodi.org 

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар назди бинои "Медиа Форум", ки ба ӯ тааллуқ дорад ва телевизиони "Апрел" ҳам дар он ҷойгир аст, тазоҳуроти бидуни муҳлат эълон кард. Ӯ рӯзи 8-уми август гуфт, "даст ба тазоҳурот мезанем, то моро гӯсфанд наҳисобанд. Дирӯз талош карданд, боздошт кунанд. Мақомот самти худро тағйир медиҳанд. Дар он маҷмаа танҳо Отамбоев мусаллаҳ буд. Додситонии кул намедонад ё худро ба нодонӣ мезанад. Хонаи ман то қарори додгоҳ зери ҳимояти давлат аст ва қудратиҳо... Читать дальше...

Амалиёти боздошти Отамбоев як кушта ва беш аз 50 захмӣ ба ҷой гузошт. ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Як рӯз пас аз амалиёти нокоми боздошти раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки бо марги 1 нафар ва ҷароҳати 52 каси дигар анҷомид, президент Сооронбой Ҷеенбеков ва Отамбоев якдигарро масъули ин вазъи ногувор меноманд.

Дар Узбекистон кӯлҳоро ёдгориҳои табиии давлатӣ эълом мекунанд

Ozodi.org 

Ҳукумати вилояти Тошканди Узбекистон вазифадор карда шудааст, ки дар муддати як моҳ кӯли "Урунгач"-ро ба масоҳати 43 ҳектар дар боғи миллии Угам-Чатқол ёдгории давлатии гидрологии табиӣ эълом кунад. Дар ин бора дар тарҳи қарори девони вазирони Узбекистон дар бораи "Танзими истифодаи ҳудудҳои алоҳида ва иншооти боғи миллии Угам-Чатқол" гуфта шудааст. Дар қарор омадааст, ки ёдгории давлатии гидрологии табиии "Урунгач" дар ҳудуди хоҷагии ҷангали Бурчмулло ҷойгир буда, аз сӯи он идора мешавад ва анҷоми ҳама гуна фаъолиятҳое... Читать дальше...


Музыкальные новости
Бато Багдаев

Театр кукол «Ульгэр» выступил в райцентре Бурятии в День Пушкина - Россия, Культура, Дети





Rss.plus
РПЛ

В РПЛ сменился лидер турнирной таблицы




Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы

Девушка устроила пожар в ЖК «Люберецкий», очевидцы сняли мемное видео

Движение авто временно закроют на участке трассы М-8 «Холмогоры» с 14 по 17 мая

В Петербурге пройдет III ярмарка современного искусства «1703»




Forum 18: "Шамил Ҳакимов барои боварҳои диниаш муҳокима мешавад"

Ozodi.org 

Муҳокимаи як узви 68-солаи созмони «Шоҳидони Яҳво», ки фаъолияташ аз соли 2007 боз дар Тоҷикистон мамнуъст, рӯзи 20-уми август дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд идома мекунад. Шамил Ҳакимов ба «барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ» муттаҳам аст. Худи ӯ иттиҳомро рад мекунад.

Амалиёти нокоми боздошти Отамбоев як кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт

Ozodi.org 

Амалиёти нокоми боздошти Отамбоев як кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт.Нерӯҳои Қирғизистон субҳи 8 уми август баъд аз як кӯшиши нокоми боздошти президенти собиқ Алмосбок Отамбоев деҳаи Қой Тоши канори Бишкекро тарк намуданд.

Занони футболбози тоҷик барои коромӯзӣ ба Вашингтон рафтанд

Ozodi.org 

Бозигарони дастаи мунтахаби миллии занонаи футболи Тоҷикистон дар доираи барномаи таълимии муштариёни варзишӣ барои коромӯзӣ дар пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – шаҳри Вашингтон – қарор доранд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, ҳайати вакилони мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон бо даъвати ҳукумати ИМА рӯзи 6-уми август ба Вашингтон омадааст. Сардори шуъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилором Нусратуллоева гуфтааст,... Читать дальше...

Заминларза Тоҷикистонро такон дод

Ozodi.org 

Субҳи рӯзи панҷшанбеи 8-уми август заминларза Тоҷикистонро такон дод.  Зилзила соати 5:46 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод. Дар Душанбе замин ба муддати тақрибан 20-25 сония ларзид ва сокинони дигар маҳаллаҳои Тоҷикистон низ шиддати зилзиларо ҳис карданд. Ба гуфтаи Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази он минтақаи Фархори вилояти Тахор воқеъ дар шимоли Афғонистон мебошад. Қувваи зилзила дар маркази он 5,8 балл будааст. То ба ҳол дар мавриди хисороти ин заминҷунбӣ маълумоте ба даст нарасидааст. ... Читать дальше...

Зеленский аз Путин хост, ба ҷудоихоҳони Донбасс "фишор" орад

Ozodi.org 

Президенти Украина Владимир Зеленский ба ҳамтои русаш Владимир Путин занг зада, аз ӯ хостааст, ба ҷудоихоҳони Донбасс таъсир расонад. Дар ин бора худи Зеленский 7-уми август пас аз як ҷаласа бо фармондеҳи артиши Украина хабар дод. Ин ҷаласаи изтирорӣ пас аз ташаннуҷи авзоъ дар марзи Украина баргузор шуда, аз тири ҷудоихоҳон чаҳор низомии Украина ҷон бохтаанд. "Субҳ бо Путин суҳбат кардам ва гуфтам, ки қатли низомиён моро ба сулҳ наздик намесозад. Ман хоҳиш кардам, ки ба он тараф таъсир расонад... Читать дальше...

Муҳоҷирони заҳролудшудаи узбек ҳанӯз ҳам бистариянд

Ozodi.org 

Раёсати тандурустии вилояти Самараи Русия мегӯяд, ҳудуди 60 шаҳрванди Узбекистон, ки 17-уми июли соли равон заҳролуд шуда буданд, ҳанӯз ҳам дар беморхона қарор доранд. "57 шаҳрванди Узбекистон дар бемористонҳои вилоят бистарӣ буда, 12 тани дигар ҷавоб дода шуданд",-иттилоъ додааст РИА Новостӣ бо истинод ба намояндаи Раёсати тандурустии Самара. Ёдрас мешавем, 17-уми июли соли равон дар вилояти Самара 69 шаҳрванди Узбекистон бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз "маводи номаълум" ба беморхона интиқол дода шуданд. Читать дальше...



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

Дети из Узбекского землячества Бурятии увидели театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро


Новак Джокович

Первая ракета мира Джокович получил бутылкой по голове после матча в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Минск

Лукашенко надеется на восстановление транспортных маршрутов с Израилем



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России