Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2019

Новости за 03.08.2019

Ояндасоз

Ozodi.org 

Гуфтори вижаи Радиои Озодӣ аз ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон ва хориҷ аз он. Дар ин барнома таҳаввулоти ҷавонон аз дидгоҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳанги маданӣ тақдим мешавад



Боздошти Любов Собол, яке аз фаъолони мухолифон дар Маскав

Ozodi.org 

Пулиси Маскав дар остонаи баргузории тазоҳуроти рӯзи 3-юми август Любов Собол, яке аз намояндагони мухолифон дар Русияро дастгир кард. Собол ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо коррупсия ва номзади сабтиномнашуда дар интихоботи Маскав аст. Ӯ чанд муддат боз гуруснанишинӣ мекунад.  Боздошти Собол замоне сурат гирифт, ки ӯ ба таксӣ нишаста, бояд ба маҳалли баргузории эътирозҳо мерафт. Ӯ чанд дафъа аз маъмурони пулис пурсид, “бо чӣ асос дастгир мекунанд?” вале посух нагирифт. Бино ба хабари расонаҳои... Читать дальше...

Чин пешниҳодро барои пайвастан ба паймони нав напазируфт

Ozodi.org 

Чин пешниҳоди раиси ҷумҳури Амрикоро, ки дар як паймони маҳдудияти аслиҳа бо Вашингтону Маскав ҳамроҳ шавад, рад кардааст. Жонг Ҷун, сафири Чин дар Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 2-юми август гуфт, Пекин аз лағви паймони маҳдудияти мушакҳои миёнпарвоз байни Амрикову Русия мутаассуф аст ва пешниҳоди нави Доналд Трампро дар мавриди маҳдудияти силоҳ намепазирад. Паймони маҳдуд сохтани мушакҳои миёнбурд миёни Русия ва Амрико дар соли 1987 миёни раиси ҷумҳури вақти Амрико Роналд Рейган ва раҳбари Шӯравии собиқ Михаил Горбачев ба имзо расид. Читать дальше...

Расонаҳо як нақшаи Трампро то интихоботи 2020 маълум карданд

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба ҳамкорони худ гуфтааст, мехоҳад, то интихоботи ояндаи президентӣ дар моҳи ноябри соли 2020 тамоми сарбозони амрикоиро аз Афғонистон хориҷ кунад. Дар ин маврид расонаҳои амрикоӣ аз қавли манобеи худ дар мақомоти ин кишвар хабар доданд. Номи ин манобеъ зикр намешавад. Ҳамзамон бо ин, расонаҳои амрикоӣ аз қавли манобеи мухталиф навиштаанд, Вашингтон ҳозир аст, дар сурате ки Толибон барои хатми ҷанги 18-сола бо ҳукумати Кобул мустақим музокира кунанд, бахши... Читать дальше...

Видеои "шубҳаовар". Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар куҷост?

Ozodi.org 

Бо "гум" шудани раиси ҷумҳури Туркманистон аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва майдони иттилоотии он кишвар, ин суол беҷавоб мондааст, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар куҷост? Мақомоти Туркманистон мавзӯъро шарҳ намедиҳанд.



Қазияи Скрипал. Таҳримҳои нави Амрико зидди Русия

Ozodi.org 

Маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 2-юми август зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Амрико Русияро ба даст доштан дар заҳролудшавии Сергей Скрипал, ҷосуси дугона, муттаҳам кардааст. Скрипал соли 2018 бо духтараш Юлия дар Бритониё бо маводи заҳрии "Новичок" ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Скрипал ва духтараш дар вазъияти бисёри вазнин ба шифохона бурда шуда, аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурданд. Дар робита ба ин қазия Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 1-уми август фармонеро... Читать дальше...

11 август – рӯзи таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Имсол Иди Қурбон ё Азҳо дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11-уми август таҷлил хоҳад шуд. Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар ин бора рӯзи 3-юми август содир гардид. Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори шуъбаи фатвои Шӯрои уламо, ба Радиои Озодӣ гуфт, намози ид дар масҷидҳои ҷомеи кишвар соати 6:30 хонда мешавад. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чанд сол пеш ҳангоми таҳияи беш аз 500 номгӯи фарҳанги ғайримоддӣ Иди Қурбонро ба қатори ҷашнҳои нимфаъол дар кишвар шомил карда буд. Муаллифон гуфтанд, "қаламрави таҷлили Иди Қурбон чандон густарда нест". Читать дальше...

11 июл – рӯзи таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Иди имсолаи Қурбон ё Азҳо дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11-уми июл таҷлил хоҳад шуд. Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар ин бора рӯзи 3-юми август содир гардид. Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори шуъбаи фатвои Шӯрои уламо, ба Радиои Озодӣ гуфт, намози ид соати 6:30 дар масҷидҳои ҷомеи  кишвар хонда мешавад.

Ҳокими Самарқанд бо ҷурми порагирӣ 13 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Узбекистон рӯзи 2-юми август ҳокими пешини вилояти Самарқанд ва чанде аз ёрони ӯро ба ҳабс маҳкум кард. Тӯробҷон Ҷӯраев ба сӯистифода аз мансаб ва порагирӣ гунаҳкор шуд. Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҳокими пешини Самарқанд 13 сол ва муовинаш Уткир Абдуллоев 11 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Чанд ҳамкори собиқи онҳо аз 5 то 7 сол гирифтаанд. Мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуд ва ҷузъиёти бештари он дастрас нест.  Мақомот мегӯянд, Тӯробҷон Ҷӯраев ба ҳайси "раҳбари... Читать дальше...

"Тоҷик Эйр" зоиронро ба Макка бурд, аммо вазъаш беҳ нашуд

Ozodi.org 

Як ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” ба кашондани зоирони тоҷик ба Макка машғул аст, вале ин ширкат ҳанӯз дар вазъияти ногувор қарор дорад. Мақомот мегӯянд, бояд як бахши амволи ин ширкат фурӯхта шавад, то фаъолияташ дубора имконпазир шавад. Коршиносон мегӯянд, ширкат дар ҳоли муфлис шудан аст.

Ба занони Саудӣ ҳақ додаанд, ки бе мардон сафар кунанд

Ozodi.org 

Дар Арабистони Саудӣ ба занон ҳақ додаанд, ки аз ин ба баъд бидуни шавҳар ё падару бародари худ ба ҷое сафар кунанд. Қарор рӯзи дувуми август ба иҷро даромад. Пеш аз ин занони Саудӣ ҳақ надоштанд, ки танҳо ба ҷое бираванд ва ҳатто шиносномаи худро бигиранд. Ҳоло занони Саудӣ метавонанд барои сабти асноди издивоҷ, талоқ ва таваллуди тифл муроҷиат кунанд ва ба танҳоӣ онҳоро ба даст оваранд. Бархе дар Арабистони Саудӣ аз ин ислоҳот хуш истиқбол кардаанд, вале шумори дигари мухолифанд. Муна Абусулаймон... Читать дальше...

Парвандаи қатли Ҳувайдо дар додгоҳи Русия баҳс мешавад

Ozodi.org 

То чанд рӯзи дигар Додгоҳи вилояти Маскав ба баррасии парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки 5-солаи тоҷик оғоз хоҳад кард. Падари Ҳувайдо мегӯяд, аз додгоҳ талаб дорад, ки гумонбари қатли духтарашро ба ҳабси абад маҳкум кунад. Ҳодисаи қатли Ҳувайдо Тиллозода як сол қабл, рӯзи 22-юми июли соли 2018, рух дод. Мақомоти тафтишотии Русия парвандаи муттаҳами аслӣ дар ин қазия Александр Сёминро анҷом дода, ин ҳафта парвандаро ба Додгоҳи вилояти Маскав фиристодаанд. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо... Читать дальше...

Қарзу кумакҳои Чин ба Тоҷикистон. "Имконият" ё "иқдоми хатарзо"?

Ozodi.org 

Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба беш аз 2,9 миллиард доллари амрикоӣ расидааст. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 2-юми август гуфт, ҳудуди 48 фисади қарзи Тоҷикистон аз Чин аст. Ба ин тартиб, ба ҳисоби миёна, феълан ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз Чин 154 доллар қарздор аст.



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Булат Окуджава

Урганту не дали выступить на вечере памяти Окуджавы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«БЛИЦ», «БИТВА СТРАТЕГИЙ», «ДУАТЛОН» инсайд новых дисциплин в спортивном программировании

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса


Даниил Медведев

Даниил Медведев одолел 121-ю ракетку мира Меджедовича и вышел в 1/8 финала Рима



Новости Крыма на Sevpoisk.ru