Мақомот мегӯянд, 48 зани тоҷик дар зиндонҳои Ироқ "ҷабрдидаанд"
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки 48 зани зиндонии тоҷикро аз маҳбасҳои Ироқ ба кишвар биоранд. Дар ин бора Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи занон, рӯзи 1-уми август дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.
Қаблан додгоҳҳои Ироқ як гуруҳ аз занони тоҷикро бо гуноҳи ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ҳабси абад ва муддати тӯлонӣ маҳкум кардааст.
Марҳабо Олимӣ гуфт, "ҳоло Тоҷикистон талош дорад, то исбот кунад, ки онҳо ҷабрдида ҳастанд ва бояд ба ватан оварда шаванд. Онҳо аз паси шавҳари худ рафтаанд."
Ӯ дар ҷавоб ба суоли онки ин занонро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст, гуфт: "қазияаашон бар асоси қонун баррасӣ мешавад".
Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон даҳҳо кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба ватан оварда буданд. Вале онҳо мегӯянд, интиқоли занон аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон осон нест, чун байни ду кишвар созишномаи табодули зиндониён имзо нашудааст.
Ба иттилои расмӣ, беш аз сад зани дигари тоҷик дар зиндонҳои Русия ва Чину Туркия ҳастанд. Дар Русия 90 зани тоҷик бо ҷурмҳои гуногун, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва куштор, зиндонӣ будаанд.