11 июл – рӯзи таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон
Иди имсолаи Қурбон ё Азҳо дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11-уми июл таҷлил хоҳад шуд. Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар ин бора рӯзи 3-юми август содир гардид. Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори шуъбаи фатвои Шӯрои уламо, ба Радиои Озодӣ гуфт, намози ид соати 6:30 дар масҷидҳои ҷомеи кишвар хонда мешавад.