Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2019

250 ҳазор сомонӣ -- зиёни сӯхтор дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

0
250 ҳазор сомонӣ -- зиёни сӯхтор дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Мақомоти Идораи оташнишонӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳаҷми зарари ворида аз оташсӯзӣ дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар ҷамоати "Фрунзе"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро 250 ҳазор сомонӣ гуфтаанд.

Сӯхтор дар ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рӯзи 14-уми июл сар зад.  Масъулони Вазорати умури дохилӣ дар шарҳи ҳодиса гуфта буданд, ки сӯхтор замоне сар зад, ки соҳибони ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар вақти гармии ҳаво мошини пур аз газро ба зарфҳо холӣ мекарданд.

Сироҷиддин Каримов, молики ин нуқтаи сӯзишворӣ душанбеи 5-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зарараш аз ин бештар аст, ки мақомот гуфтааст. "Мошин низ сӯхт, бушкаҳо сӯхтанд ва бино, вале касе зиёни моро пардохт намекунад".

Ин сӯхтор дар ҳоле сар зад, ки ҳам сокинон ва ҳам мақомот аз хатари нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки ғолибан дар наздикии маҳаллаҳои аҳолинишин ҷойгир ҳастанд, нигаронӣ мекунанд. Онҳо ба ин назаранд, ки ин нуқтаҳо бояд дуртар аз маҳаллаҳои аҳолинишин сохта шаванд.

Дар навори ахир аз сӯхтор дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ дида мешуд, ки ҳодиса дар наздикии як маҳали аҳолинишин сурат гирифтааст. Муқим Самадзода, раиси ҷамоати деҳоти "Фрунзе" ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сӯхтор дар нуқтаи сӯзишворӣ ба хонаҳои мардум зараре ворид накард, вале ин эҳтимол вуҷуд дошт, ки фурӯшгоҳу хонаҳои мардумро ба коми худ барад.

Сулаймон Исозода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Хатлон гуфт, ки ҳудуди минтақа чандин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба аҳолӣ наздик аст, ки барои мардум хатар дорад. "Сохтмони онҳо ба салоҳияти ҳукуматҳои маҳал ва идораҳои замин аст, ки набояд наздик ба мардум сохта шавад",-афзуд вай.

Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон низ дар сӯҳбат гуфт, ки бояд ин нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз маҳаллаҳои аҳолинишин дур бошад. "Бояд таҳқиқ кунем, ки то куҷо ба аҳолӣ наздик ҳастанд, дар нақшагирӣ инро дида мебароем, бояд нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз рӯи қоида сохта шаванд".

Дар гузашта низ дар Хатлон чанд ҳолати сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шуда буд, ки дар натиҷа ба хонаҳои мардум зарар ворид карда, чанд нафар ҳам осеб дида буданд. Бар асари як чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бустонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Малихон Малахови 35-сола фавтида ва 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон ҷароҳат бардоштаанд. 

Он замон идораи оташнишонӣ ва дигар мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯяд, ки пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

В исторических парках покажут любимые мультфильмы от СТС Kids ко Дню защиты детей


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

«Петя и Волк»: премьера спектакля Игоря Бутмана и Константина Хабенского на Moscow Jazz Festival




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников


ATP

Российский теннисист Сафиуллин опустился на две позиции в рейтинге ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Сергей Собянин: На юге Москвы в этом году благоустроят четыре зеленые зоны



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России