Амалиёти боздошти Отамбоев як кушта ва беш аз 50 захмӣ ба ҷой гузошт. ВИДЕО, АКС
Як рӯз пас аз амалиёти нокоми боздошти раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки бо марги 1 нафар ва ҷароҳати 52 каси дигар анҷомид, президент Сооронбой Ҷеенбеков ва Отамбоев якдигарро масъули ин вазъи ногувор меноманд.