Дар Самарқанд наздикони бемор табибро латтукӯб карданд
Табиби беморхонаи ноҳияи Қушрободи вилояти Самарқанд Отабек Сирлибоеви 24-соларо наздикони як бемор латтукӯб карданд. Ҳодиса 7 август дар беморхонаи Қушробод рух дода, табиб дар ҳолати вазнин бистарӣ шудааст.
"Ду мард бемореро оварданд. Ман дар интиқоли бемор ба онҳо кумак кардам. Яке аз онҳо дар бораи табибон бадгӯӣ кард ва ман аз ӯ хостам, ки табибонро дашном надиҳад, онҳо ба беморон кумак мекунанд. Вале дар посух ӯ маро низ дашном дода, латтӯб кард. Ҳар дуяшон маро зери мушту лагад қарор доданд",-изҳор дошт Сирлибоев.
Як корманди пулиси Қушробод бо тасдиқи хабари латтукӯби табиб гуфт, тафтиши ҳодиса оғоз шудааст.
Вале ба гуфтаи Сирлибоев, муроҷиати онҳо ба пулис то ҳол натиҷае надодааст. "Аз замони латтукӯби ман се рӯз гузаштааст. Кормандони пулис парвое надоранд. Латтукӯбкунандагон низ дар озодӣ ҳастанд", - афзуд табиби қушрободӣ.
Бино ба омори Вазорати тандурустии Узбекистон, тайи солҳои 2017-2018 ҷамъан 300 табиб аз сӯи наздикони беморон латтукӯб шудаанд.