Ҷамъоварии нону равған ва биринҷ барои мизбонии президент дар Кӯҳистони Мастчоҳ?
Чандин сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯянд, мақомот аз онҳо талаб кардаанд, барои мизбонии меҳмононе, ки сафари раиси ҷумҳур ба ноҳияро омода мекунанд, гӯшту биринҷу нон ҷамъ биёранд. Мақомоти ноҳия иддаоҳо дар ин бораро рад карданд ва гуфтанд, ки аз ҳеҷ кас чунин талабе накардаанд.