Аробакаши ҷавон мегӯяд, ки аз сӯи як "тоҷири муштзӯр" латукӯб шуд
Як ҷавони 25-солаи тоҷик, ки дар гузаргоҳи Фотеҳобод ба аробакашӣ машғул буд, мегӯяд, як тоҷири муштзӯр ӯро то беҳуш шудан латукӯб кард ва айни ҳол бо осеби мағзи сар дар шифохона бистарӣ аст. Назари ин тоҷир дар робита ба ин иддаои Боирҷони Ҳафиз маълум нест. Пулис мегӯяд ба таҳқиқ оғоз кардааст.