“Гуноҳи парандаҳо шуд”. Нишасти маҷбурии ҳавопаймои Санкт-Петербург-Хуҷанд
Сабаби нишасти маҷбурии ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии” дар фурудгоҳи Екатеринбург, ки рӯзи 30 август дар хатсайти Санкт-Петербург-Хуҷанд парвоз анҷом медод, бархӯрд бо паррандаҳо шуд. Дар ин бора ба оҷонсии ТАСС дар дафтари матбуоти додситонии нақлиётии минтақаи Урал хабар доданд. Дар изҳороти ин ниҳод гуфта шудааст, ки “ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Санкт-Петербург киштии ҳавоӣ дар ҳаво ба селаи паррандаҳо бархӯрд. Нишаст бо муваффақият анҷом дода шуд, ҳеҷ кас осеб надид. Дар дохили ҳавопаймо 193 мусофир, аз ҷумла 22 кӯдак ва 4 узви экипаж ҳузур доштанд”, гуфт додситонии нақлиётӣ. Баъди он ки мушкил рафъ шуд, ҳавопаймо ба парвозаш идома дод.
Дар фурудгоҳи Пулково гуфтанд, ки ин ҳодиса ба нақшаи парвоз ҳеҷ таъсири манфӣ нагузошт ва ҳавопаймо ба роҳи худ идома дод.
Аз ин пеш хабаре пахш шуд, ки раҳбари экипаж тахмин задааст, ки шояд чархи ҳавопаймо дар натиҷаи бархӯрд бо парандаҳо осеб дидааст. Дар фурудгоҳ, ба гуфтаи мақомот, ҷасадҳои парандаҳо ошкор шудааст.