Кушторҳои номусӣ. Пок кардани бадномӣ ё нишонаи бераҳмӣ?
Коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ аз афзоиши бесобиқаи хушунати хонаводагӣ дар давраи хонашинӣ ё карантин бонги изтироб мезананд. Бино ба иттилои дабири кулли СММ, Антонио Гуттереш, дар баъзе аз кишварҳо шикояти занон ба хадамоти кумакрасон ду баробар афзудааст. Аммо дар Озарбойҷон то паҳншавии пандемия ҳам мавзӯи хушунати хонаводагӣ ва куштори занон дар пайи мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла “кушторҳои номусӣ” ҳассос ва доғ буд.