Помпео дигарбора гуфт, "вирус" аз озмоишгоҳи Чин берун омадааст
Майк Помпео, рӯзи 3-уми май ба телевизиони Эй Би Си дар Амрико гуфт: “Аломатҳои зиёде мавҷуданд, ки нишон медиҳанд, аз озмоишгоҳи Вуҳан берун омадааст.” Ӯ ба хуруҷи вирус ишора кард, ки охири соли гузашта дар Чин пайдо шуд ва бештар аз 247 ҳазор нафар, аз ҷумла 67 ҳазор нафарро дар Амрико кушт.
Ӯ дар ин мусоҳиба аз рӯзи 30-уми апрел хулоса дар бораи сунъӣ набудани вирусро зери суол бурд, аммо вақте хабарнигор гӯшзад, ки ин хулосаи ниҳодҳои иттилоотии Амрико аст, баргашт ва гуфт, бовар дорад, ки онҳо хато накардаанд. Майк Помпео ҳамчунин Чинро ба он муттаҳам кард, ки намегузорад, муфаттишони байналмилалӣ барои таҳқиқи озмоишгоҳҳояш ба он кишвар бираванд.
Нашрияи инглисизабони “Глобал Таймс” рӯзи 4-уми май дар вокуниш ба мусоҳибаи Помпео гуфт, ӯ “найранг” мекунад ва ҳеҷ мадраке надорад, ки нишон бидиҳад, вирус аз озмоишгоҳи Вуҳан берун омадааст. Нашрия навиштааст, агар Амрико далеле дорад, нишон бидиҳад.