Вуруд ба Бишкекро бе натиҷаи санҷиши COVID-19 манъ карданианд
Муовини шаҳрдори Бишкек Татяна Кузнетсова 4 май дар нишасти хабарӣ гуфт, эҳтимол аст, аз 11 май вуруд ба пойтахти Қирғизистон танҳо дар асоси натиҷаи озмоиши коронавирус иҷозат дода шавад.
"Шаҳрдорӣ имкони маҳдуд кардани вуруди одамон ва нақлиёт ба Бишкекро дар сурати аз 11 май бекор шудани вазъи фавқулода баррасӣ дорад. Барои даромадан ба пойтахт натиҷаи санҷиш муҳим аст", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин масъалаи пурзӯр кардани карантин ва ташкили постҳо дар минтақаҳои аҳолинишине баррасӣ мешавад, ки дар он ҷойҳо мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шудааст.
Дар Қирғизистон санҷиши пулакии коронавирус дар беморхонаҳои хусусӣ оғоз шудааст. Як озмоиш 2 ҳазор сом (ҳудуди 25 доллар) аст.
Дар Бишкек то 4 май 231 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки 70 нафари онҳо кормандони тиб ва 24 кас маъмурони ҳифзи ҳуқуқанд. Шумори умумии мубталоён дар Қирғизистон ба 830 расида, 575 кас шифо ёфта, 10 кас ҷон бохтаанд.