Беш аз 60 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Амрико ба Душанбе фиристоданд
Беш аз 60 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар миёни онҳо донишҷӯёни барномаҳои "Флекс" ва "Фулбрайт" низ ҳастанд, дар як парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ аз Амрико ба Душанбе фиристоданд. Манобеъ мегӯянд, ҳавопаймо рӯзи севуми май аз фурудгоҳи байналмилалии Даллас (Dulles International Airport) ҳаракат кард.
Ба қавли мусоҳибони мо, "ҳавопаймо бо ташаббус ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Амрико ва кӯшишҳои сафорати Тоҷикистон ташкил шуд. Аз мусофирон ҳаққи парвоз гирифта намешавад."
Вале, ба иттилои манобеъ, намояндагони сафорат аз мусофирон хостаанд, ки ҳангоми расидан ба Тоҷикистон ба ҳадди тавонашон ба суратҳисоби давлатӣ барои муқобила бо COVID-19 ва беморон маблағ гузаронанд.
То ҳол худи мусофирон дар ин бора ибрози назар накардаанд.
Пеш аз анҷоми парвоз сафорати Тоҷикистон дар Амрико тавассути шабакаҳо тоҷиконеро, ки ба сабаби коронавирус дар он кишвар дармонда буданд, дар бораи парвозаи чартерӣ ба Душанбе огоҳ кардааст.
Ин парвоз дар ҳоле анҷом мегирад, ки парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март инҷониб қатъ шудааст.