Писари Зайд Саидов хост, падари беморашро озод кунанд, хешовандони зиндониёни дигар низ
Хайрулло Саидов, писари зиндонии сиёсӣ Зайд Саидов мегӯяд, вазъи сиҳҳатии падараш дар зиндон бад шудааст, “нишонаҳои монанд коронавирусро” дорад ва аз мақомоти тоҷик хост, ки дар замони пандемияи коронавирус маҳбусони аз 60-сола болоро озод бикунанд.