Тирпарронӣ дар марзи Қирғизистону Узбекистон
Дар марзи ноҳияи Бодканди Қирғизистон бо ҷазирақаламрави Сухи Узбекистон барои чарогоҳ низоъ бархост, ки дар натиҷа марзбонони Қирғизистон ба ҳаво тир кушоданд. Ин ҳодиса рӯзи 1 май рух дода, аммо танҳо ҳоло расонаӣ шудааст.
Марзи байни Бодканд ва Сух муайян шудааст, аммо сокинони ҳар ду ҷониб аз ҳамдигар вобаста буда, набуди тартиби қатъии истифодаи чорогоҳҳо ва об мукаррар боиси сар задани низоъ мегардад.
Айни ҳол вазъ дар марз ба эътидол омадааст, гуфт як сокини ноҳияи Бодканди Қирғизистон.
"Сокинони деҳаи Лембурги Узбекистон дар чарогоҳҳои мо молбонӣ мекарданд. Марзбонони қирғиз аз онҳо хостанд, ки чарогоҳҳоро тарк кунанд, аммо онҳо нодида гирифтанд. Ба ҳамин хотир марзбонон ба ҳаво тир кушоданд", - гуфт сокини ноҳияи Бодканд.
Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ин ҳодисаро тасдиқ мекунад.
Марзи муштараки Қирғизистону Узбекистон 1379 километр тӯл дорад, ки аз ин наздики 5% муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.