Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2020

Каромат Шарифов ҳомии шинохтаи муҳоҷирони тоҷик даргузашт. ВИДЕО

0
Каромат Шарифов ҳомии шинохтаи муҳоҷирони тоҷик даргузашт. ВИДЕО

Каромат Шарифов, ҳомии ҳуқуқи маъруф дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар синни 57-солагӣ даргузашт. Наздиконаш мегӯянд, ӯ вақтҳои ахир аз бемории қалб ранҷ мебурд ва субҳи 9-уми май дилаш аз тапидан монд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Шарифов дар шаҳри Ваҳдат аз олам гузашта, ҷанозаашро барои дафн ба зодгоҳаш ноҳияи Файзобод бурданд. Дар назар аст, ки маросими видоъ бо ӯ пеш аз зуҳри имрӯз баргузор шавад. 

Каромат Шарифов як рӯз қабл дар суҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, дар шаҳри Тулаи Русия заминашро фурӯхтааст ва мехоҳад, бо як миллион рубл ба камбизоатон дар Тоҷикистон ва муҳоҷирон кӯмак расонад.

Мирзонабии Холиқзод, шоми 8-уми май бо Каромат Шарифов гуфтугӯи телефонӣ дошт ва ӯ дар сӯҳбат гуфт, сиҳатиаш хуб аст ва шикояте аз он надорад. Ӯ афзуд: “Ман дар Тула як порча заминамро фурӯхтам ва як миллион рубли онро ба камбизоатҳо дар Тоҷикистон ва муҳоҷирон дар вилояти Маскав тақсим мекунам. Дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл ба 300 хонаводаи нодор дар қуттиҳои 10 килоӣ равғану шакар ёрӣ мерасонам. Хусусан дар як хобгоҳ дар Душанбе занону модарони камбизоат ба сар мебаранд, аввал ба онҳо ёрӣ мерасонам. Сипас ба муҳоҷириони корӣ, ки дар ҳамин шабу рӯз дар карантин ба сар мебаранд ва ҷои кору маошу даромад надоранд."

Аммо чанд соат баъд ба шумораи хабарнигори Радиои Озодӣ занг заданд ва бо гиря аз марги ӯ хабар доданд.

Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз ҳомиёни маъруф дар миёни муҳоҷирони тоҷик буд, ки ҳукумати Русияву Тоҷикистон ва бахусус корфармоёни русро зиёд танқид мекард.

Шарифов шаҳрвандии Русияро дошт, вале мақомоти рус моҳи декабри соли 2017 шаҳрвандии ӯро бекор ва худашро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта мешуд, ки сабаби ихроҷи Шарипов "аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия" аст. Аммо Каромат Шарипов то охир ихроҷаш аз Русияро кори як гуруҳи ғаразнок медонист, ки фаъолиятҳои ӯ барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ба ин гурӯҳ зарба мезад.

Каромат Шарифов соли 1963 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, соли 1984 мактаби олии ҳарбии Симфереполро хатм кардааст. Баъди хатм то соли 2000 ҳамчун афсари неруҳои мусаллаҳи Русия дар ин кишвар хизмат кардааст. Соли 2007 Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия ташкил кард ва ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон машғул буд. Ӯ аз ҳомиёни ҳуқуқи ҷасуре ба ҳисоб мерафт, ки ошкоро аз сиёсатҳои Русия дар баробари муҳоҷирон интиқод мекард.





Губернаторы России
Москва

Собянин: 1 июня начнется фестиваль «Лето в Москве. Все на улицу!»





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» легально изготавливает армии и спецслужбы. 6 серия. СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Более трех миллионов человек посетили фестиваль «Москва на волне. Рыбная неделя»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Олег Лундстрем

«Борис Фрумкин – 80!»: Государственный камерный оркестр джазовой музыки имени Олега Лундстрема отпраздновал юбилей своего худрука большим концертом




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

МегаФон привёз спасателям и пожарным грузовик связи


Ролан Гаррос

Медведев пошутил о том, что часто проводит ночные матчи на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Симферополь

Литературно-музыкальный вечер «Песня как признание в любви»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России