Бародари Маҳмадсаид Убайдуллоев даргузашт
Нуриддин Маҳмудов бародари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси собиқи Маҷлиси миллии Тоҷикистонро, ки рӯзи 8-уми май даргузашт, шоми ҳамон рӯз дар Душанбе дафн кардаанд. Афроди наздик ба ин хонавода, рӯзи 8-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки Нуриддин Маҳмудов бар асари бемории “илтиҳоби шуш” дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе фавтидааст, вале табибон доир ба бемории ӯ чизе нагуфтаанд.
Айни замон пойтахти Тоҷикистон яке осебдидатарин шаҳри кишвар аз бемории СОVID-19 аст ва вазорати тандурустӣ гуфт, ки дар ин шаҳр то рӯзи ҷумъа 223 нафар гирифтори коронавируси нав шудаанд. Вазорат аз марги ду нафари дигар аз ин беморӣ хабар дод, вале маълум нест, ки Нуриддин Маҳмудов яке аз фавтидагон ҳаст, ё не. Азбаски бемории СОVID-19 шабеҳи бемории илтиҳоби шуш аст, бисёриҳо ба ин боваранд, ки вируси нав сабаби марги бародари сиёсатмадори шинохта шудааст.
Нуриддин Маҳмудов, ки 64 сол дошт, дар гузашта ширкати давлатии “Хӯрокворӣ”- ро раҳбарӣ кардааст ва мисли дигар аъзои хонавода ва хешовандони Маҳмадсаид Убайдуллоев дар матбуот зоҳир намешуд. Рӯзи 8-уми май Шамсиддин Ҷалолов, яке аз иқтисоддонҳои шинохтаи тоҷик ҳам, ки чанде пеш бо аломатҳои бемории “илтиҳоби шуш” бистарӣ шуд, даргузашт. Дар Тоҷикистон то кунун ба гуфтаи вазорати тандурустӣ 14 нафар бар асари сирояти бемории нави вогир фавтидаанд.