Теъдоди гирифторони COVID-19 аз 1100 нафар гузашт. Омори шифоёфтагонро ҳам нашр карданд. ВИДЕО
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар кишвар 211 нафари дигарро бо аломатҳои бемории СОVID-19 сабт кардааст ва теъдоди гирифторон ба коронавируси нав то рӯзи 15-уми май ба 1113 нафар расидааст.