Дар Қирғизистон занги охир 30 май онлайнӣ сурат мегирад
Муовини вазири маориф ва илми Қирғизистон Нодира Жусупбекова 15 май хабар дод, ки соли хониш дар ин кишвар 30 май ба поён мерасад.
Ба гуфтаи ӯ, ба иллати паҳн шудани коронавирус баргузории занги охир дар мактабҳои Қирғизистон имсол манъ шуда, он онлайнӣ сурат мегирад.
Ҳамчунин имтиҳонҳои гузариш манъ шуда, хонандагон бар асоси баҳоҳое аз як синф ба синфи дигар мегузаранд, ки давоми сол касб карда буданд.
Мақомоти маорифи Қирғизистон мегӯянд, имтиҳони умумиҷумҳуриявӣ барои хатмкунандаҳо аз 21 июн дар 180 маркази тестӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор мешавад.
Дар Қирғизистон то 15 май 1111 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шуда, 745 кас шифо ёфтанд ва 14 бемор фавтиданд.