Интиқоди Тошканд аз шарҳи намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия
Раиси Маркази "стратегияи рушд"-и Узбекистон Элдор Туляков шарҳи намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар бораи лоиҳаи қонуни коргузорӣ бо забони давлатӣ (узбекӣ) дар кишварашро дахолат ба умури дохилӣ номид.
"Дахолати масъули ниҳоди умури хориҷии як кишвар ба ин мавзуъ хилофи ахлоқи ҳам сиёсӣ ва ҳам дипломатӣ аст. Қабули қонун кори дохилии кишварҳост. Узбекистон ҳақ дорад сиёсати дохилии худро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ мустақилона муайян кунад", - навиштааст Элдор Туляков дар Facebook.
Ёдрас мешавем, Мария Захарова рӯзи 14-уми май дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ҷонибдорони лоиҳаи қонуни ҷорӣ кардани коргузорӣ ба забони узбекӣ дар Узбекистон "ақалиятҳоянд".
Вазорати адлияи Узбекистон моҳи апрели соли равон лоиҳаи қонуни ворид кардани тағйирот ба банди 42-уми Кодекси маъмурии ин кишварро таҳия карда буд. Бар асоси тағйирот, мансабдорон барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи забони давлатӣ дар кори муассиса ва ниҳодҳои давлатӣ ҷарима хоҳанд шуд.