Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2020

Раиси ноҳияи Тоҷикобод баъд аз чанд рӯзи муолиҷа даргузашт

0
Раиси ноҳияи Тоҷикобод баъд аз чанд рӯзи муолиҷа даргузашт

Ҳамидулло Маҳмадшозода, раиси ноҳияи Тоҷикобод, шарқи Тоҷикистон, дар 50-солагӣ даргузашт. Мақомот расман сабаби маргашро эълон накарданд, вале афроди огоҳ мегӯянд, ӯ тақрибан даҳ рӯз инҷониб дар хона муолиҷа мегирифт ва субҳи чаҳоршанбе барои табобаташ аз маркази ноҳияи Рашт низ пизишкон даъват шуда буданд. Маҳмадшозода соли 2018 ба мансаби раиси ноҳияи Тоҷикобод таъйин шуд. 

Бахтиёр Шарифов, раиси бахши молияи ҳукумати Тоҷикобод, 20-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "Маҳмадшозода соате пеш вафот кард ва маросими дафнаш ҳамин рӯз баргузор мешавад". Ин мансабдори ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод дар бораи иллати марги Ҳамидулло Маҳмадшозода ҷузъиёт надод.

Мақомҳои дигари ноҳия низ то ҳол нагуфтаанд, ки раиси ноҳия чӣ беморӣ дошт. Вале чанде аз сокинони деҳаи Нушори Поёни ноҳияи Тоҷикобод гуфтанд, маъмурони милиса атрофи хонаи ӯро печондаанд ва касеро наздик шудан намемонанд. 

Як сокини деҳаи Нушори Поён гуфт, "ба мардум фаҳмонданд, ки ба маросими дафн наоянд. Маросим дар қабристон мегузаштааст ва танҳо хешовандони наздики раисро иҷозат додаанд, ки дар намози ҷаноза бошанд."

Дар ин шабу рӯз дар Тоҷикистон афродеро, ки аз илтиҳоби шуш ва бемории ҳамагир даргузаштаанд, зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дафн мекунанд. Ҳоло мақомот дар бораи иллатҳои марги раиси ноҳияи Тоҷикобод чизе нагуфтаанд.   

Ҳамсуҳбати мо афзуд, Ҳамидулло Маҳмадшозода даҳ рӯзи ахир аз беморӣ ранҷ мекашид ва дар манзилаш буд. Ба гуфтаи ин сокини ноҳияи Тоҷикобод, ӯ бештар нафастангӣ дошт ва барои табобаташ субҳи 20-уми май аз ноҳияи Рашт низ табибонро даъват карда буданд.  

Маҳмадшозода соли 1970 дар деҳаи Нушори Поёни ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шуда, дар оғози солҳои 90 корро дар Вазорати оби Тоҷикистон оғоз кардааст. Аз соли 2014 то соли 2018 сардори яке аз раёсатҳои Оҷонси беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон буд. Моҳи ноябри соли 2018 ба курсии раиси ноҳияи Тоҷикобод нишаст. 

Дар ду ҳафтаи ахир бар асари бемориҳои мухталиф чанд нафар аз афроди шинохта ва дар гузашта мақомдори тоҷик фавтиданд. Сабаби марги баъзе аз онҳо коронавирус ва ё илтиҳоби шуш ва иллати марги чанде дигар фишори баланду қанд ва сактаи қалб гуфта шудааст.

Ба иттилои расмӣ, дар ин давра чанде аз мансабдорон, аз ҷумла раиси Маҷлиси Намояндагон ва Додситони кулли Тоҷикистон аз бемории илтиҳоби шуш табоабт гирифта, ба хонаҳояшон баргаштаанд. 

Мақомоти Вазорати тандурустӣ мегӯянд, дар бемористонҳои саросари кишвар беш аз се ҳазор кас зери назорати пизишкон ҳастанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Оркестр

«Сурганова и Оркестр» приглашают на Летник на Флагшток




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Онлайн-лекторий «Иннагрика»: подкасты с учеными и экспертами об агротехе доступным языком

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Четырёх футболисток самарских "Крыльев" сняли с поезда за дебош


Сюзанн Ленглен

Последний танец Надаля и юбка Сюзанн Ленглен: 6 важных фактов о «Ролан Гаррос»-2024



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Онлайн-лекторий «Иннагрика»: подкасты с учеными и экспертами об агротехе доступным языком



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России