Вазорат гуфт, шумори гирифторони COVID-19 аз 2100 гузашт. Омори талафот бетағйир аст
Мақомоти тоҷик хабар доданд, ки дар шабонарӯзи гузашта дар кишвар боз 204 ҳолати нави гирифторӣ ба бемори COVID-19-ро сабт карданд. Ба ин тартиб шумори умумии сироятёфтагон ба коронавируси нав дар Тоҷикистон акнун ба 2140 нафар расид.
Мақомот мегӯянд, дар ду рӯзи ахир ягон нафар аз бемории COVID-19 вафот накардааст ва шумори умумии фавтидагон 41 нафар мебошад. Ҳарчанд бархеҳо ба оморҳои расмӣ шубҳа доранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам чандин нафар аз вафоти наздиконашон аз ин беморӣ хабар доданд.
Бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" беш аз 270 кас ҳисоб шудааст. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд. Аммо мақомот гуфтаанд, маълумоти дар руйхат буда, саҳеҳ нест.
Мақомоти Вазорати тандурустӣ гуфтанд, феълан 3532 нафар дар шифохонаҳои кишвар зери назорати пизишкон ҳастанд ва дар як рӯзи гузашта 595 нафар "пас аз шифо ёфтан", ба хонаҳояшон ҷавоб доданд. Ин ниҳод аз оғози эътирофи мавҷудияти коронавирус дар кишвар чунин оморро пахш мекунад, аммо то ҳол Вазорат посух надодааст, ки ин афрод бо нишонаҳои кадом беморӣ бистарӣ буданд ва сиҳат ёфтанд.
Чун ҳар дафъа мақомоти Тоҷикистон дар бораи шифо ёфтани садҳо нафар гузориш медиҳанд, вале на дар омори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва на Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар бораи шифо ёфтани касе гузориш нашудааст.