Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳукумати Исроилро "омоси саратон" номид
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон бо “омоси саратон” номидани ҳукумати Исроил аз фаластиниён хост, исён ба зидди ин кишварро идома бидиҳанд. Ӯ рӯзи 22-уми май ҳангоми суханронӣ дар Рӯзи Қудс аз таъмини Фаластиниён бо аслиҳа ситоиш кард ва гуфт, “мубориза барои озодии Фаластин вазифа ва ҷиҳод дар Ислом аст”.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ афзуд:”Режими саҳюнистӣ, як омоси саратон дар минтақа аст.” Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар гузашта ҳам ин ҳарфҳоро зиёд такрор кардааст, дар идомаи сухарониаш гуфт: “Имрӯз ҷаҳониён ҳар як қурбонии коронавирусро дар саросари ҷаҳон як ба як мешуморанд, аммо ҳеҷ касе намепурсад, ки масъули куштору зиндонӣ кардану нопадид шудани ҳазорон нафар дар Фаластин ва кишварҳое, ки Амрикову Аврупо дар онҳо ҷанг кардаанд, ки ҳаст.”
Баъди баёнияҳои Хоманаӣ, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, “ҳар касе, ки ба Исроил бо нобудӣ таҳдид мекунад, худро дар айни хатар мегузорад.” Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ҳам баёнияи Хоманаиро маҳкум карданд. Раҳбарони олии Эрон дар гузашта борҳо гуфтаанд, ки кишвари яҳудиён бояд аз Ховари Миёна бардошта шавад.