Вазорат гуфт, 187 нафар бемор шудаанд ва ду рӯз боз касе "нафавтидааст"
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон эълон кард, ки теъдоди мубталоёни СОVID-19 дар як шабонарӯзи гузашта 187 нафар зиёдтар шудааст. Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар рӯзи 23-уми май гуфт, дар умум то соати 19:30 ба вақти Душанбе дар кишвар 2738 мавриди сирояти бемориро сабт кардааст. Ба қавли вазорат ду рӯз боз аст, ки ҳеҷ талафоте аз коронавируси нав сабт накардаанд ва теъдоди фавтидагон ҳамон 44 нафар боқӣ мондааст.
Дар баёния ҳамчунин омадааст: “То имрӯз дар мамлакат 3028 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 479 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.” Дар маҷмӯъ ба гуфтаи вазорат, аз чанги ин беморӣ 1223 нафар халос шудаанд. Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, миқёси сироят ва талафот бузургтар аст.
Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба марги фарде дар ин ё он ҷо гузориш мерасад ва корбарон ҳам менависанд, ки сабаби марг “илтиҳоби шуш ва ё "коронавирус" будааст. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки тамоми чораҳоро барои муолиҷаи беморон ва пешгирӣ аз сирояти беморӣ меандешанд. Мақомоти Тоҷикистон бори аввал рӯзи 30-юми апрел гуфтанд, ки дар кишвар 15 мавриди сирояти коронавируси навро сабт кардаанд, ҳарчанд то ин рӯз доир ба марги чандин нафар аз бемории «илтиҳоби шуш» гузориш шуда буд.