Ду ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Дубай меовардааст
Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки барои бозгардонидани шаҳрвандони дармондаи кишвар дар Дубай, ду ҳавопаймо аз онҷо ба Душанбе парвоз мекунад. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай хабар дод, ки парвози махсуси Дубай-Душанбе рӯзи 29-уми май соати 15:00 сурат мегирад ва онро ширкати хусусии “Сомон Эйр” анҷом медиҳад. Билети ҳавопайморо дар Душанбе харидан мумкин аст.
Ширкати «Сомон Эйр», ш.Душанбе, к. Мастонгулов 40,
Call center: +992937777459; whatsapp+992908085666;
ҶСК «Агентии алоқаи ҳавоӣ» ш. Душанбе, к. Н.Мухаммад 5,
тел: +992372277571; моб: +992988071000;
ҶСК «Агентии алоқаи ҳавоӣ» ш. Хуҷанд, к. И. Сомонӣ 56,
Call center: +992927716460 (Aэрокасса), asiri_fta@mail.ru
Ба гуфтаи консулгарӣ, парвози дуввумро ширкати «Флай Дубай» рӯзи 31-уми май соати 11:00 анҷом медиҳад. Билетҳои ин парвозро онлайн аз вебсайт ва намояндагии ширкат дар Душанбе харидан мумкин будааст:
Намояндагии ширкати «Флай Дубай», ш.Душанбе, кӯчаи Беҳзод 1,
Call center: +992987530083
Консулгарии Тоҷикистон дар Дубай гуфтааст, аз мусофироне, ки ба Душанбе парвоз мекунанд, аз бемории СОVID-19 озмоиш мегиранд ва барои ҳамин онҳо бояд на камтар аз чаҳор соат пештар аз парвоз ба фурудгоҳ ҳозир шаванд.
Баъди бастани марзҳо барои ҷилавгирӣ аз сирояти коронавируси нав ба Тоҷикистон, парвозҳо дар моҳи март ба кишвар қатъ шуд ва садҳо нафар дар Дубай монданд. Гуруҳе аз онҳо дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пулашон тамом шудааст ва намедонанд, чӣ кор кунанд.
Рӯзи 23-уми 194 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Туркия дармонда буданд, тавассути ҳавопаймои ширкати Туркиш Эйр ба Душанбе баргаштанд. Айни замон садҳо нафар аз шаҳрвандони дигари Тоҷикистон дар Русия дармондаанд.