Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2020

Сӯхтор дар бозори Шаҳритус ба садҳо тоҷир зиён расондааст. ВИДЕО

0
Сӯхтор дар бозори Шаҳритус ба садҳо тоҷир зиён расондааст.  ВИДЕО

Мақомот дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон гуфтанд, ки сабаби асосии сӯхтор дар бозори марказии ноҳияро таҳқиқ доранд. Ҳодиса 24-уми май рух дод ва ба маълумоти ибтидоӣ ба 800 тоҷир зиён расондааст. 

Саймуддин Лоиқов, як масъули ҳукумати Шаҳритус, 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба эҳтимоли зиёд расиши ноқилҳо сабаби сӯхтор шудааст. Бо ин ҳол, мунтазири натиҷаҳои тафтишот мемонем."

Шоҳидон мегӯянд, ду мошини оташнишонии ноҳияи Шаҳритус натавонистанд, алангаи оташро хомӯш кунанд ва барои кумак мошинҳо аз ноҳияи Носири Хусрав ва Қубодиён даъват шудааст. 

Саймуддин Лоиқов гуфт, бештари дӯконҳо аз масолеҳи пластикӣ сохта шуда буд ва онҳо натавонистанд оташро зуд хомӯш кунанд. "Вале чанд хона ва бонку дорухонаҳои атрофи бозоро тавонистем аз чанги сӯхтор наҷот диҳем", - афзуд ӯ. 

Мақомот ба соҳибкорони зарардида ваъда додаанд, ки барои барқарор кардани корашон сабукӣ медиҳанд. Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус, рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, андозро камтар мекунанд ва масъалаи пардохти қарзҳои бонкии тоҷиронро баррасӣ менамоянд.

Раиси ноҳия афзуд, идораи Тоҷикматлубот ваъда додааст, дар муддати кӯтоҳ бозорро аз нав месозад.

Соҳибкорон мегӯянд, дар шароити ногувор мондааанд ва намедонанд, чӣ кор кунанд. Қурбоналӣ Қурбонов, тоҷири бозори марказии Шаҳритус, мегӯяд, ба ҷуз аз бору дӯконҳои бародаронаш, ки ба коми оташ рафтанд, худаш низ 100 ҳазор сомонӣ зарар дидааст. "Ба ҷаласа даъват карданд, вале рафта натавонистам. Ҳуҷҷатҳоро аз ҷойи ҳодиса мекобам, вале пайдо накардам. Ҳуҷҷате, ки ба мардум қарз дода будем. Ман зарари зиёд дидам, боз 5 дӯкони бародаронам сӯхт, намедонам, ки чӣ мешавад," - афзуд ӯ. 

Ноҳияи Шаҳритус ду бозори калон дорад. Яке бозори марказист, дувумӣ - "Ином". Чанд сол пеш моликони бозори "Ином" бар сари тақсими бозор бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баҳс доштанд. Аммо масъулини ноҳияи Шаҳритус гуфтанд, рӯзи 24-уми май на бозори "Ином", балки бозори марказии ноҳия сӯхтааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 5 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: фонд музея "Царицыно" собрал 61 тыс. произведений искусства



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Мариинка

Мариинский театр обзавелся четвертой сценой на 800 мест




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Больше всего работников с креативными идеями работает в ритейле и спорте

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан


WTA

Пресс-служба WTA мемом отреагировала на тяжёлую победу Свёнтек над Осакой



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

Man City star James McAtee lined up for dream Champions League transfer after Sheffield United relegation



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России