Баҳс бар сари коронавирус. Амрико рафтори Чинро ба ҳодисаи Чернобил ташбеҳ кард
Ҳамлаҳои лафзии мақомҳои давлати Амрико алайҳи амалкарди Чин ба хотири пайдоиш ва паҳншавии коронавируси нав идома дорад. Ахиран мушовири амнияти миллии Кохи Сафед гуфт, рафтори Чин дар қатори ҳамон амалкарди Шӯравӣ аст, ки ҳодисаи Чернобилро чанд муддат пинҳон карда буд.