Тоҷире, ки барои наҷоташ аз Маскав ба Хуҷанд ҳавопаймои кироя фиристоданд, даргузашт
Исломҷон Рустамов, молики яке аз ширкатҳои азими фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, дар бемористони "Склифосовский"-и шаҳри Маскав аз COVID-19 даргузаштааст.
Додохон Рустамов, писари Исломҷон Рустамов, рӯзи 25-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабарро тасдиқ кард.
Исломҷон Рустамов, муассис ва роҳбари ширкати “Газойл”, ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, аввал дар хона ва сипас дар шифохонае дар Хуҷанд муолиҷа мешуд.
Бино ба маълумоти дарёфтии Радиои Озодӣ, пас аз бад шудани вазъи саломатии ӯ нимаи моҳи май як ҳайати духтурони Ёрии таъҷилӣ бо ҳавопаймои кироя аз Маскав ба Хуҷанд омадааст. Онҳо Рустамовро барои табобат ба бемористони "Склифосовский"-и шаҳри Маскав интиқол доданд.
Дӯстони Рустамов мегӯянд, ҳавопаймо бо духтурон ва Ёрии таъҷилиро шарикони тиҷоратияш аз Маскав фиристоданд, аммо ӯро наҷот дода натавонистанд.
Ба гуфтаи наздикон, Исломҷон Рустамов рӯзи 24-уми май дар бемористони "Склифосовский" даргузашт ва, қарор аст, то рӯзи чоршанбе ҷасади ӯро ба шаҳри Хуҷанд биоранд.
“Газойл” яке аз ширкатҳои азими воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон буда, дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд шабакаи иборат аз 13 нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар ихтиёр дорад.