СОVID-19 дар як тарафи дунё кам, дар дигар тарафаш зиёд шудааст
Бозкушоии тадриҷӣ дар Амрикову Аврупо ва ҷойҳои дигар ва коҳиши маргу мир аз бемории COVID-19 дар баъзе манотиқ умедвориҳоро бештар кардааст, ки марҳилаи бадтарини пандемия пушти сар шудааст. Айни замон Амрикои Лотинӣ ҳоло ба маркази сирояти босуръати беморӣ ва афзоиши талафоту теъдоди беморон табдил ёфтааст.
Рӯзи 26-уми май теъдоди фавтидагон дар Амрико ба 100 000 нафар наздик шуд. Дар ин кишвар тамоми 50 иёлат маҳдудият дар фаъолияҳои иқтисодӣ ва гаштугузорро камтар карданд. Дар умум дар саросари ҷаҳон тақрибан 5.6 миллион нафар мавриди сирояти бемории COVID-19 сабт шудааст ва ин беморӣ ҷони 350 ҳазор нафарро гирифтааст. Дар Аврупо ва Осиёи Шарқӣ, ки беморӣ қаблан зиёд буд, тамоюли коҳиш ба назар мерасад, аммо дар Амрикои Лотинӣ рӯ ба афзоиш дорад.
Дар ин минтақа беморӣ ба 2 миллион 400 ҳазор нафар сироят кардааст ва 143 ҳазор нафар ҷон додаанд. Бразилия ҳоло аз назари теъдоди беморон баъд аз Амрико дар мақоми дуввум аст. Дар ин кишвар 391 000 нафар ба беморӣ гирифтор шудаанд ва бештар аз 24 500 нафар фавтидаанд. Хуруҷи беморӣ ҳамчунин дар Перу, Чили, Салвадор, Гватемала, Никарагуа ва Мексика суръат гирифтааст.