Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Май
2020

Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида соли 2021 дар Тайланд доир мегардад

0
Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида соли 2021 дар Тайланд доир мегардад

Раиси Шӯрои олимпии Осиё шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ас-Сабоҳ ноиби нави президенти ШОО-ро оид ба Ҳаракати олимпӣ дар Осиё муаррифӣ намуд ва санаи Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размиро, ки моҳи майи соли 2021 дар Тайланд баргузор мешавад, эълон кард. Дар ин бора сомонаи расмии Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, Шайх Аҳмад дар як нома ба аъзои Кумитаи иҷроияи ШОО ва 45 кумитаи миллии олимпӣ навиштааст, "ман бо хушнудӣ ба шумо иттилоъ медиҳам, ки тибқи муқаррароти Конститутсияи ШОО, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тайланд Дато Сери Чайяпак Сириват ноиби президенти ШОО аз шаҳри мизбони Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ таъйин шуд. Шӯрои олимпии Осиё сана ва барномаи варзишии Бозиҳои шашуми осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размиро, ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, эълон кард".

Дар мактуби мудири кулли ШОО Ҳусейн ал-Мусаллам ба Кумитаи миллии олимпии Тайланд санаи баргузории Бозиҳо аз 21-уми май то 30-юми майи соли 2021 зикр шудааст. Бозиҳо дар ду шаҳр - Бангкок ва Паттайя - баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 23-юми апрел ШОО ва Кумитаи миллии олимпии Тайланд маросими имзои қарордодро баргузор карданд.

Ҷаноби Ал-Мусаллам гуфт: «Мо хушнудем, ки санаро тасдиқ намоем. Мо дарк мекунем, ки соли 2021 аз сабаби санаи нави баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар Токио соли бошиддат аст, аммо мо тавонистем замони холиро дар тақвими варзиш дар ҳафтаи охирини моҳи май, ду моҳ пеш аз Бозиҳои олимпӣ, пайдо кунем. ”

Ба барномаи бозиҳо 28 намуди варзиш ва ду намуди намоишӣ дохил мешаванд: варзиши сабук дар дохили бино, билярд, боулинг, рақси варзишӣ, шоҳмот, футзал, роликтозӣ, кӯҳнавардӣ, шиноварии кӯтоҳ (25 м), бокси тайландӣ, ҷиу-ҷитсу, дучархаронӣ, ҳалқа такрау / сепак такрау, кураш, флорбол, нетбол, таэквондо, ҳоккейи дохили иншоот, каратэ, киберспорт, бадминтон, пенчак-силат, черлидинг, самбо, қайиқронӣ дар дохили иншоот, волейбол, баскетбол 3x3, гуштии анъанавӣ, кикбоксинг. Ду намуди намоишӣ: текбол, авиаспорт (варзиши ҳавоӣ, рақобати ҳавопаймои бе сарнишин).

Зимнан, Бангкок соли 2005 аввалин Бозиҳои осиёиро дар иншооти сарпӯшида ва соли 2009 Бозиҳои осиёии ҳунарҳои размиро (ҳар ду бозиҳо соли 2013 муттаҳид шуданд) мизбонӣ кардааст.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 16-ум то 27-уми сентябри соли 2017 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод - баргузор шуд, ҳамагӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 125 варзишгар дар 15 намуд ширкат кард. Намояндагони Тоҷикистон дар 9 намуд медал гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи сифати медалҳо дар ҷойи 17-ум ва аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар ҷойи 8-ум қарор гирифт.

Се медали тиллоро ба мунтахаби Тоҷикистон Миҷгона Самадова дар риштаи кикбоксинг миёни занон дар вазни то 60 кило, Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни то 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило оварданд.

Дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқобод варзишгарон дар таркиби 64 дастаи мунтахаб аз кишварҳои Осиё, Уқёнус, инчунин дастаи паноҳандагон зери парчами Шӯрои олимпии Осиё ширкат варзида, оид ба 21 намуди варзиш рақобат карданд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқобод бо пирӯзии мизбонон ба поён расид. Варзишгарони туркман, ки аз аввал то охири бозиҳо пешсафиро аз даст надоданд, дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби 245 медал (89 тилло, 70 нуқра ва 86 биринҷӣ) ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мақоми аввалро азони худ карданд.

Умуман, дар ин бозиҳо 36 даста бо медалҳои бозиҳо мукофотонида шуд. Варзишгарони 28 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

Третья Московская неделя моды: масштабное событие с участием дизайнеров из России и мира пройдет в октябре


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Башмет

В Красноярском крае завершился IV Музыкальный фестиваль под художественным руководством Юрия Башмета




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня


WTA

Касаткина опустилась на 13-ю строчку в рейтинге WTA, Рахимова поднялась на 18



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В исторических парках покажут любимые мультфильмы от СТС Kids ко Дню защиты детей



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России