Вазорати тандурустӣ гуфт, 139 нафари дигар бемор шуданд, талафот "нест"
Мақомоти Вазорати тандурустӣ гуфтанд, ки дар як шабонарӯзи гузашта 139 мавриди собитшудаи бемории COVID-19 – ро сабт кардаанд. Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 28-уми май омадааст, ки то имрӯз теъдоди гирифторон ба 3563 нафар расид, вале талафот бетағйир мондааст.
Ба қавли мақомот, коронавируси нав то кунун сабаби марги 47 нафар дар Тоҷикистон шудааст ва 1674 кас шифо ёфтаанд. Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, миқёси сирояти беморӣ ва талафот бузургтар аст.
Як вебсайти навтаъсисе, ки маълум нест, кӣ сохтааст, https://kvtj.info/ гузоришҳо доир ба маргу мир дар замони пандемия дар Тоҷикистонро ҷамъ меорад ва бар асоси ҳисобҳои он аз замони сирояти беморӣ дар кишвар то кунун бештар аз 300 нафар ҷон додаанд.
Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба марги фарде дар ин ё он ҷо гузориш мерасад ва корбарон ҳам менависанд, ки сабаби марг “илтиҳоби шуш ва ё "коронавирус" будааст. Мақомоти Тоҷикистон бори аввал рӯзи 30-юми апрел гуфтанд, ки дар кишвар 15 мавриди сирояти коронавируси навро сабт кардаанд, ҳарчанд то ин рӯз доир ба марги чандин нафар аз бемории «илтиҳоби шуш» гузориш шуда буд.