Сиёсатмадори солҳои 1990 Сайфиддин Тӯраев даргузашт
Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори саршиноси солҳои 1990-и Тоҷикистон, собиқ номзади раёсатҷумҳурӣ ва ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯзи 30 май дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан дар синни 75-солагӣ аз ҷаҳон гузашт.