Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2020

Пирӯзии ду муштзани тоҷик дар рақобатҳои бокси ҳирфаӣ дар Екатеринбург. САДО

0
Пирӯзии ду муштзани тоҷик дар рақобатҳои бокси ҳирфаӣ дар Екатеринбург. САДО

Ду муштзани тоҷик – Асрор Воҳидов ва Зафар Парпиев - дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ “RСС boxing Promotions”, ки 5-уми декабр дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир гардид, бар рақибони худ дастболо шуданд. Ҳарду дар мусобиқаи “Шоми бокс” ду кишвар - Русия ва Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.

Ин мусобиқаи охирини байналмилалиро дар соли 2020 RСС boxing Promotions ва Ширкати миси Русия («Русская медная компания») ташкил намуданд. Мусобиқа, ки аз ҳашт қувваозмоӣ иборат буд, бо ширкати муштзанҳо аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Украина доир гардид.

Асрор Воҳидов, муштзани 25-солаи тоҷик, дар вазни дувуми сабуктарин (56,2 кг), ки мебоист ҳашт раунд идома мекард, аллакай дар ибтидои раунди севум бар рақиби 18-солааш Данило Савченко аз Украина бо нокаут ғолиб омад.

Ин ҳаштумин пирӯзии Асрор Воҳидов дар бокси ҳирфаӣ мебошад. Ҳамин тариқ, ин муштзани маъруфи тоҷик дар ҳамаи рақобатҳояш ғолиб омада, шикастнопазир боқӣ монд.

Асрор Воҳидов баъди пирӯзӣ бар Данило Савченко гуфт, ки ин рақобат барояш начандон мураккаб, аммо омодагӣ ба он душвор буд. Ӯ афзуд, “ба ин сабқат чор моҳ омодагӣ гирифтем, ин аллакай омодагии сеюм буд, зеро пандемияи коронавирус рақобатҳои қаблиро лағв намуд. Бадтарин чиз он аст, ки шумо омодагӣ мебинед, аммо мусобиқа бекор карда мешавад.”

Данило Савченко, ки дар бокси ҳирфаӣ даҳ қувваозмоӣ анҷом додааст, дар чортоаш пирӯз шуда, шаштоашро бохтааст. “Ман медонистам, ки рақибам муштзани хубу ҷавон аст, аз ин рӯ нақшаи бо нокаут ғолиб шуданро надоштам, мехостам тамоми масофаро тай кунам, яъне ҳашт раунд мубориза барам, аммо ин каме дигар хел шуд. Данило варзишгари ҳақиқист, вай маро пас аз рақобат табрик кард, вақте ки рақиб бо эҳтиром муносибат мекунад, хеле хуб аст. Мехоҳам моҳи феврал барои камарбанд мубориза барам, умедворам, ки онро ташкил кардан имконпазир хоҳад буд», - иброз дошт Асрор Воҳидов.

Вай зодаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон аст. Қадаш - 1 метру 68 сантиметр, вазнаш – 56,2 кило. Асрор соли 2011 дар бокси ҳаваскорӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни то 48 кило байни наврасон даст ёфта буд. Ҳамон сол Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) Асрор Воҳидовро беҳтарин муштзани ҷавони ҷаҳон дар соли 2011 эълон кард. Инчунин ӯ дар риштаи кикбоксинг низ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон мушарраф шудааст.

Дар комёбиҳои вай саҳми устодаш Додобек Фатҳуллоев, ки мудири мактаби варзишии шумораи 2-и Исфара мебошад, бузург аст. Мураббии Асрор рӯзи 8-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шогирдаш барои иштирок дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ ду ҳафта пеш аз Исфара ба Санкт-Петербург ва баъдан аз онҷо ба Екатеринбург рафтааст.

“Асрор узви яке аз клубҳои варзишии Русия мебошад ва пеш аз ҳар як рақобат дар Санкт-Петербург тамрин мекунад. Бинобар ин дар мусобиқот ду кишвар – Русияву Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Аз он ифтихор мекунам, ки тавассути пирӯзиҳои шогирдам дар мусобиқоти байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта мешавад”, - гуфт Додобек Фатҳуллоев.

Муштзани дигар тоҷик Зафар Парпиев дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ дар Екатеринбург дар вазни аввали сабуктарин (54,2 кг) Турат Осмонови қирғизро дар раунди панҷум бо нокаут шикаст дод. Баъди зарбаи сахти Зафар ба ҷигари рақиб Осмонов ба зону нишаст ва дар муддати даҳ сонияи муқарраршуда натавонист боло шавад.

Ин нӯҳумин пирӯзии муштзани тоҷик дар бокси ҳирфаӣ ва дувумин ғалабааш бо нокаут ба шумор меравад. Ӯ аз 11 рақобат танҳо дар дутоаш мағлуб шудааст. Муштзани қирғиз, ки аз ин пеш дар ҳамаи чаҳор рақобаташ дастболо шуда буд, бори аввал ба шикаст рӯбарӯ гашт.

Зафар Парпиев пас аз ғалаба бар Турат Осмонов гуфт, “ҳангоми тамрин мо зарбаҳо ба ҷигарро меомӯхтем. Ва имрӯз ин ба ман пирӯзии бармаҳал овард. Ман як сол боз бокс намекардам, илова бар ин рақобати қаблиро бохта будам, бинобар ин мехостам имрӯз муборизаи дурахшон нишон диҳам. Ман Туратро пеш аз қувваозмоӣ мешинохтам, муошират мекардем, якдигарро дастгирӣ менамоем, дар аввал мо намехостем бо якдигар муштзанӣ кунем, аммо мубориза зарур буд. Мо бо ӯ тасмим гирифтем - бигзор қавитарин пирӯз шавад. Чунин шуд, ки ман ғалаба кардам. Аммо, албатта, мо ҳамчун дӯст боқӣ хоҳем монд ва ба ӯ дар оянда пирӯзиҳо орзу мекунам. "

Зафар Парпиев 3-юми сентябри соли 1988 дар Конибодом таваллуд шудааст. Аз сини 16-солагӣ ба бокс машғул аст. Қадаш – 1 метру 65 сантиметр.

«Падарам маро дар синни 16-солагӣ ба толори варзишӣ овард. Интихоб байни каратэ ва бокс буд. Ман боксро аз кӯдакӣ дӯст медоштам, аз ин рӯ, интихоб маълум буд”, - мегӯяд Зафар Парпиев.

Вале дар давраи аз соли 2011 то 2017 ӯ аз бокс дур шуда, таваққуф кардааст. “Пас аз хатми фаъолияти худ дар бокси ҳаваскорӣ ман хадамоти автомобилии худро кушодам, то пул кор кунам ва оилаамро сер намоям. Вале корҳоям пеш нарафт ва ман қарор додам, ки боз ба ринг баргардам. Ҳавасмандии ман оилаи ман, волидони ман аст. Ман хеле кӯшиш менамоям, намехоҳам онҳоро ноумед кунам», - гуфт ин муштзани тоҷик.

Зафар Парпиев таҷрибаи хуби бокси ҳаваскориро дорад. Дар тӯли се сол ӯ узви дастаи мунтахаби бокси Русия буд, ҷоизадори Ҷоми ҷаҳонӣ дар байни кишварҳои ихроҷкунандаи нафт, барандаи медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Русия, инчунин ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои гуногуни байналмилалист. Дар тӯли 6 сол ӯ дар дастаи мунтахаби Ханти-Мансийск шумораи аввал буд.

Аз соли 2017 дар мусобиқаҳои бокси ҳирфаӣ ширкат меварзад. Моҳи октябри соли 2018 ба унвони ғолиби IBF дар қораи Осиё мушарраф шудааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях





Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Алсу

Стали известны подробности развода Алсу




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан


Сюзанн Ленглен

Матч Котова и Вавринки перенесли на корт Сюзанн Ленглен



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» легально изготавливает армии и спецслужбы. 6 серия. СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России